logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Номи Миралӣ Маҳмадалиев ба ҳама ошност. Ӯро на танҳо дар дохил, балки дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мешинохтанду эътироф мекарданд. Ӯ аз зумраи шахсиятҳои номдори кишвар буд, ки ному хотираи некаш ҳеҷ гоҳ аз ёдҳо зудуда нахоҳад шуд.
Миралӣ Маҳмадалиев яке аз асосгузорони сохти колхозӣ дар ҷумҳурӣ буд. Беш аз 50 сол раисии колхози маъруфи ба номи Ленини ноҳияи Восеъро ба уҳда дошт. Аз ин рӯ, ӯро дар қатори дигар шахсиятҳои шинохта, аз ҷумлаи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, Абдӣ Авазов, Абдуғафур Самадов, Абдурозиқ Раҳмонов, Аскаралӣ Мирзоев ва Ниёзмамад Беков ном мебаранд. Миралӣ Маҳмадалиев тамоми умр барои ободӣ ва сабзу хуррамгардонии диёр заҳмат кашид. Тӯли 52 соли раисиаш 3 боғчаи доимамалкунанда, 11 боғчаи мавсимӣ, 2 қасри маданият, Маҷмааи варзишиву истироҳатӣ, 8 клуб, 11 китобхона, 10 комбинати хизмати маишӣ, 2 маркази савдо, беш аз 50 бошишгоҳи саҳроӣ, чанд фермаи чорводорӣ ва санатория – профилактория барои 100 кат сохта ба истифода додааст.
Ӯ Қаҳрамони Меҳнати сотсиалистӣ (соли 1951), Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон (соли 1947) узви Совети умумииттифоқии раисони колхозҳо (1969) мебошад. Бо 6 ордени Ленин, орденҳои “Инқилоби Октябр”, “Байрақи сурхи меҳнат” ва медалҳо, аз ҷумла 5 медали калони тилло ва 2 нуқраи НКХХ - и СССР сарфароз гардидааст. Инчунин, бо Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонда шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд кардаанд, ки Миралӣ Маҳмадалиев ҳамчун марди хоксору кордон, деҳқони асилу меҳнатдӯст, пири кор дар ҷумҳурӣ ва берун аз он ном бароварда, дар ободу зебо гардондани диёрамон, ривоҷи маорифу фарҳанг хизматҳои шоиста сомон додааст. Хизматҳои шоёни раиси Миралиро ба назар гирифта Ҳукумати кишвар ӯро бо орденҳои “Исмоили Сомонӣ” ва “Дӯстӣ” сарфароз гардонд. Бояд кишоварзону чорводорон, боғпарварон ва ҳар як шахси меҳандӯст таҷрибаи бойи шодравон Миралӣ Маҳмадалиевро омӯзад ва онро барои пешрафти кори худ истифода барад.
Комрон САФАР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2018    №: 218    Мутолиа карданд: 190

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед