logo

иқтисод

ШАҲРИ ВАҲДАТ. РУШДИ СОҲАҲОИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОӢ НАМУНАИ ИБРАТ АСТ

Шаҳри Ваҳдат тайи чанд соли охир, ба туфайли заҳмату ҷидду ҷаҳди сокинон ва роҳбарии дурусту ҳадафмандонаи сарваронаш, ободу зеботар шуда, биноҳои бисёрқабатаи истиқомативу маъмурӣ ба ҳусни шаҳр ҳусни нав зам мекунанд. Дар ҷамоатҳои деҳот ҳам созандагию ободгароӣ барои беҳбуд бахшидани зиндагии мардум идома доранд. Чуноне Холиқзода Давлат, муовини раиси шаҳр, иброз намуд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум диққати асосиро ба рушди воқеии соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона сохта, барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат корҳои зиёдро ба анҷом расонд.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҷамъи даромадҳои маҳаллӣ 80,4 миллион сомонӣ, ҷумҳуриявӣ 49,7 миллион сомонӣ ва дар маҷмӯъ, ҷамъи даромадҳо ба буҷет 130,1 миллион сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 4,2 миллион сомонӣ зиёд ва нисбат ба нақшаи пешбинишуда 35,2 миллион сомонӣ кам мебошад.
Бо вуҷуди таъсири шадиди буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва омилҳои манфии ба истеҳсолот таъсиркунанда дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар маҷмӯъ 211 миллиону 387 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 94 миллиону 115 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Корхонаю коргоҳҳои расман ҳисоботдиҳанда ба маблағи 168 миллиону 251 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки аз ҳамин давраи соли гузашта 90 миллиону 808 ҳазор сомонӣ бештар мебошад.
Бо мақсади ба низом даровардани бозори меҳнат дар доираи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ 1154 нафар шаҳрванд бо ҷойи кории доимӣ таъмин ва 330 нафар шаҳрванди бекор ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд. Аз ҳисоби маблағҳои шуғли аҳолӣ 150 нафар шаҳрванди бекор ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ сафарбар ва 1128 нафари дигар барои соҳиб шудани касб роҳнамоӣ шуданд.
Дар ҳама сохторҳои хоҷагидорӣ дар 17347 гектар кишти тирмоҳию баҳорӣ гузаронда, ба миқдори 29685 тонна ғалла, 14077 тонна картошка, 60787 тонна сабзавот, 11171 тонна мева, 5407 тонна ангур, 2692 тонна полизӣ, 1300 тонна зағир, 44 тонна пахта, 33214 тонна хӯроки чорво, 5742 тонна гӯшт (бо вазни зинда), 20,9 тонна гӯшти моҳӣ, 13859 тонна шир, 40 миллиону 593 ҳазор дона тухм, 125 тонна асал, 30 тонна пилла ва 55 тонна пашм истеҳсол намуданд. Дар кулли сохторҳои хоҷагидорӣ 80215 сар чорвои калон, 159424 сар моли майда, 664719 сар паранда, 1212 сар асп ва 15170 оилаи занбӯри асал парваришу нигоҳубин ёфт. Кишоварзон дар маҷмӯъ ба маблағи 465 миллиону 728 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки аз соли гузашта 20 миллиону 67 ҳазор сомонӣ бештар аст. Айни замон деҳқонон ба ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишти асосӣ, такрорӣ ва меваю ангур машғул буда, дар баробари ин, кишти тирамоҳӣ гузаронда истодаанд.
Дар ин давра сохтмончиёни шаҳр ба маблағи 134 миллиону 109 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро анҷом доданд, ки нисбат ба соли гузашта 38 миллиону 23 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳоло дар маркази шаҳр сохтмони 40 бинои миёнаошёна, бисёр-ошёна ва баландошёна аз тарафи соҳибкорон идома дошта, то Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 557 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешавад.
Барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард 964 ҳазору 470 сомонӣ корҳои таъмирию нигоҳдории роҳҳо анҷом ёфта, 972 километр роҳҳои нақлиёти автомобилӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Ҳамчунин, барои зимистонгузаронӣ 2350 метри мукааб омехтаи қуму  намак  захира гардид.
Бо мақсади ба танзим даровардани оила, кормандони соҳаи тандурустӣ дар байни аҳолӣ 175 маротиба вохӯрию мулоқот доир намуданд. Гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ боис гашт, ки шумораи умумии таваллуди кӯдак дар шаҳри Ваҳдат дар қиёс ба соли гузашта 4,9 фоиз зиёд ва таваллуд дар хона 0,2 фоиз коҳиш ёфтааст.
Бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи ҳисоботӣ 18 нафар маъюб бо аробачаҳои маъюбӣ, 4 нафар бо асобағал, 7 нафари дигар бо асо таъмин гардиданд. Дар арафаи ҷашнҳои тақвимӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои бесаробонмондаи афсарон ва сарбозони дар ҷангҳо фавтида, маъюбон, ятимон ва ятимони кулл ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ ёрӣ расонда шуд.
Дар нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Ваҳдат ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти иҷтимоии таъйиноти гуногун, аз ҷумла бунёди 20 бинои мактаб, як бинои литсейи касбомӯзӣ, 4 маркази омӯзиш ва таъмири технологияи компютерӣ, як маркази омӯзиши забони англисӣ, як маркази омӯзиши касби дӯзандагӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ, 145 синфхонаи иловагӣ, таъмири 40 бинои муассисаи таълимӣ, 4 китобхона, қасри фарҳанг  ва боғи фароғатию фарҳангӣ, як маркази саломатӣ ва ду беморхона, 53 бунгоҳи тиббӣ, 3 маркази ташхисию табобатӣ ва 4 бинои дорухона, 52 майдон ва 10 толори варзиш, 28 сартарошхона, 15 ҳаммом, 5 чойхона ва 6 ошхона ва амсоли инҳо шомил гардидаанд, ки рафти иҷрои онҳо таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
Ташаббуси  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи шаҳрвандон бо қаноатмандӣ пазируфта шуда, дар шоҳроҳи Ваҳдат – Ромит сохтмони 8 иншооти фароғатию истироҳатӣ, нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба истифода дода шуд.
Аз 29436 нафар сайёҳи ба шаҳр ташриф оварда 1372 нафар шаҳрванди хориҷӣ мебошад. Ба сайёҳон се меҳмонхона, 67 тарабхона ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ хизмат расонда, гардиши маблағи соҳаи сайёҳӣ аз ҳисоби хизматрасонӣ 1 миллиону 20 ҳазор сомониро ташкил дод.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри таъмини иҷрои нақшаву барномаҳо ва стратегияву консепсияҳои давлатӣ дар моҳҳои боқимонда тамоми воситаю имконият ва неруи инсониро ҷалбу сафарбар менамояд.
Муҳаммадзоиршоҳ ШАРИФЗОДА,
Убайдулло МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2018    №: 217    Мутолиа карданд: 55

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед