logo

иҷтимоиёт

ҶАМЪОМАДИ ИДОНА ДАР "ПОЙТАХТ"

Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази таълимии «Пойтахт» - и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати фармондеҳӣ, афсарон ва сарбозон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, зимни суханронӣ изҳор дошт, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ ва, бахусус, баъди қабули Конститутсияи нав, мо дар асоси ин санади тақдирсоз тамоми рукнҳои давлатдории навини тоҷиконро дар сатҳи зарурӣ ташаккул, такомул ва тақвият дода, пояҳои истиқлолияти воқеии кишварро мустаҳкам кардем ва ҳамеша кӯшиш менамоем, ки барои зиндагии шоистаи мардуми кишвар шароит ва имкониятҳои хуб муҳайё созем. Аз ҳар хизматчии ҳарбии худогоҳу худшинос ва ватандӯст талаб карда мешавад, ки ба манфиати Ватан, давлат ва халқи худ софдилонаву содиқона фаъолият бурда, тамоми донишу малака, кӯшишу ғайрати худро барои пешрафти давлати мустақили тоҷикон, таҳкими минбаъдаи мавқеъ ва эътибори Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ равона созад.
Иштирокчиёни чорабинӣ зикр карданд, ки таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза бо терроризм ва экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи яроқ моро водор месозад, ки ҳифзи боварибахши сарҳади давлатиро таъмин намоем, зеро дар ибтидои асри XXI созмонҳои террористӣ барои тамоми башарият хатари ҷиддӣ ба миён оварда, мубориза бар зидди ин зуҳурот барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба яке аз проблемаҳои ҷиддитарин табдил ёфтааст.
Бахшида ба ин санаи таърихӣ, яъне Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармони раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ як қатор сардорони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, раёсатҳо, афсарони шуҷоъ ва собиқадорони соҳа барои хизматҳои шоиста дар ҳифзи сарҳади давлатӣ бо рутбаҳои навбатӣ, сипоснома, мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотирмон қадр шуданд.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2018    №: 217    Мутолиа карданд: 304
23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед