logo

Хабарҳо

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

Дар ноҳия бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳои ҳамаҷониба ба роҳ монда шудааст.
Санам Ғаффорзода, муовини раиси ноҳия, иттилоъ дод, ки  ба муносибати истиқболи ҷашни бузург  дар ҳудуди ноҳия бунёди 67  иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла  иншооти соҳаҳои маориф, фарҳанг, варзиш,  тандурустӣ, меҳмонхона, сартарошхона ва  ҳаммомҳо   ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент 1,2 километр  роҳҳои маркази ноҳия асфалтпӯш гардид. Феълан, сохтмон ва рангубори бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иборат аз 3 ошёна  идома дорад. Дар деҳаи Девдори  Ҷамоати деҳоти Шӯрообод, аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 9 ҷараён  дорад.
- Дар ин самт  саҳми соҳибкорони ватандӯсту  саховатпешаи ноҳия  зиёд  аст. Аз ҷумла,  аз ҷониби соҳибкорон Бурҳон Гулов  сохтмони корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ, Аҳмад Набиев  бунёди бинои замонавии дорухона ва кошонаи ҳусн дар маркази ноҳия ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, аз ҳисоби дигар сарчашмаҳо сохтмони бинои беморхонаи марказӣ ва кумаки аввалияи тиббию  санитарӣ ба нақша гирифта шуд, - гуфт И. Одинаев, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия.
Роҳбарияти ноҳия талош дорад, ки то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар сохтмони хатҳои  интиқоли неруи барқ  ва зеристгоҳҳои трансформатор дар 32 деҳаи ҷамоатҳои деҳоти Доғистон, Шӯрообод, Дашти -  Ҷум, Лангардара ва Саричашма пешбинӣ  шуда, дар Ҷамоати деҳоти Шӯрообод аллакай корҳои сохтмонӣ оғоз ёфтаанд.
Исломи РАҶАБАЛӢ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 221

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед