logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТКОРОНИ НАҲЗАТӢ МАҲБУСИ СИЁСӢ НЕСТАНД

Расонаҳои наҳзатӣ дар мавриди бознигарии парвандаи иддае аз ҳаммаслакони ҷинояткорашон, ки даст ба ҷиноёти сангин зада, зиндонӣ шудаанд, маъракае ҳадафмандонаеро роҳандозӣ намудаанд. Ин дар ҳолест, ки  давоми се соли охир ҷинояткорони наҳзатии фирорӣ бо тамоми ҳастӣ кӯшиш доранд, то ҳаммаслакони худро аз адои ҷазо барои аъмоли зиддимиллӣ ва зидиинсониашон озод кунанд.  Ҳамин аст, ки дар Аврупо ҳар рӯз як кумитае ё созмоне таъсис медиҳанд, ки бунёд ва решаву мояи ҳамаи онҳо наҳзатӣ ва наҳзатмаоб аст.
Хоинони давлату миллати тоҷик бо ин роҳ мехоҳанд назди созмонҳо ва кишварҳои ҷаҳон нишон диҳанд, ки то чи андоза мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон ва норозиёни сиёсӣ зиёданд. Аммо ин амали тақаллубии онҳо дар ҳама ҷо аз офтоб равшантар аст. Аз ин ҷост, ки талаботи масъулони ин гурӯҳ дар доираи хостаҳои наҳзатӣ маҳдуд гардида, ҷиҳати ҳамовозӣ пайдо кардан ба сатҳҳои дигар бароварда мешаванд.
Расонаҳои ифротии ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ чанд наҳзатии ҷинояткор ва хоинро ҳамчун «мусичаи бегуноҳ» унвон карда, онҳоро ба сифати  зиндонии сиёсӣ ном мебаранд. Дар асл, ин тоифаи ба ном зиндониёни сиёсӣ, ба сиёсат рабте надоранд, онҳо ҷиноят содир карда, тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шудаанду халос. Масалан, чанд нафари онҳо, аз ҷумла Маҳмадалӣ Ҳайит бо ҷурми иштирок дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва иддаи дигар дар сентябри соли 2015 бо гуноҳи терроризму ифротгароӣ маҳкум гардидаанд. Дигар афрод ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта содир карда, ба маҳбас кашида шудаанд, ки яке аз онҳо Зайд Саидов аст.
Қобили зикр аст, ки парвандаи Зайд Саидов на хислати сиёсӣ дорад, балки  маҳз ҷиноёти иқтисодии аз тарафи номбурда содиршударо фаро мегирад. Маҷмӯи ҷиноятҳои дорои хусусияти тақаллубу фасод боиси зиндонӣ гардидани ӯ шудааст. Зайд Саидов ҷиноятҳоро дар ҳудуди Тоҷикистон содир намудааст ва аз ин рӯ, бозбинии парвандаи ӯ тибқи муқаррароти амалкунанда бояд дар Тоҷикистон сурат бигиранд. Нафари дигар, ки ба ҷурми тақаллубу фасод ҳангоми иҷрои вазифаҳои касбиаш боздошт шуда,  пушти панҷара рафтааст ва  бо ҳукми суд адои ҷазо менамояд, Бузургмеҳр Ёров мебошад. Аммо инро ҳам расонаҳои наҳзатӣ  «фариштаи пок» мехонанд ва гӯё ба ӯ низ беадолатӣ сурат гирифта бошад. 
Аммо гуноҳи ҳамаи онҳо бо далелҳои раднопазир исбот гардида, бо ҳукми суд ҷазо гирифтаанд. Маъмулан, ҷинояткорро дар ҳар кишвари дигаре ва дар ҳар давру замон ба ҷавобгарӣ мекашанд, ки ҷойи ҳайратзадагӣ надорад. Ва ТТЭ ҲНИ ҳам ягон хел ҳизби мухолифи сиёсӣ нест, балки ташкилоти террористӣ - экстремистӣ мебошад. Инро мақомот бо санаду далелҳо исбот кардаанд, ки мадраки асосӣ дар ин бора қарори Суди Олии кишвар аст. Бахшидани нафароне, ки ҷиноят содир намудаанд, танҳо дар доираи ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуни афв имконпазир буда, дар дигар ҳолат ҷинояткор бояд дар доираи қонун ҷазо дода шавад.
Эҳсони ИЛҲОМ, коршиноси умури иҷтимоӣ

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2018    №: 220    Мутолиа карданд: 349
22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ 56 654 ТОННА ПАХТА

ЗАРКОРОНИ ЛЕВАКАНТ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

ММВЗО «СОЛОР» – ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН БАЙНИ НАВРАСОНИ ТО 14 - СОЛА

07.10.2020


МОИ “СУҒД”. КОРХОНАИ КОРКАРДИ МЕВАИ ХУШК БУНЁД МЕГАРДАД

ҶАМЪОВАРИИ 2660 ТОННА ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

ДАНҒАРА. ОМОДАГИҲО МУТАШАККИЛОНА ИДОМА ДОРАНД

06.10.2020


ЛИГАИ ОЛӢ. КМВА ҶОИ СЕЮМРО ГИРИФТ ВА «ЛОКОМОТИВ – ПОМИР» БА ЛИГАИ АВВАЛ РАФТ

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН: 122 НОЗИР ВА 258 РӮЗНОМАНИГОР АККРЕДИТАТСИЯ ГИРИФТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед