logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Устоди варизида, омӯзгори дараҷаи олӣ, инсони шарифу фозил Файзиддин Нуралиев агарчи  имрӯз миёни мо нест, аммо номи некаш ҳанӯз дар ёду хотираҳо зинда аст. Ӯро ҳамагон ҳамчун омӯзгори дар ҷодаи интихобнамудааш устувору  муваффақ дар хотир доранд. Файзиддин Нуралиевро на танҳо фаъолияти меҳнатӣ, балки рӯзгори хонаводагиаш низ барои ҳамагон намунаи ибрат асту метавон аз он пайравӣ намуд.
Дар баробари он, ки 8 фарзандашро ба камол расондаву соҳибмаълумот намудааст, дар саводнок кардан ва ба камол расондани садҳо шогирдон нақши созгор гузошт.
Ӯ баъди хатми мактаби 7 - сола барои идомаи таҳсил ба Душанбе  рафта, ба мактаб - интернати  № 10 дохил мешавад. Баъди хатми он таҳсилро дар факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) идома дод. Тибқи роҳхат ба мактаби миёнаи ба номи В. И. Ленини ноҳияи Данғара ба кор пазируфта шуд. Ҳамин тавр, фаъолияти меҳнатиаш дар ҷодаи омӯзгорӣ оғоз гардиду, тӯли фаъолияташ дар ин самт обрӯву эҳтироми зиёдро соҳиб шуд. Баъдан, ҳамчун муаллими кордон ба муассисаи таълимии № 4 ва сипас дар мактаби миёнаи  № 56 корашро идома дод.
Пешаи интихобнамудаашро дӯст медошт. Нисбат ба тақдири шогирдон ҳеҷ гоҳ беэътиноӣ наменамуд ва меҳнаташ дар ин самт ҳамеша босамар ҳам буд. Ҳоло шогирдонаш дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият доранд ва дар пешрафти кишвар саҳми назаррас мегузоранд.
Чун ҳамкасбонаш медонистанд, ки омӯзгори кордон аст ва дар боло бурдани сатҳи дониши хонандагон талошҳояш самар доранд, моҳи июни соли 1978 шуъбаи маориф ва устодони ноҳия ӯро вакили Анҷумани III - и  умумииттифоқии муаллимон дар шаҳри Москва интихоб намуданд ва ӯ дар ин анҷуман аз номи омӯзгорони ноҳия сухан ронд.
Хизматҳои Файзиддин Нуралиев бо ордени «Байрақи сурхи меҳнат» (1986), медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» (1976), ифтихорномаҳои Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (1966),  Вазорати маорифи ИҶШС (1971), Академияи илмҳои ИҶШС (1972), Вазорати маорифи Тоҷикистон (1962), нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1966) қадр гардидаанд. Соли 1996 унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» - ро мушарраф шуд.
Муродалӣ ҲОШИМОВ, Аълочии маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Бунафша МУРОДАЛИЕВА,
омӯзгори МТМУ № 60 - и ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2018    №: 215    Мутолиа карданд: 322
23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед