logo

иҷтимоиёт

ОИЛА. НИГОҲ ДОШТАНИ ОН ВАЗИФАИ ҲАМАИ МОСТ

Солҳои охир афзоиши бекоршавии ақди никоҳ боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Дар иртибот ба ин масъала, суҳбате доштем бо Мавлуда Файзуллозода, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Восеъ.

- Мувофиқи маълумотҳои оморӣ имсол аз 945 ақди никоҳи ба қайд гирифта шуда, 57- тои он бекор шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2 адад зиёд мебошад. Аз шумори зикршуда 17 ариза бо созиши якҷояи ҳамсарон ва 40 адад бо ҳалномаи суд бекор шудааст.
Сабабҳои асосии пош хӯрдани оилаҳо, пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ,  надоштани фарҳанги оиладорӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, дахолати падару модар ё хусуру хушдоман ба зиндагии ҷавонон мебошад. Ҳамчунин, истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ низ боиси рашки онҳо мегардад. Дигар омили ҷудошавии оилаҳо ин гирифтани шаҳрвандии давлатҳои хориҷӣ мебошад. Бо ҳам мувофиқ наомадани табиати хислати навхонадорон низ сабабгори парокандашавии оилаҳо мегардад.
Бо вуҷуди корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ, никоҳи хешовандони наздик ҳоло ҳам идома дорад. Фарзандони носолим ва маъюбе, ки ба дунё меоянд, маҳз аз никоҳи хешутабории наздик ба вуҷуд меоянд. Мувофиқи талаботи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бастани никоҳ байни хешовандони наздик, аз қабили фарзанди бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар, тағо ва ҷиян, амак, бародарзода, хола ва хоҳарзода қатъиян манъ аст.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам зикр шуд, ки ҳоло дар кишвар зиёда аз 13 ҳазор нафар кӯдаку маъюби то 18 - сола аз ҷониби давлат нигоҳубин мешаванд. Бештари онҳо маъюбони модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин, аз волидони нашъаманд ба дунё омадаанд.
Мо ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудем, ки боҷи давлатие, ки аз тарафи судҳо барои бекор кардани ақди никоҳ ситонда мешавад, хуб мешуд, ки аз тарафи шахси гунаҳгор, ки мехоҳад қасдан ақди никоҳро бекор кунад, ситонда шуда, маблағи онро на камтар аз 10 000 сомонӣ муқаррар намояд. Дар ин сурат бо боварӣ гуфта метавонем, ки бекоршавии ақди никоҳ бамаротиб коҳиш меёбад ва сатҳу сифати зиндагии мардум низ беҳтар мегардад.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2018    №: 214    Мутолиа карданд: 349
23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед