logo

сиёсат

ФУРӮЗИНАИ ФУРӮҒҲО

Имрӯзҳо на ки як дар кишвари мо, балки саропо дар гетӣ дар ангезаи рӯйдоди таърихии рӯнамоии чархаи нахустини тавлиди барқи Неругоҳи барқи обии Роғун дар маҷлису маҳфилу маъракаҳо бо ҳузури ҷамоати бо ақлҳо   нуқли нақлҳо, нуктапардозии гуфторҳо, ҷилову ҷилваи оинаи пиндорҳо, шерозаи ангораороиҳои неку хуҷастаро боз ҳам ғолибан ба як  сарзамини баруманди паҳнаи Ориёнои бузурги бостон бо номи Тоҷикистон ва  Сарвари бохиради рӯшанрои он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ихтисосу иртибот медиҳанд, ки ба як рӯзи фархундаву фаррух дар ғаразмони сиёсаткорию давлатмадорӣ чун ситораи тозатулӯи тобноки бахту кушоишҳо ба раҳми Будгори замину замон, ба толеи мардуми чошу пареши мо аз худ дарак дода буд.

Ин падидаи фараҳфизои ламолами нуру саропо суру сурурро, ки қарор аст ба таърихи 16-уми ноябри соли равон рақам зада шавад, шуълаест, саҳеҳтараш тамсилаи фурӯғест барафрӯхта дар барзини Қасри Арбоби шаҳри қадимаи Хуҷанд зимни як ҳамоиши вакилони халқ. Манзур ҳамон Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олист, ки 16-уми ноябри соли 1992-юми қарни мозӣ баргузор гардида, дар таърихи навини давлатдории Тоҷикистони мухтору мустақил осиёи гардиши куллиро ба гардиш овард, чаро ки мардуми азияткашидаи Тоҷикистон баъди садҳо соли раҳпоӣ раҳбари давлати худро дарёфт.
Ҳамчун ҳуқуқшинос арзёбии як нуктаи муҳимро дар иртибот ба таъмини волоияти қонун дар мамлакат дар ин маврид муҳим мешуморам. Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат бархӯрдор аз қонунҳою асноди меъёрию ҳуқуқии зубдаю беҳтарини ҷавобгӯи талаботи сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Бархе аз ин қонунномаҳо ба зоти худ нодиранду нотакрор. Ба гунаи мисол  ба худ иҷоза медиҳам, то қонунҳои роиҷу раво ва ба нафъи раъият рӯи корро ном бубарам, ки дар таҷрибаи ҳуқуқшиносии муосир, ё камназиранд, ё бенадиду бесобиқа амсоли танзими ҷашну маросимҳои миллӣ ва масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд. Бархе аз мунтақидони ин қонунҳо дар ибтидо, саҳеҳтараш то ба тасвиб расидани ин аснод, ишора ба мудохила ба тарзи хусусии зист мекарданду мегуфтанд, ки маҳдудияту масдудаҳои ғайриматлубро ба таркиб дорад. Ва далел меоварданд, ки тарбияи фарзанд рисолати табиии волидайн асту ҷашну маросимҳо мероси суннатӣ. Аммо таҷриба бо хату чаку далелу дастаки дақиқ ва нишондодҳои омор ба манфиати мардум будани ин қонунҳоро собит сохт. Тоҷикистон, ки феълан дар остонаи рӯйдоди таърихии ба гардишу барқкашӣ андар омадани чархаи нахусти неругоҳи Роғун қарор дорад, бори дигар бо итминони комил бояд иқрор орем, ки ин рӯйдоди хушоянду ситуданӣ ба низ фароғафурӯғи навбатиест  аз ҳамон фурӯзинаи Иҷлосияи 16-уми соли 1992, то мо бо дилу сиголиш ифтихор кунем, ки  аз насли парвардаи соҳибиқболи замони соҳибистиқлолӣ ҳастему аз  меҳргиёҳи  озодию ободӣ нӯш кардаему нӯша зистаем. Ин масъалаву мавзӯъ кайҳо барои ман аз он рӯзе  ба файсала расида, ки дипломи аълои риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллиро пеши падару модарам савғо бурдаму гуфтам: «Ташаккур, аз шумо!». Падарам дар ғояти ҳаяҷон гуфт: «Ташаккур  на ба ман, балки ба Пешвои миллат бигӯ, ки ту воре як фарзанди деҳотиро дови хондан дод, вагарна…».
Оре, дар ин гоҳ падарам ҳақбаҷониб буд. Ӯ умре ҳавову ҳаваси тамдиди таҳсил дар бахши ҳуқуқшиносиро дошту ба мақсад нарасид. Ҳамакнун аз комёбии писараш сари ифтихор ба гардун месуд, ки писараш дар замони соҳибистиқлолӣ бо тадбирҷӯиҳои Сарвари маорифпарвари кишвар  дар роҳи дарёфти таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ муваффақ омадааст. Ӯ ба назарам на ки як болидарӯҳ, балки дилаш обхӯрдаю ба кӯи мақсуд раҳбурда менамуд. Зимнан, банда ҳамчун барандаи нишони нуқраи олимпиадаи умумиҷумҳуриявӣ аз фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» бархӯрдор аз имтиёзи муқарраргардида шарафи донишҷӯиро ба даст оварда будам.
Ташаккур, аз Шумо, муҳтарам Пешвои миллат, аз номи худ ва  аҳли хонаводаи мо барои ин ҳама ғамхориҳо дар ҳаққи насли ҷавони ояндасози кишвар.
Фирдавси САФАРАЛӢ,  ёрдамчии прокурори шаҳри Панҷакент,
унвонҷӯи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2018    №: 220    Мутолиа карданд: 327

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед