logo

Хабарҳо

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – омили рушди бемайлони сайёҳӣ» ҳамоиш баргузор гардид.
Раиси кумита Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки Президенти кишвар ҳамчун сиёсатмадори дурандеш бо пешниҳоду ташаббусҳои байналмилалӣ дар ақсои олам мақоми хоса дошта, ин маҳбубият ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.
Зикр гашт, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла заминаи мусоид барои таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкорӣ, муаррифи фарҳанги миллӣ, набототу ҳайвонот ва манзараҳои беназири табиат ба ҳисоб рафта, ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Роҳбарияти Олии давлат қарор дорад. Маҳз бо дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ беш аз пеш ривоҷу равнақ меёбад.
Таъкид гардид, ки имсол ба Рӯзи Президент рост омадани санаи ба кор андохтани аввалин агрегати НБО - и Роғун басо рамзист. 16 ноябри соли ҷорӣ ҳамагон шоҳиди рӯйдоди муҳими таърихӣ мегардем. Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати якуми бузургтарин ва муҳимтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон – Неругоҳи барқи обии Роғун дар фазои тантанавӣ ба кор андохта мешавад. Бешубҳа, бунёди ин неругоҳи азим ба пешрафти соҳаҳои муҳим, аз ҷумла рушди инфрасохтори сайёҳӣ, мусоидат хоҳад кард.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 255

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед