logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани хатҳои баландшиддати интиқоли барқ дар вилояти Суғд, 29 ноябри соли 2009

Ҳамватанони азиз! 
Сохтмончиён ва ҳозирини мӯҳтарам!

Моҳи июни ҳамин сол, дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ мо дар ҷараёни шиносоӣ бо вазъи сохтмони зеристгоҳи «Хуҷанд-500» ба бунёди хати интиқоли барқи 220-киловолта оғоз бахшида будем. Ва имрӯз дар доираи татбиқи лоиҳаи сохтмони хати интиқоли барқи баландшиддати 500-киловолтаи «Ҷануб-Шимол» дар баробари ба истифода додани зеристгоҳи барқии «Хуҷанд-500» ва се хати интиқоли барқи 220-киловолта ҳамаи мову шумо шоҳиди ба ҳам пайваст шудани хатҳои интиқоли барқи ҷанубу шимоли кишвар ва ба фаъолият оғоз кардани шабакаи ягонаи энергетикии Тоҷикистони азизамон гардидем.
Яъне бо фароҳам овардани фазои ягонаи энергетикӣ, ки дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон рӯйдоди воқеан муҳими таърихӣ мебошад, мо дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон боз як қадами ҷиддӣ гузоштем, ки ба ин муносибат ҳамаи шумо – ҳозирини мӯҳтарам, сокинони вилояти Суғд ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро табрику таҳният мегӯям.
Тавре ки шумо медонед, бо дарназардошти ҳалли мушкилоту проблемаҳои бавуҷудомада ва бо мақсади мунтазам бо барқ таъмин кардани соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолии тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мо таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакатро ҳамчун яке аз ҳадафҳои таъхирнопазир ва стратегии давлату Ҳукумат қарор додем, ки ба вуҷуд овардани шабакаи ягонаи энергетикӣ яке аз самтҳои асосии он мебошад .
Чунон ки ҳамватанони азизи мо огоҳанд, солҳои охир ҷиҳати таъмини ин ҳадафи стратегӣ корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд. Тадбирҳои то имрӯз амалигардида ҳам дар самти истифодаи самаранок аз сарвати асосии миллиамон, яъне захираҳои мавҷудаи гидроэнергетикии мамлакат ва ҳам дар бунёди инфраструктураи интиқоли нерӯи барқ ҳоло самараи нек дода истодаанд. Масалан, илова ба сохтан ва ба истифода додани як силсила нерӯгоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ва 50 нерӯгоҳи хурди барқӣ, дар самти ташаккули инфраструктураи интиқоли нерӯи барқи кишвар соли гузашта хати интиқоли барқи 220-киловолтаи «Лолазор–Хатлон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва имрӯз хати интиқоли барқи 220-киловолтаи дохили вилояти Суғд низ ба истифода супурда шуд. Ва аз ҳамин лаҳза эътиборан хати интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол» ба фаъолият оғоз кард ва шабакаи ягонаи энергетикии кишвар ташкил гардид.
Бунёди хати интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол», ки масофаи он аз 325 километр иборат аст ва хати интиқоли барқи 220-киловолта ба дарозии 32 километр се сол пеш дар асоси қарордоди миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин шурӯъ гардида буд.
Барои сохтмони ин ду иншоот дар маҷмӯъ зиёда аз як миллиарду 800 миллион сомонӣ ё 420 миллион доллари амрикоӣ сарф карда шуд.
Дар сурате ки эҳтиёҷоти пурраи вилояти Суғд ба нерӯи барқ дар як шабонарӯз 14 миллион киловатт - соатро ташкил медиҳад, қобилияти барқгузаронии хати «Ҷануб-Шимол» дар як шабонарӯз ба 27 миллион киловатт - соат баробар буда, он дар як сол имконияти интиқоли 8 миллиард киловатт - соат нерӯи барқро дорад.
Дар идомаи ин кор ба Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати «Барқи Тоҷик» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супориш дода мешавад, ки дар муддати як сол дар хусуси ба шабакаи ягона пайвастани ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят тамоми чораҳои заруриро амалӣ намоянд.  
Бояд гуфт, ки солҳои охир бар асари фарсуда шудани шабакаҳои интиқоли барқи кишвар ва таҷҳизоту дастгоҳҳои он талафоти нерӯи барқ аз меъёрҳои қабулшудаи техникӣ зиёд гардида буд. Баъди ба истифода додани хатҳои имрӯза, яъне интиқоли барқ аз истеҳсолкунанда то истеъмолкунанда талафоти техникии он хеле кам ва сифати таъминоташ баланд хоҳад шуд.
Хати интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол» дар таъмини истиқлолияти энергетикии кишварамон нақши муҳими таърихӣ дорад ва бунёди он боз як намунаи кӯшишу талошҳои давлат ва Ҳукумат дар ин самт, инчунин далели равшани вусъат ёфтани ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишвари мо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки бо сармоягузорӣ ва саҳми арзандаи мутахассисону кормандони муҳандисиву техникии ин кишвари ҳамсояву дӯст амалӣ гардид.
Бинобар ин, аз фурсати муносиб истифода бурда, ба ҳамаи мутахассисону коргарони ватанӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, лоиҳакашону муҳандисон, мутахассисону сохтмончиёни кишвари дӯст ва тамоми бунёдкунандагони хати интиқоли нерӯи барқи «Ҷануб-Шимол» ва хати 220-киловолта барои заҳмати созанда ва азму талошҳояшон ҷиҳати пеш аз мӯҳлати муқарраршуда сохта, ба истифода супурдани он арзи сипос менамоям.
Ҳозирини гиромӣ!
Соли равон ҳаждаҳ сол мешавад, ки бо сабаби нарасидани қувваи барқи дар дохили кишвар истеҳсолшаванда ва мавҷудияти як қатор монеаҳои сунъӣ дар интиқоли он аз хориҷи мамлакат мардуми мо дар давраи тирамоҳу зимистон танқисӣ мекашанд.
Аз ин рӯ, ба хотири ҳарчи зудтар, яъне дар солҳои наздиктарин бартараф намудани мушкилоти норасоии барқ, ғайр аз анҷом додани корҳое, ки дар боло зикр кардам, мо бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои худӣ сохтмони нерӯгоҳи бузурги барқи обии Роғунро оғоз кардем ва онро босуръат идома дода истодаем.
Соли оянда аз буҷети давлат барои бунёди он 650 миллион сомонӣ ҷудо карда хоҳад шуд, ки ин аз маблағгузории соли ҷорӣ 22 фоиз зиёд мебошад.
Чанде пеш дар ҷараёни шиносоӣ бо вазъи корҳои сохтмон ва мулоқот бо бинокорони нерӯгоҳи Роғун майдони сохтмони онро ҷабҳаи заҳмати созанда эълон карда, тамоми мардуми кишвар, ҳар фарди бонангу номуси миллат, ҳар як шахси ватандӯсту ватанпараст ва ҳамчунин ҳамватанони бурунмарзиамонро барои пуштибонӣ аз  иқдоми давлати Тоҷикистон дар мавриди сохтмон ва дастгирии моддиву маънавии бунёдкорони ин иншооти барои халқамон тақдирсоз даъват намудам.
Ҳамзамон бо ин, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки бо дарназардошти чорабиниҳои ҳавасмандсозии ташкилоту корхонаҳо ва аҳолӣ механизми ҷалби маблағҳои онҳоро барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун таҳия карда, ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.
Ҳоло бо истифода аз фурсат мехоҳам изҳор намоям, ки ҳар як оила, ҳар шахси бонангу номус, тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои мамлакат, соҳибкорону тоҷирони баландҳиммат бояд омодаи саҳмгузорӣ ба бунёди ин иншооти дар ҳақиқат сарнавиштсози Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд.
Мо дар баробари бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ, ки барои хеле паст гардонидани шиддати норасоии қувваи барқ дар ноҳияҳои дурдасти кишвар мусоидат мекунанд, бо сарфи зиёда аз 900 миллион сомонӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ таъмиру таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда, аз ҷумла Норак, Қайроққум, Варзоб ва Бойғозиро низ идома дода, дар масъалаи бунёди як қатор нерӯгоҳҳои миёнаи барқи обӣ корҳои омодагиро вусъат дода истодаем.
Баъди ба анҷом расидани таъмиру таҷдиди нерӯгоҳҳои зикршуда иқтидори истеҳсолии онҳо беш аз 400 мегаватт афзоиш хоҳад ёфт. Лоиҳаи бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии «Шӯроб», «Нуробод-1» ва «Нуробод-2», «Санобод» ва «Зарафшон» омода шуда истодааст ва мо ният дорем, ки агрегати якуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-2»-ро то охири соли 2010 ба истифода супорем. Акнун ба мо зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо бунёди нерӯгоҳҳои зикршударо низ суръат бахшем.
Чун сухан доир ба дастгирии иншооти бузурги миллӣ, яъне нерӯгоҳи Роғун рафт, мехоҳам ба зиёиёну эҷодкорони вилоятҳои Суғду Хатлон, Шӯрои собиқадорони кишвар, занону модарони боҳиммат, ҷавонони боғайрат, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи онҳое, ки бо дарки амиқи зарурати сохтмони нерӯгоҳ доир ба дастгирии моддиву маънавии сохтмончиёни он ташаббус нишон доданд, миннатдорӣ баён намоям.
Шумо хуб дарк карда истодаед, ки кишвари мо солҳои дароз аз лиҳози таъминот бо барқ ва дигар намудҳои сӯзишворӣ азият мекашад. Вале мо аз ин мушкилоту проблемаҳо дилшикаставу ноумед намешавем. Баръакс, ҳамаи захираву имкониятҳоеро, ки дар ихтиёрамон ҳастанд, ба хотири ҳарчи зудтар баромадан аз ин вазъи душвор ва ҳалли масъалаҳои зиндагии ҳаррӯзаи халқи азизамон равона кардаем.
Мардуми шарифи Тоҷикистон дилпур бошанд ва бовар дошта бошанд, ки мо бо ҷалби маблағу имкониятҳои молиявии давлатӣ ва пеш аз ҳама бо такя ба азму ирода ва дастгириву пуштибонии халқи сарбаланд ва баору номуси тоҷик, аз ҷумла тоҷирону соҳибкорони баландҳиммату саховатманд, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ нерӯгоҳи Роғунро, ки дар раҳоӣ аз мушкилоти имрӯза наҷотбахши ягонаи халқи тоҷик аст, ҳатман бунёд менамоем. Зеро дар таъмини эҳтиёҷоти энергетикӣ, ки тамоми пешрафту тараққиёти минбаъдаи иқтисоди миллии мо ва сатҳи зиндагии мардумамон ба он вобаста аст, мо роҳи дигар надорем.
Гузашта аз ин, таҳаммул кардани машаққату маҳрумияте, ки халқи Тоҷикистон дар давоми чанд моҳи тирамоҳу зимистон бар асари аз ноилоҷӣ ҷорӣ кардани меъёри интиқоли барқ мекашанд, барои ман ҳамчун Роҳбари давлат осон нест. 
Маҳз бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин масъала дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат изҳор дошта будам, ки бунёди нерӯгоҳи Роғун ва дигар иншооти гидроэнерегетикӣ барои мо масъалаи ҳаёту мамот мебошад. Дар ҳоле ки мо захираҳои нафту газ надорем ва сарвати доштаи мо танҳо манбаъҳои гидроэнергетикӣ мебошанд, дар чунин шароит роҳи ягонаи баромадан аз мушкилот ва наҷоти мардумамон бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва он ҳам танҳо ба хотири истеҳсоли нерӯи барқ мебошад.
Мо ин масъаларо борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, форумҳои ҷаҳонии об эълон кардаем ва такроран изҳор мекунем, ки ягон лоиҳаи мо бар зидди ҳамсояҳоямон нигаронида нашудааст. Баръакс, мо ҳангоми амалӣ кардани лоиҳаҳои худ манфиати онҳоро ҳатман ба инобат мегирем.
Гузашта аз ин, рушду тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди минтақавӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлати мо мебошад.  Ғайр аз ин ки мо бо мақсади аз азобу машаққат баровардани мардумамон сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обиро ҳамчун роҳи ягонаи халосӣ пеш гирифтаем, инчунин барои сарфаи обу барқ ва гармӣ як силсила тадбирҳои дигарро низ андешида истодаем. Аз ҷумла, моҳи апрели соли равон бо мақсади то андозае сабук гардонидани мушкилоти норасоии барқ фармони Президенти мамлакат дар бораи гузаштан ба лампаҳои каммасраф ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ қабул гардид ва аллакай имрӯз манфиати ин иқдом дар ҳар як оила ва ташкилоту муассисаҳо барало мушоҳида мегардад.
Ҳарчанд ки мо ба ин иқдом ба ҳукми зарурат даст задем, дар хотир бояд дошт, ки дар ҳолати ба андозаи кофӣ будани имкониятҳо низ сарфаю сариштакорӣ шиори ҳаррӯза ва амали доимии ҳар як шахси солимфикр бояд бошад.
Худатон андеша кунед: кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, Федератсияи Русия, ки даромади мардум ва сатҳи зиндагии аҳолиашон нисбат ба мо хеле баланд аст, қонун ва барномаҳои зиёде қабул карда, истифодаи васеи лампаҳо ва технологияҳои каммасрафро босуръат ҷорӣ карда истодаанд.
Бинобар ин, барои амалӣ гаштани ин чорабинӣ ҳар як хонавода ва ҳар фарде, ки ба манфиати мардум ва давлат дилсӯзӣ дорад, инчунин ҳар шахсе, ки мехоҳад дар фасли зимистон аз барқи доштаамон ҳама ба қадри имкон бархурдор гарданд, бояд ҳарчи зудтар ба истифодаи лампаҳо ва дигар таҷҳизоти каммасраф гузаранд.
Илова бар ин, бори дигар ба соҳибкорону тоҷирон ва шахсони ҳимматбаланду савобҷӯй муроҷиат менамоям, ки ҳарчанд давлат садҳо ҳазор оилаҳои камбизоатро бо миллионҳо адад лампаҳои каммасраф таъмин кард, ҳанӯз ҳам ҳастанд оилаҳое, ки қудрати харидории онҳоро надоранд.
Шумо метавонед ба онҳо кӯмак кунеду соҳиби савоби зиёд гардед. Инчунин соҳибкорону тоҷирони мо метавонанд дар ин кори хайр тавассути ҳарчи бештар ворид намудани таҷҳизоти барқии каммасрафи рӯзгор ва лампаҳои каммасрафи хушсифат низ саҳми арзанда гузоранд.
Вобаста ба ин, Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати «Барқи тоҷик», тамоми мақомоту сохторҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, институтҳои лоиҳакашӣ ва ташкилотҳои сохтмониро бори дигар вазифадор месозам, ки минбаъд ҳангоми таҳияи лоиҳаи тамоми биною иншооти чи истеҳсолӣ ва чи иҷтимоиву истиқоматӣ ва сохтмони онҳо масъалаи истифодаи таҷҳизоту технологияи каммасрафи барқиро ҳамчун яке аз масъалаҳои асосӣ ба нақша гиранд ва амалӣ намоянд.
Тамоми иқдомот ва тадбирҳои андешидаистодаи Ҳукумат ба ҳаллу фасли пурраи масъалаи ҳаётан муҳими кишвар – таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат нигаронида шудаанд ва ҳадафи асосӣ аз татбиқи онҳо дар давоми се-чор соли оянда комилан бартараф кардани норасоии барқ ва газ мебошад.
Баҳисобгирии дурусти харҷи нерӯи барқ, кам кардани талафоти он, истифодаи сарфакоронаи барқ, газ, гармӣ ва об инчунин пардохти ҳатмӣ ва саривақтии ҳаққи барқи истифодашуда вазифаи ҷонии ҳар як роҳбар ва шахси масъул, инчунин қарзи ҳар як фарди ватанпарвару дилсӯз ба ҳисоб меравад.
Дар ин раванд дар шуури ҳар як фард аз хурдсолӣ тарбия кардани сарфаю сариштакорӣ, ки ҷузъи муҳими маданияти рӯзгордорӣ мебошад ва ба ин мақсад ҳарчи васеътар истифода бурдани имконияти дарсҳои иловагии «Маърифати энергетикӣ» вазифаи доимии роҳбарони Вазорати маориф ва ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, инчунин падару модарон бояд бошад.   
Мо дар ҳама маврид, аз ҷумла дар ҳаллу фасли ҳама гуна мушкилоти ҳаёти ҷомеа ва давлат ба хиради азалӣ, азму ирода ва пуштибониву дастгирии мардуми солору ботаҳаммул ва бонангу номуси худ такя мекунем ва он рӯз дур нест, ки мо ҳама якҷо ба ҳадафҳои некамон, яъне зиндагии фаровону пурсаодати халқамон хоҳем расид.
Мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем, ки ба шарофати ҳамин хиради азалии мардумамон аз парокандагиву парешонӣ наҷот ёфтем, сарҷамъ шудем ва имрӯз бо такя ба ҳамин нерӯи бузург, яъне халқи азизамон ба бунёди иншооту сохтмонҳои азиму тақдирсоз даст задаем.
Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, мо рӯзҳои аз ин ҳам вазнинтарро паси сар кардем ва дилпур бошанд, ки мо бо кӯмаки якдигар ва сарҷамъу аҳлона аз ӯҳдаи ҳалли  мушкилоти имрӯза низ мебароем. Нияти мо нек ва азмамон қатъист.
Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шумо – ҳозирини мӯҳтарам ва кулли мардуми шарифи кишварро ба муносибати ташкил гардидани шабакаи ягонаи энергетикии Тоҷикистони соҳибистиқлол табрик гуфта, ба ҳамаатон саломатӣ, хушбахтӣ, рӯзгори хушу осуда ва ба Тоҷикистони азизамон ободиву шукуфоӣ орзумандам. 
Ҳамеша сарбаланд ва саодатманд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 608

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед