logo

сиёсат

ТТЭ ҲНИ ВАЗЪИ ВМКБ - РО МУҒРИЗОНА ТАСВИР МЕСОЗАД

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати миллӣ ва ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ рушду инкишоф ёфта, мақом ва манзалати назаррасеро дар фазои геополитикии олам соҳиб шудааст. Дар муддати начандон тӯлонӣ, кишвари мо тавонист ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва демократӣ масоили сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии дохилидавлатии худро ҳал намуда, марҳала ба марҳала дар фазои сулҳу оромӣ рушд кунад. Имрӯз барои кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ ваҳдати миллии тоҷикон ҳамчун дарси ибрат ба шумор рафта, аз ҷониби сиёсатмадорону сиёсатшиносони ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
Аммо, бо гузашти замон чунин тарзи ҳаёт, яъне дар фазои сулҳу оромӣ зистани миллати тоҷик барои афроди алоҳида писанд нест. Онҳо ба ҳар роҳу восита мехоҳанд суботи ҷомеаро халалдор намоянд, ҷавононро ба доми фиреб кашанд ва бори дигар миллати тоҷикро ба бадбахтӣ оваранд. Ин афрод вақтҳои охир ба воситаи сомонаҳои интернетӣ аз хориҷи кишвар вазъияти имрӯзаи Тоҷикистонро ба фикру ақидаҳои барғалати хеш шарҳ дода, мардумро ба бесуботӣ ва бетартибиҳо, ки бар хилофи қонун аст, даъват мекунанд. Чанде қабл дар сомонаи мутааллиқ ба Ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ баёнияе доир ба вазъи ВМКБ аз тарафи аъзои созмони ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон», аммо дар асл ТТЭ ҲНИ чоп шудааст, ки далели гуфтаҳои болост. Мақсадашон аз бозтоби вазъи Бадахшон афкори нопоки хешро бар сари мардум бор кардан аст.  Мо тасмим гирифтем, ки чанд нуктаро доир ба ботил будани андешаҳо дар ин баёния ва нияти барангехтани бадбиниву ноором сохтани фазои кишвар аз тарафи муаллифони ин баёния нишон диҳем:
Дар ибтидои баёния омадааст: «мақомоти Тоҷикистон дар як макони ором вазъияти буҳронӣ эҷод кардаанд; вазъияте, ки хунрезиҳои дигар ва кушту кушторҳои шаҳрвандони бегуноҳ дар Бадахшонро дар пай дорад». Ин «кушту кушторҳо» аз нияти бади ин хоинон ва чизе, ки онҳо барои миллати тоҷик мехоҳанд, шаҳодат медиҳад.
Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро кафили сулҳу оромӣ дар кишвар медонанд ва ба ӯ муҳаббат доранд. Зеро маҳз ин шахсияти тобноки таърих буд, ки миллатро аз вартаи ҷангу хунрезӣ наҷот дод, бо хиради азалии хеш дар замони сангини таърих аз гуноҳи мухолифини силоҳбадаст, ки ҳазорон одами бегуноҳро ба қатл расондаанд, гузашт намуд.
Муаллифони ин баёния кӯшиш кардаанд, ки вазъияти кунунии ВМКБ - ро хеле муташанниҷ нишон диҳанд ва гӯё давлат «артиш ва неруҳои вижа» - ро «алайҳи шаҳрвандони худ» истифода бурдааст, ки ин ба ҳақиқати ҳол рост намеояд. Дар ВМКБ, на танҳо алайҳи шаҳрвандон, балки бар зидди ҷинояткорон ягон қувва истифода нашудааст. Барои бартарафсозии мушкилоти мавҷуда дар як муддати кӯтоҳ тамоми мардум ба ёрии мақомоти давлатӣ камари ҳиммат бастанд ва муваффақ ҳам шуданд. Мардуми Бадахшон ҳамеша бар зидди ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ мубориза бурда, барои пос доштани сулҳу оромӣ дар кишвари азизамон талош менамоянд.
Бояд гуфт, ки миллати тоҷик дигар ҳеҷ вақт ба фиребу найранги фитнагарон бовар нахоҳад кард ва кору рафтори чунин афрод, ки аз хориҷи кишвар ба ин давлату миллати муқаддас дар арсаи ҷаҳон доғ мемонанд, ҳаргиз нахоҳад бахшид, зеро хиёнат ба Ватан ва бозӣ кардан бо тақдири 9 миллион нафар аҳолӣ кори нобахшиданист.
Аз ин лиҳоз, имрӯз беш аз ҳарвақта ҷомеа ва махсусан, мо - ҷавонони шарафманди кишварро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ шавем ва ҳаргиз нагузорем, ки аз номи миллати мо чанд тан бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ сухан гӯяд.
Фирӯзи РАМАЗОН, корманди Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2018    №: 217    Мутолиа карданд: 94

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед