logo

иқтисод

САНОАТИ САБУК. АЗ ТАЪМИНОТ БА СОДИРОТ

Саноати сабук бахши афзали саноати Тоҷикистон буда, дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба рушди устувор ниҳодааст. Бахусус, дар чанд соли охир дар самти нассоҷӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ, истеҳсоли мебел, коркарди пӯст ва ҷӯроббофӣ иқтидорҳои нав  рӯйи кор омада, як қатор корхонаҳои соҳа таҷдид гардиданд. Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои соҳаи саноати сабук бо назардошти корхонаҳои пахтатозакунӣ зиёда аз 1,3 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. 
Имрӯзҳо сармоягузорони хориҷӣ ба соҳаи коркарди нахи пахтаи кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда истодаанд. Корхонаҳо бо васл намудани дастгоҳу таҷҳизоти муосир коркарди нахи пахтаро ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, Маҷмаи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай - Данғара Син Силу Текстил», ки якҷо бо шарикони чинӣ амал мекунад, дар рушди соҳаи коркард қадами устувор гузошт. Ҳамчунин, дар ин муддат дар кишвар 18 корхонаи ресандагӣ ба фаъолият оғоз намуда, 14,4 ҳазор тонна риштаи пахтагин истеҳсол намуд. Корхонаҳои «ИИ Нассоҷии Тоҷик», «Ҷавонӣ», «САТН», «Нассоҷи Хуҷанд», «Нику - Хуҷанд», «Ресандаи Қӯрғонтеппа» ва «Бофандаи Норак» коркарди пурраи нахи пахтаро ба роҳ монда, ришта ва матои пахтагин, маҳсулоти кешбофӣ ва дӯзандагӣ истеҳсол менамоянд.   
Самти фаъолияти корхонаҳои «Ваҳдат», «Нафиса» ва «Наврӯз» ба ҷӯроббофӣ равона гардида, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 4,3 миллион ҷуфт ҷӯроб истеҳсол кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,9 миллион адад зиёд аст. Дар корхонаи «Ваҳдат» таҷҳизоти нав бо иқтидори солонаи рангубори зиёда аз 2000 тонна ришта мавриди истифода қарор дода шуд ва барои пӯшондани эҳтиёҷоти истеҳсоли худ ва корхонаҳои ҷӯроббофии дигари кишвар, риштаҳои пахтагини рангоранг тавлид менамояд. Истеҳсоли риштаи пахтагини рангшуда маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда аст.
Дар корхонаҳои дӯзандагӣ либосҳои низомӣ, кории махсус, бачагона, мардона, занона, мактабӣ, варзишӣ, барои ҳоҷиён, рахти хоб, ҷиҳози нарм, хаймаҳои артишӣ, сумкаҳо, сарпӯшҳо, парчам, чарчинворӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои нафисаи мардумӣ истеҳсол мешаванд. Тибқи маълумоти оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар кишвар мунтазам афзоиш ёфта, аз 111 миллион сомонии соли 2012 ба 203 миллион сомонӣ (дар соли 2017) расидааст. Истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар моҳҳои январ - сентябри соли равон беш аз 205 миллион сомониро ташкил дод. Ҳамзамон, аз ҷониби корхонаю коргоҳҳои соҳа 857538 либоси мактабӣ истеҳсол гардидааст.
Шаҳзода Қаюмова, сардори раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, гуфт, ки давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар самти қолинбофӣ 2199 ҳазор метри мураббаъ маснуоти қолинӣ истеҳсол шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда наздики 600 ҳазор метри мураббаъ зиёд аст. 
Бахши мебелбаророни кишвар низ солҳои охир мунтазам рушд дорад. Ҳоло корхонаҳои ватанӣ иқтидори истеҳсоли ҳар намуд мебел, аз ҷумла барои утоқҳои корӣ, боғчаи кӯдакон, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ бо сифати ҷавобгӯ ба талаботи ҷориро доранд. Дар корхонаҳои соҳа дар ин давра ба маблағи зиёда аз 30 миллион сомонӣ маҳсулоти мебелӣ истеҳсол гардидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 миллион сомонӣ зиёд аст.
Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои ватанӣ дар бозорҳои хориҷи кишвар низ мавқеъ пайдо намуда, риштаҳои гуногуни пахтагин, матои пахтагин, маҳсулоти дӯзандагӣ аз қабили шиму куртаҳои мардона, бачагона аз ҷинс, нимшимҳо, либосҳои варзишӣ, кимоно, пӯсти коркардшудаи намуди вет-блю, маҳсулоти қолинӣ, кешбофӣ, ҷӯробҳои гуногун, нах ва пасандозҳои абрешимӣ ба кишварҳои Россия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Туркия, Полша, Италия содирот мешаванд.
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2018    №: 217    Мутолиа карданд: 65

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед