logo

иҷтимоиёт

БАҚАЙДГИРИИ АМВОЛИ ҒАЙРИМАНҚУЛ. НОФАҲМӢ БОИСИ ГУМОНҲОИ НОҶО МЕГАРДАД

Гоҳе шикоят мешавад, ки арзиши хидматрасониҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул баланд аст ё худ барои ҳама корафтодаҳо яксон нест. Мутасаддиён, баръакс, дуруст дарк накардани фарқияти хидматрасониҳоро аз ҷониби корафтодагон боиси пайдо шудани норозигӣ медонанд.
Таърихчаи корхона
Хизматрасониҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ба зиммаи Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” вогузор шудааст. Ин ниҳод 1 январи соли 2015 дар заминаи корхонаҳои “Марказзамин” ва Маркази бақайдгирии техникию истеҳсолӣ (МБТИ) дар назди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии  ҷумҳурӣ ташкил шуд. Дертар як қисмати салоҳиятҳои Вазорати адлия, аз ҷумла бақайдгирии гарав, ба уҳдаи ин корхонаи навтаъсис вогузор шуд. Ба ибораи дигар, шурӯъ аз ҳамин сол амалиёти бақайдгирии замин, яъне омодасозии парвандаи замин, додани сертификати ҳуқуқи истифодаи он, шаҳодатномаи техникӣ, бақайдгирии гарав ва ҳоказоро ин корхона иҷро мекунад. Корхонаи мазкур худмаблағгузор буда, кулли амалиёт дар асоси шартномаи тарафайн иҷро мешавад.

Гуноҳ аз кист?
Баъзан деҳқонон ва заминистифодабарандагони дигар аз он изҳори норизоӣ менамоянд, ки ҳангоми омодасозии парвандаҳои замин пардохтҳо гуногунанд. Ҷамшед Азизов, сокини ноҳияи Дӯстӣ, гуфт, ки ҳангоми ҳуҷҷатгузории қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ӯ маблағи зиёдтар ва аз нафари дигар барои масоҳати замини баробар маблағи камтар гирифтанд.
Нафарони норизо дар ин хусус мисли Ҷамшед Азизов зиёданд. Сайнуриддин Шарифзода, директори КФД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Панҷ, ин мушкилро аз ноогоҳии  мардум медонад. “Ҳаққи хизматрасонии корхона аз тарафи шаҳрванд тибқи шартнома пардохт карда мешавад. Он дар доираи феҳристи ягонаи нархгузорӣ, ки аз тарафи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо сохторҳои дигари давлатӣ таҳия шудааст, ҳисоб карда мешавад. Баъзан нофаҳмиҳое вобаста ба фарқияти маблағи хизматрасонӣ ба миён меоянд, ки ин аз ҳисоби ҷойгиршавии замин, масоҳати он ва миқдори кунҷҳои ҳисобшаванда мебошад. Ҳамчунин, қисме аз шаҳрвандон аз имтиёз бархӯрдоранд». Диловар Содиқзода, директори КФД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Шаҳритуз, иброз дошт, ки нархи хизматрасонии баъзе хоҷагиҳо ё заминҳои наздиҳавлигие, ки ба маркази ноҳияҳо наздиканд, арзонтар аст.
Ҳоло ба хотири таъмини шаффофият ва роҳ наёфтани амалҳои коррупсионӣ муроҷиаткунанда ҳуҷҷатҳоро ба шуъбаи қабул месупорад ва бо мутахассисони бақайдгиранда рӯ ба рӯ намешавад. Пас аз баррасӣ ва омода шудани ҳуҷҷатҳо шаҳрванд тариқи телефон огоҳ карда мешавад. Сипас, маблағи ҳаққи хизматрасонӣ ба шуъбаи Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” супурда мешавад. Тамоми кори мутахассисон, аз ҷумла бақайдгирандагон ва шуъбаи қабул, тариқи камераҳо назорат карда мешавад.

Саҳмдоронро фиреб кардаанд
Баъди  таҷдиди колхозу совхозҳо ва ба миён омадани хоҷагиҳои деҳқонӣ бисёри одамон  аз саҳм ва қитъаи замин маҳрум монданд, зеро аъзои ягон хоҷагии деҳқонӣ нестанд. Дар баъзе ноҳияҳо дар раванди таҷдиди колхозу совхозҳо мардум намедонанд, ки чӣ гуна саҳмашонро гиранду хоҷагии худро ташкил диҳанд. Яъне аз нофаҳмии мардум истифода бурда, имзояшонро гирифтаанд, ки гӯё онҳо ихтиёран аз саҳмашон даст кашидаанд. Имрӯз ин нафарон даъво мекунанд, ки саҳмашон барқарор карда шавад.
- Мо дар як моҳ чанд маротиба ба саҳро рафта, барои хоҷагидорону саҳмдорон мизҳои гирд ва суҳбатҳои озод ташкил мекунем, роҳҳои ҳуқуқии ба даст овардани саҳмро ба саҳмдорон мефаҳмонем. Ҳастанд ҳолатҳое, ки роҳбарони хоҷагиҳо намехоҳанд заминро ҷудо карда диҳанд ва ё бо протоколҳои қалбакӣ онҳоро аз саҳмашон маҳрум кардаанд, - гуфт Толиб Амониён, роҳбари маркази дастгирии ҳуқуқии ноҳияи Қубодиён.
Ҷумъабой Назаров, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, аз он шикоят дорад, ки ҳуқуқи дароз кардани муҳлати истифодаи замини хоҷагии деҳқониашро, ки аз ҳисоби заминҳои захиравии ноҳия будааст, мутасаддие поймол кардааст. Вақте ки вай ба Қодир Уллаев - корманди КФД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” - и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, муроҷиат кардааст, корманд ба ҷойи ёрии соҳавӣ расондан замини номбурдаро ба номи падари худаш ҳуҷҷатгузорӣ намудааст. «Ӯ шахси масъули идораи номбурда дар деҳаи мо - “Навбаҳор” мебошад. Ба ӯ гуфтам, ки мехоҳам шартномаи заминро ба муҳлати 10 соли дигар дароз кунам. “Шумо саргардон нашавед. Фақат як ариза навишта, ба ман диҳед, дигарашро зуд ҳал мекунам”, - ваъда дод ӯ. Аз байн ду моҳ гузашт. Аз ӯ натиҷаи кор пурсидам. Гуфт, ки “Аризаро гум кардам. Аз нав навис”. Аз байн боз 6 моҳ гузашт, аммо Уллаев ҳоло ҳам баҳона меҷуст. Бо гузашти 8 моҳ  Уллаев ҳуҷҷатҳоро ба номи падараш сабт кардааст”, - гуфт Ҷ. Назаров.

Амалҳои коррупсионӣ ҷой доранд
Давоми нуҳ моҳи соли равон прокуратураи вилояти Хатлон, дар натиҷаи роҳандозии санҷишҳои вижа, дар ниҳодҳои  номбурда як қатор қонуншиканиҳоро ошкор кард.
-  Нисбат ба 7 мутахассиси корхонаҳои фаръии бақайдгирӣ дар ноҳияҳои  Хуросон, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ,  Шаҳритуз,  Шамсиддини Шоҳин, Восеъ ва  Ёвон асосан барои ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳои замин, қаллобӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ  парвандаҳо тартиб дода, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда шуданд, - гуфт Рустам Сангинзода, прокурори калони шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Хатлон.

Камбудии назарногир
Ҳангоми сафарҳои хизматӣ мушоҳида кардаем, ки нархномаҳои КФД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”- и шаҳру навоҳии вилоят дар даромадгоҳи корхонаҳо бо хати хурд навишта шудаанд ё хеле баланд овезонанд. Аз ин сабаб, на ҳар кас метавонад  бо онҳо шинос шавад. Ин ҳолат яке аз омилҳои асосии ноогоҳии мардум ва сар задани нофаҳмиҳо мегардад.

Аз мост, ки бар мост
Барои решакан намудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар корхонаҳои фаръии бақайдгирӣ  ташкили равзанаи ягона, якдигарро надидани бақайдгиранда ва муроҷиаткунанда,  назорати кори кормандон бо камера ва тадбирҳои дигар нақши муҳим доранд.  Дар сурати риоя шудани муҳлати таҳияи ҳуҷҷатҳои заминдорӣ барои омода намудани онҳо  дигар ҳеҷ ниёзе ба “тағобозӣ” намемонад.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2018    №: 217    Мутолиа карданд: 122

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед