logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКОБОД. ТАЪМИНОТИ АҲОЛӢ БО ШУҒЛИ МУФИД

Бо мақсади соҳибкасб намудан ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолии деҳот дар ноҳия  давоми соли равон курсҳои омӯзиши касбу ҳунар ва намоиши ҷойҳои холии корӣ ба роҳ монда шуданд. 
Тибқи иттилои Ҳилолӣ Фозилов, мудири шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия, дар ин давра 352 корҷӯй бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуд. Ҳамзамон, 160 нафар барои касбомӯзӣ ва 90 нафар  ба корҳои ҷамъиятӣ роҳхат гирифтанд.
Баробари таъминот бо ҷойи кор дар ноҳия ба шаҳрвандон кумакҳои молиявӣ низ расонда мешавад. Тайи 9 моҳи соли равон барои гирифтани қарзи фардии меҳнатӣ 136 нафар муроҷиат намудаанд, ки ба  79 нафари онҳо қарзи имтиёзнок дода шуд. Инчунин, 98 нафар кумакпулӣ гирифт. Дар 4 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 40 субъекти хоҷагидор ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия 105 ҷойи кор ва вазифаҳои озодро пешниҳоди корҷӯён намуданд. Дар натиҷа 45 нафар, аз ҷумла 17 бону соҳиби ҷойи кори доимӣ шуд.
Рушди сармояи инсонӣ дар ноҳия рӯ ба беҳбудӣ дошта, аҳолии қобили меҳнат дар муқоиса ба соли гузашта афзудааст. Тибқи маълумоти намояндагии  муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар ноҳия, баҳри соҳибкасб намудани аҳолии қобили меҳнат  курсҳои омӯзиши ҳунарҳои адрасбофӣ ва қуроқдӯзӣ ба роҳ монда шуданд. Барои аз худ намудани касбу ҳунарҳои мардумӣ  аз ҳисоби барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ 742 духтар ва 300 писар барои омӯзиши  ҳунарҳои мардумӣ  сафарбар шуданд. Дар  ин  давра, дар маҷмӯъ, 42 гурӯҳи омӯзишӣ бо фарогирии беш аз 900 касбомӯз ташкил ёфтааст ва ҳамаи касбомӯзон   ҳуҷҷатҳои тахассусиро ба даст оварданд.
Дар  литсейи касбӣ - техникии ноҳия низ маркази истеҳсолию таълимии қолинбофии дастӣ фаъолият дошта, дар он 40 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Ба ин хотир, дар доираи нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои фурӯши маҳсули дастии ҳунармандон дар бозори марказии ноҳия гӯшаи махсуси савдо  бо лавҳаҳои ороишию таблиғотӣ муҳайё карда шудааст.
Дилшод АМИРОВ, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2018    №: 222    Мутолиа карданд: 317
23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед