logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Холаҳмади Маҷид, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, чун шахси баруманду маъруф дар миёни мардум, хоса аҳли ҳунар, маҳбубияти зиёд дорад. Кору рӯзгори пурсамару пурбаракаташ худ гувоҳ аз худфидоии ӯ дар ин роҳ аст. Ва ҳам ин роҳро мисли як мӯр тай кард. Яъне, аз шебу фарози он хуб огоҳ мебошад. Хатми коллеҷи мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов, Консерваторияи Тошкент, фаъолият дар муассисаҳои фарҳангӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии ин шаҳр, сарварии мактаби мусиқии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ имкон фароҳам оварданд, ки ба дунёи зебои мусиқии касбӣ, бо шинохти масъулияту рисолат ворид бишавад. Пас аз он паҳнои ин дунёро на танҳо бештару беҳтар бубинад, балки онро зеботар бинамояду барои дигарон накутар ҷилваи ростин бидиҳад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Бӯстон» дар солҳои 70 - уми асри  рафта ӯро чун ҳунарпешаи асил, дорои ҳирфавияти баланд барои ҳама кашф карду ошно сохт. Баъд аз он масъулони соҳа дар шахсияти ӯ беҳтарин хормейстерро диданд ва бо фароҳамоварии тамоми имкониятҳои зиндагӣ ба шаҳри Душанбе - пойтахти кишвар, ягона Театри давлатии академии  опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барои идомаи фаъолият дар ин касби мушкил, аммо пуршараф даъваташ намуданд.
Ин ҳама ба гуфтану навиштан осон менамояд. Аз музофот ба шаҳр омадан, хосса дар Театри академии опера ва балет кори пурсамар кардан ҳаргиз осон нест. Фаъолияти дуруст дар ин вазифа ӯро водор месохт, ки 50 асари операвиро, ки дар барномаи ин театр буд, аз худ намояд. Бо 64 ҳамсаро, ки намояндагони миллатҳои гуногун маҳсуб мешуданд ва таҷрибаи зиёду ғанӣ доштанд, дар сатҳи баланди касбият тамрин менамуду онҳоро бо ҳидоят барои иҷрои бузургтарину мураккабтарин операҳои ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ омода месохт. Донишу таҷрибаи мутахассис, хормейстери асил аз ҳамаи ҳамсароён бояд бештар бошад ва ба худи ӯ лозим аст, ки нисбати дигарон асрору нозукиҳои на танҳо асарҳо, балки соҳаро беҳтар бидонад. Ҳамзамон, маэстро бояд ташаббускор ва навовар бошад. Ҳолату вазъи ҳар як  ҳамсароёнро бидонаду иттиҳоди онҳоро ба вуҷуд оварда тавонад.
Соли 1981, яъне  пас аз шаш соли фаъ- олияташ, ӯро ба вазифаи сархормейстери ин даргоҳи ҳунар таъйин мекунанд. Бешак, он қуллаи баландтарин дар соҳаи мазкур маҳсуб мешавад. Фатҳ ё худ расидан ба он агарчи бисёр мураккаб аст, ҳамчунин, дар ин қулла пойдор мондан мушкилтар аз он мебошад. Фаъолияти чашмрасаш дар ин вазифа бори дигар собит сохт, ки миллати куҳанбунёди мо дорои истеъдодҳои нодиру фитрӣ аст. Ҳамзамон, ин миллат имкони бештару беҳтар барои рушди мусиқии касбии ҷаҳонӣ дорад.
Дар Туркия миёни 39 давлати ҷаҳон ҳамсароёни ин театр соли 1998 ба гирифтани ҷойи 2 - юми Озмуни байналмилалии ҳамсароӣ сазовор гардиданд. Хори фолклории театр барандаи ҷоизаи озмуни мазкур шуд. Он замон дар тааҷҷуб афтоданд, ки чӣ гуна як кишвари гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ тавонист дар сатҳи баланди ҳирфаӣ дар озмун ширкат варзад ва соҳиби ин дастовардҳо бишавад.
Холаҳмади Маҷид то чанд сол пештар, дақиқтараш то расидан ба нафақаи синнусолӣ сарварии Театри опера ва балетро ба уҳда дошт. Театр дар  ин  замон бо дастгирии  бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди тоза касб кард. Бинои он пурра таъмир ва шароити кору рӯзгори ҳунарпешагон беҳтар гардид. Мушкилоти мавҷуда батадриҷ рафъ шуданд. Дар ҷалби мутахассисони асилу шинохтаи ҷаҳонӣ ба хотири  пешрафти соҳа, сайқали маҳорати ҳунарпешагон ташаббусҳо зоҳир гардид. Мутахассисони варзидаи маҳаллиро дар берун аз кишвар омода намуданд. Беҳтарину маъруфтарин асарҳои операвию балетро рӯи саҳнаи театр оварданд. Робитаҳои эҷодӣ бо композиторони кишвар ва берун аз он ба ҳукми анъана даромад. Бо саъю кӯшиши ӯ асарҳои миллии театрӣ таълиф ва ба саҳна гузошта шуданд. Сафарҳои ҳунарии театр дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба хотири боло бурдани завқи мусиқии касбӣ ва дарки бештари он эҳё ва самараноктар гардид. Бо ин ҳама заҳматҳои шабонарӯзӣ ва дастовардҳои зиёди нав ба нав ҳеҷ қонеъ намегардид. Намоишҳои телевизиониро ба роҳ монд. Тавассути воситаҳои ахбори омма мушкилоти соҳаро фаҳмонду баррасӣ намуд. Ҳамзамон, роҳҳои ҳалли онҳоро нишон дод.
Ба бахти донишкадаи мо, омӯзгорону донишҷӯёни он аст, ки идомаи фаъолияташро ин шахсияти маъруф, ҳунарпешаи асил дар ин даргоҳи ҳунар раво дид. Бешак, асари неки таълиму тадрисашро дар оянда шоҳид хоҳем шуд, ки он ба нафъи ин миллати соҳибтамаддун ва ба хотири рушди мусиқии касбӣ мебошад. Албатта, мо бо чунин устоду мутахассиси варзида на танҳо имрӯз, балки барои ҳамаи даврҳои баъдӣ низ ифтихор менамоем.
Хайриддин ИДИЕВ, ректори Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва
санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2018    №: 220    Мутолиа карданд: 337
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед