logo

иҷтимоиёт

СУҒД. ТАМОМИ СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД

Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи ситоди вилоятии зимистонгузаронӣ баргузор  гардид. Зикр шуд, ки сарфи назар аз баъзе мушкилиҳои мавҷуда хоҷагии халқи вилояти Суғд ба фасли зимистони солҳои 2018 - 2019 омода аст ва масъулони соҳаҳои марбута дар шаҳру навоҳии  вилоят ҷиҳати  дар сатҳи ҷавобгӯй ба талабот роҳандозӣ намудани  тадбирҳо дар ин самт, ба натиҷаҳои назаррас соҳиб шудаанд.
Бино ба гузориши Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилоят, ба хотири сари вақт анҷом додани тадбирҳои омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят ва сохторҳои вилоятӣ қарорҳои дахлдор ба тасвиб расида, ситодҳои доимоамалкунанда таъсис дода шуданд. Тибқи ахбори расмии Сарраёсати молияи вилоят, барои сари вақт захира кардани ангишт, ҳезум  ва  маводи дигари сӯхт аз ҳисоби буҷети вилоят 8,5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Барои шаҳру навоҳии  субвенсионии Деваштич, Ашт, Мастчоҳ, Шаҳристон ва Истиқлол низ  бо мақсади захираи саривақтии маводи сӯхт 1,7 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шуд. То оғози фасли сармо соҳаҳои маорифу тандурустӣ, мактаб - интернатҳо, хонаҳои пиронсолону маъюбон сад дарсад бо маводи сӯхт таъмин гаштанд.
Таваҷҷуҳ, хусусан  ба масъалаи нигоҳдории роҳҳои мошингард ва таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар фаслҳои тирамоҳу зимистон, зиёд аст. Барои мавсими имсолаи зимистон 4 ҳазору 935 тонна маводи зидди лағзиш, 24 ҳазору 200 литр сӯзишвории дизелӣ ва  45,5 тонна ангишт захира карда шуд, ки аз нақша зиёд ва барои  гузарондани зимистон басанда мебошад.
Ҷиҳати бо гармии буғӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ низ чораҳои муассир андешида мешаванд. Дар муассисаҳои таълимии вилоят  410 дегхона мавҷуд аст, ки 211 ададаш дар ҳолати корношоям қарор дорад. Бо назардошти он ки аксари ин дегхонаҳо дар даврони шӯравӣ сохта шуда, ба талаботи кунунӣ ҷавобгӯй нестанд ва аз меъёр зиёд хароҷот талаб мекунанд, мутахассисони соҳа  насби шабакаҳои хурди замонавии гармидеҳи  аз лиҳози масрафи неруи барқу ангишт беҳтарро афзал  донистанд.
Муовини Сарвазири мамлакат таваҷҷуҳи масъулонро ба сари вақт бо маводи озуқа, либос, пойафзол, сӯзишворӣ ва дигар амволи зарурӣ таъмин намудани ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ дар навоҳии наздисарҳадӣ ва дурдасти ҷумҳурӣ ҷалб карда, баҳри ислоҳи нуқсонҳо дар иртибот ба омодагӣ ба мавсими зимистон дастурҳои мушаххас дод.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»       

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2018    №: 221    Мутолиа карданд: 294
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед