logo

Хабарҳо

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Вахш дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 1910 ҷашни домодиву арӯсӣ, 51 хатнасур ва 7 тӯйи домодиву арӯсии хайриявӣ гузаронда шудааст, ки харҷи умумии онҳо зиёда аз 6 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Тавре Олим Муродов, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, иброз дошт, дар ин давра як ҳолати риоя нашудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ошкор гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта чор ҳолат кам мебошад. Аз рӯи ин ҳолати қонуншиканӣ тариқи суд ба маблағи 5 000 сомонӣ ҷарима ситонда шуд.
- Аз ҷониби иттиҳодияҳои динӣ дар ин муддат барои ободонии ноҳия сохтмони як бунгоҳи тиббӣ идома дошта, барои бунёди иншооти таъйиноташон гуногун 10 аризаи дигар ворид гардидааст. Инчунин, сокинон маблағҳои сарфашудаи тӯю маъракаҳои худро ба хонаи пиронсолон, мактабинтернат, шахсони камбизоат ва ободии кӯчаю деҳоти худ истифода бурдаанд. Ҳамчунин, аз ҳисоби иттиҳодияҳои динӣ ба номи 40 ятими кулл суратҳисоби бонкӣ кушода шуда, ҳар моҳ ба миқдори муайян маблағ гузаронда мешавад, - гуфт Олим Муродов.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 70

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед