logo

Хабарҳо

МУБОРИЗА БО МУХАДДИРОТ. 170 килограмм маводи нашъаовар сӯзонда шуд

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 170 килограмм маводи мухаддир оташ зада шуд.
Ин навбат дар ҷараёни сӯзондани маводи нашъаовар, дар баробари роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар, вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд ва ҳайати ҳамроҳонаш, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доштанд, иштирок намуданд.
Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, зимни ташриф ба Агентии назорати маводи нашъаовар вобаста ба фаъолияти ин ниҳод, аз ҷумла шеваҳои мубориза ва пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, бозёфти маводи нашъаовар аз ҷониби сагҳои хизматӣ ва нобуд сохтани ин маводи марговар  шинос шуда, бо роҳбарияти агентӣ мулоқот кард.
Зимни мулоқоти Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти мубориза бо маводи нашъаовар баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо оид ба тавсеаи робитаҳо миёни Агентии назорати маводи мухаддир ва Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ изҳори ҳавасмандӣ намуда, таъкид карданд, ки ҷиҳати муборизаи муштарак бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тадбирҳои судманд меандешанд.
Сафаргул АЛИМОВА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 149

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед