logo

иҷтимоиёт

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР ТАТБИҚИ ИН ТАШАББУС ФАЪОЛ АСТ

Ташаббусҳои нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ, назири эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028», таъсис додани Консорсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез, Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, аз ҷумлаи муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Даҳсолаи нав ташаббуси бузурги башардӯстонае ба шумор меравад, ки дар амал татбиқ намудани он ба ҳаёти миллиардҳо сокинони сайёра беҳбудӣ меорад ва эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар сиёсати байналмилалӣ боло мебарад.
Вобаста ба ин, чанде қабл ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ доир гардид, ки дар он мавзӯи амалӣ гардидани ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои  2018 - 2028» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳо, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ суханронӣ намуда, оид ба ҷараёни татбиқи ташаббуси байналмилалии Пешвои миллат, раванди амалисозии барномаҳои дар доираи он қабулгардида ва дурнамои онҳоро шарҳу эзоҳ дода, ба саволҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ посух гуфтанд.
Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ барои пайдо намудани роҳҳо ва механизмҳои ҳалли масъалаҳои муҳими марбут ба об ва ҳалли проблемаҳои мавҷудаи ҷомеаи имрӯза дар самти мазкур назару андешаҳои худро иброз карда, пешниҳодҳои мушаххасро ба миён гузоштанд. Аз ҷумла, таклиф ба миён омад, ки дар Тоҷикистон Маркази минтақавии дипломатияи обию энергетикӣ бо иштироки созмонҳои байналмилалӣ ташкил карда шавад. Дар ин сурат, имкон фароҳам меояд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои энергетикӣ ба давлати пешсафи истеҳсолкунанда ва содиркунандаи гидроэнергетика дар минтақаю ҷаҳон табдил ёбад. Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, лоиҳаи консепсия ва низомномаи Маркази дипломатияи обию энергетикиро таҳия ва пешниҳод намояд.
Дар доираи конфронсҳо, ки ҳар ду сол доир мегарданд ва дар онҳо навовариҳову натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» мавриди баррасӣ қарор мегиранд, панели илмӣ созмон дода шавад ва дар он бо ҷалби олимони тоҷику Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар шарикони байналмилалӣ мақолаҳои илмӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли маҷаллаи алоҳида нашр гардад. Инчунин, «харитаи роҳҳо» - и ҳалли масъалаҳои марбут ба амалишавии ташаббуси ҷаҳонии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандии кишвар таҳия карда шавад.
Пешниҳод шуд, ки ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ тариқи омода намудани маводи интишорӣ, филмҳои ҳуҷҷатӣ, сураталбомҳо ва филмҳои кӯтоҳмуддат бо забонҳои гуногун оид ба масъалаҳои об, сиёсат ва таҷрибаи кишвар дар ҳалли масъалаҳои об ба нақшаҳои кории худ ворид намуда, обҳои Тоҷикистон ва имкониятҳои истифодаи онро ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ намоянд.
Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти рӯзмарра будани ин мавзӯъ мунтазам ба он таваҷҷуҳ карда, азм дорад, роҳҳои боз ҳам бештар комёб шудан дар ин соҳаро аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ мушаххас созад.
Н. САИДОВ, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои
ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2018    №: 221    Мутолиа карданд: 277
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед