logo

сиёсат

НБО - И РОҒУН. ТО ГАРДИШИ ЧАРХАИ АВВАЛ 3 РӮЗ МОНД!

Имрӯзҳо мо - ҳама дар як ҳолати ҳаяҷонангез қарор дорем ва бо як интизории ширин рӯзшуморӣ мекунем, то 16 ноябр – рӯзи ба гардиш даромадани чархи аввали Неругоҳи барқи обии Роғун бирасад. То аз шабакаҳои телевизионӣ ба лаҳзаҳои таърихии бо дасти мубораку бобаракати Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор даровардани чархи аввали Роғунро бубинем ва худро дар марҳилаи ҳассоси давлатсозии навини тоҷикон шарик донем.
Сохтмон ва ба кор даровардани ин иншооти бузурги энергетикӣ ба навиштани достонҳо меарзад ва бидуни кадом бузургбинии барсохта  он худ достони қаҳрамоние мебошад, баёнгари иродаи устувору ҷасорати рустамона, хиради беҳамто, дилбастагии беканор ба Ватан ва садоқати бепоён ба миллату давлат, ки онро дар талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидаем.
НБО - и Роғун аз он сабаб иншооти аср номида шудааст, ки дар баробари бахшидани нуру гармӣ ва, умуман, фароҳам овардани шароити хуби маишии мардумони шаҳру деҳот, яъне коргирии шабонарӯзии неруи барқ дар хонадон ва коргоҳҳо, садҳо ҳазорон гектар заминҳои лалмӣ ба воситаи насосҳо обёрӣ хоҳанд гашт, даҳҳо корхонаҳои тавлидотӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бунёд гардида, Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноативу аграрӣ табдил хоҳад ёфт. Ин маънии дар амал татбиқ намудани стратегияи миллии бо ҷойҳои корӣ пурра таъмин намудани аҳолӣ ва, ба ин васила, барҳам додани табақаи камбизоат, таъмини амнияти озуқавории кишвар  мебошад.
Ба истифода додани чархи нахустини НБО - и Роғун гувоҳи сиёсати пайгирона ва марҳила ба марҳилаи Сарвари давлат дар роҳи расидани Тоҷикистон ба давлати аз нигоҳи иқтисодӣ тавоно ва хуррамиву саодатмандии мардумонаш мебошад. Дар ин росто, ба ёд овардани ҷараёни сохтмон ва ба истифода додани якчанд корхонаҳои истеҳсолиро лозим медонем. Ба мо маълум аст, ки дар сохтмони банди Неругоҳи барқи обии Норак ва, умуман, дар сохтмони обанборҳо маводи аз ҳама серхарҷу муҳим семент мебошад, ки дар он замон аз сабаби басанда набудани иқтидори корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе, беш аз 90 дарсади ин маводи сохтмонӣ ба воситаи роҳи оҳан аз ҷумҳуриҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамлу нақл мешуд. То як - ду сол пеш мо сементро аз Покистон ва кишварҳои дигар ворид мекардем ва ба шарофати бунёди якчанд корхонаҳои сементбарорӣ ҳоло мо на танҳо талаботи худро бароварда месозем, балки сементро ба кишварҳои дигар содир мекунем. Ҳамин тавр, яке аз маводи дигари муҳим дар соҳаи интиқоли неруи барқ кабелу симҳои алюминӣ мебошад, ки имрӯз хостаҳои кишварамон аз корхонаи алюминии шаҳри Турсунзода ва коргоҳҳои вобаста ба он бароварда шуда, ба хориҷи кишвар содир мегардад. Ҳамчунон, як қатор маводи сохтмонии дигарро дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон тавлид мекунанд. Чунончи, тавлидоти лӯлаҳои обрасонии синтетикиро, ки барои обёрии қатрагии зироатҳо ва боғҳо заруранд, дар дохили мамлакат ба роҳ андохтаанд.  Бо истифода аз неруи барқи арзон кишвари мо дар баробари тавлиди металлҳои ранга, ба истеҳсоли металлургияи вазнин, аз ҷумла оҳан, камар бастааст, ки ба ин намуди саноат мамлакатҳои ангуштшумор имкониятҳои захиравӣ ва энергетикӣ доранд.
Чанде пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти коргоҳҳои нассоҷӣ ва коркарду тавлидоти докаву дигар масолеҳи фармасевтӣ оғоз бахшиданд. Дар тантанаи ифтитоҳи коргоҳҳои нав Сарвари давлат изҳор намуданд, ки солҳои наздик Тоҷикистони мо ба содироти ашёи хоми  пахта хотима бахшида, ба бозори ҷаҳонӣ танҳо маҳсулоти тайёри рақобатпазири пахтагиро пешкаш мекунад.
Мо - маорифчиёни кишвар бо тамоми масъулият дарк менамоем, ки иқдомҳои ояндасози Пешвои муаззами миллат, ба худии худ вазифаҳои муҳимеро дар наздамон гузоштааст. Пайдост, ҷиҳати амалӣ гардондани нақшаву ормонҳои халқамон, тайёр кардани мутахассисони варзида, ҷавонони хештаншиносу ватанпарвар лозим мебошанд ва, бо назардошти ин нукта, дар муҳтавои дастурҳои Сарвари давлат, барои пешвозгирии шоистаи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани дараҷаи таълиму тарбия аҳамият дода шудааст. Омӯзгорону профессорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ин роҳи рости нурбахшро  нек дарёфта, азми қатъӣ доранд, ки бо донишпарварӣ, оқиливу фарзонагӣ ва иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ садоқати бепоёни хешро ба ормонҳои ояндасози Пешвои муаззами миллат изҳор намоянд.
Абдулло ҲАБИБУЛЛО,
ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,
доктори илмҳои физика ва математика,
узви вобастаи Академияи
илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2018    №: 220    Мутолиа карданд: 364
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед