logo

сиёсат

СОХТМОНЧИЁНИ НБО-И РОҒУН БО МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ САРФАРОЗ ГАРДИДАНД

14 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии Роғун ба беш аз 100 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни арсаи нангу номус мукофотҳои давлатӣ супурданд.
Қабл аз оғози маросими супурдани мукофотҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиронро ба муносибати рӯйдоди муҳими таърихӣ - ба кор андохтани агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии Роғун ва сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ самимона табрик гуфтанд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Неругоҳи барқи обии Роғун иншооти муҳиму стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, аз ин рӯ, роҳбарияти олии кишвар ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои бунёди неругоҳҳои хурду бузург дар қаламрави кишварамон ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар кард.
Таъкид гардид, ки бунёди пурраи ин кохи нур роҳи асосии ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил шудани Тоҷикистон буда, омили муҳимтарини таконбахши иқтисодиёти миллӣ, афзоиш ёфтани иқтидори содиротии кишвар ва, муҳимтар аз ҳама, боиси таъмин намудани сатҳи шоистаи зиндагии сокинони мамлакат мегардад.
Имрӯз дар маросими навбатии супурдани мукофотҳои давлатӣ аз корманди одӣ сар карда, то экскаваторчӣ, васлгару ронанда, нақбкану кафшергар, пармагару барқчӣ, дуредгару муҳандис ва роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ иштирок доштанд, ки дар қитъаҳои гуногуни ҷабҳаи нангу номус бо садоқат ба давлату миллат заҳмат мекашанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии Роғун” барои дастовардҳои баланди истеҳсолӣ, фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун 2 нафар бо ордени “Шараф” дараҷаи 2, 53 нафар бо медали “Хизмати шоиста” ва 48 нафар бо “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардиданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни супурдани мукофотҳои давлатӣ хизмати арзандаи ҳар нафари коргари Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун”, аз ҷумла сардорони раёсатҳои ширкат, васлгарон, ронандагони техникаҳои гуногун, нақбканон, кафшергарони газию барқӣ, таъмиргарони муҳаррик, челонгарон, пармагарон, устоҳои қитъаҳои сохтмонӣ, кормандони озмоишгоҳҳо, барқчиён, дуредгарон, назоратчиҳои қитъаҳои сохтмонӣ, истеҳсолотчиён, инчунин, пудратчиён - кормандони даҳҳо адад ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдудро, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ фаъолона иштирок кардаанд, махсус зикр намуданд.
Дар маросими мукофотсупорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи нафароне, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ шуданд, ба ифтихори рӯйдоди муҳим табрик гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва барори кор орзу карданд.
Пешвои миллат бори дигар ба ҳамаи коргарон барои хизмати шоиста ва ватандӯстонаву созанда дар назди халқу Ватан миннатдорӣ баён намуда, бо итминон иброз доштанд, ки онҳо минбаъд низ барои ободии кишварамон, пойдории сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти иқтисоди миллиамон ва амалӣ гардидани ҳамаи ҳадафҳои неки давлату Ҳукумат бо азму талоши дучанд заҳмат мекашанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2018    №: 221    Мутолиа карданд: 254

28.01.2020


Иқтидори энергетикии кишвар рӯ ба афзоиш дорад

Азнавбақайдгирӣ. Ҷараёни иҷро нигаронкунанда боқӣ мемонад

Тоҷикистону Эрон. Ҳамкориҳои гумрукӣ таҳким меёбанд

Ноҳияи Рӯдакӣ. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

СММ ИМА ва Россияро ба тамдиди созишномаи ССҲ-3 даъват намуд

Аксарияти нафароне, ки мубталои коронавирус шуданд, аз 60 - сола боло мебошанд

Дар Қазоқистон бо офияти занҳое машғул мешаванд, ки аз Сурия баргаштанд

Ҳамлаи малах ба Африқои Ҷанубӣ боиси нигаронии сахти СММ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

27.01.2020


«ҶОМИ РУШД - 2020». Наврасони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра гаштанд

Заминларзаи сахт дар Туркия ва ҳалокати 38 нафар

Зеленский аҳамияти музокироти бевосита бо Путинро таъкид дошт

Гуфтушуниди Лукашенко дар бораи хариди нафт бо ИМА, АМА ва Арабистони Саудӣ

Дар ИМА музокироти тиҷоратӣ бо Британияро дар як сол анҷом доданианд

Ҷаҳон дар як сатр

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед