logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

24 октябри соли ҷорӣ қалби рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Турдиалӣ Бойбобоев дар синни 82 – солагӣ аз тапидан монд. Исми ӯ дар саҳафоти таърихи журналистикаи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.  Т. Бойбобоев зиёда аз 50 соли ҳаёти босамари худро сарфи коғазу қалам намуд.

Нахустин навиштаҳояш ҳангоми дар факултаи таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории Ленинобод  (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) таҳсил карданаш дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» (акнун «Ҳақиқати Суғд») рӯйи чопро диданд. Аз лавҳаҳои равону одӣ сар карда, то очеркҳои мураккаби доманадор силсилаи симоҳои қаҳрамонони ҷабҳаи меҳнатро меофарид. Аз омӯзгорӣ дида ба журналистика шавқи бештар дошт. Ин буд, ки ҳини тақсимот аз ҳайати комиссия хоҳиш кард то ӯро ба Душанбе, ба идораи ягон рӯзнома ба кор фиристанд. Дили ҷавонро нашикастанд, ӯро барои кор на ба Душанбе, балки ба Қӯрғонтеппа (ҳоло шаҳри Бохтар) фиристоданд. Онҷо дар рӯзномаи «Ифтихори Вахш» ба кор оғоз кард.
Сипас, худи қаламаш муаррифгари ҳунараш гардид. Бо пешниҳоди адиб ва рӯзноманигори шинохта Мутеулло Наҷмиддинов ба рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») ва аз он ҷо бо дархости роҳбарияти «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба ин нашрия ба кор мегузарад. Дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» зиёда аз 20 сол, аввал ба сифати хабарнигор ва баъдан дар вазифаи мудири шуъбаи кишоварзӣ ифои вазифа намуд. Тақдири минбаъдаи ӯ бо маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» сахт марбут аст.
Дар ёди ҳамкасбон Т. Бойбобоев ҳамчун қаламкаши дорои ҷасорати касбӣ ва мавқеи хосси шаҳрвандӣ боқӣ мемонад. То охири умр ба касби худ содиқ буд. Ҳеҷ гоҳ ба воқеаҳои муҳими ҷомеа бетараф набуд. 
Турдиалӣ Бойбобоев дар нигоштани очерк маҳорати хосса дошт. Панҷоҳ очерки беҳтаринашро зери ҷилди як китоб гирди ҳам оварда буд.  Ҳар як очерк бозгӯ аз маҳорати хосси муаллиф мебошад. Қаҳрамонҳои очеркҳояш мардони майдони меҳнат буданд. «Мо онҳоро ҳамчун намуна барои дигарон нишон медодем», - овардааст муаллиф дар сарсухан  ба маҷмӯаи очеркҳояш. Ғайр аз очерк, ҳикоя ва ҳаҷвияҳои хубе низ иншо кардааст. Китобҳои «Қулла», «Теғи шифо» ва «Ангушти шашум» - ашро ихлосмандони эҷодаш ҳамчун намунаи хуби осори бадеӣ пазируфтаанд ва чакидаҳои хомааш дар 17 маҷмӯа инъикос гардидаанд.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2018    №: 214    Мутолиа карданд: 323
29.09.2020


ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН: ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

РАШТ. ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ САМАР МЕДИҲАНД

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ТАРАБХОНАИ «ФОРЕЛ»

ТОҶИКИСТОН. 87,4 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед