logo

иҷтимоиёт

ШОҲМОТ. АҚЛ ВА ЗИНДАГӢ

Бозии шатранҷ, ки дар аҳди қадим аз Ҳиндустон ба Осиёи Марказӣ ворид гашт, дар ҳаёти тоҷикон нақши муҳим гузошт. Бисёр шоиру нависандагони адабиёти классикии тоҷику форс дар васфи шатранҷ ғазал, қитъа, рубоӣ ва ҳатто қасидаҳо эҷод намуда, аҳамияти ин бозиро дар тарбияи ҷавонон, сайқал ёфтани ақлу заковати онҳо ва ҳамчун шахси таҳаммулпазир ба воя расидани насли наврас зикр намудаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бозии шатранҷ ҳамчун санъат, илм, нерудиҳандаи ақли солим, шаклдеҳи андешаи мантиқӣ, омӯзгори таҷрибаи амалисозии нақшаҳо ва эҷодкорӣ, таҳрикбахши афкор, сайқалдиҳандаи маҳорати таҳқиқотӣ, обутоби ҷисмонию равонии шахс, шакл гирифтани хислати офарандагию ҷӯяндагӣ  ва устувор намудани хотира нигариста, ба рушди он дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир месозанд. Аз ҷумла, 30 августи соли 2017 ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буданд: «Вазорати маориф ва илм дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус дар синфҳои равияи дақиқу табиатшиносӣ дарси шоҳмотро ҷорӣ намояд».  Зеро шоҳмот дар ниҳоди худ ҳамчун илм унсурҳои сохти ҷамъиятӣ ва муборизаро дар роҳи ба даст овардани комёбӣ дар зиндагӣ низ дорад ва онро на танҳо муборизаи ақлҳо, балки устувории асабҳо ҳам гуфтаанд.   
Чаро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷорӣ намудани дарси шоҳмотро дар мактабҳо зарур шумурданд? Чунки насли наврас бояд дар зиндагӣ тарзи андешаронии мантиқӣ ва суботкориро аз худ созад, зеро шоҳмотбози воқеӣ шахси қавирӯҳу ба мулоҳиза буда, ба ҳангоми душвориҳо зуд дилгиру рӯҳафтода намешавад ва ҳамеша аз пайи дарёфти ҳалли муаммо кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ба ин маъно Балтасар Грасиан гуфтааст:  «Вақте ки баҳс мекунӣ, онро ба монанди шоҳмотбоз боақлона пеш бар».
Вақте ки аз маршали Иттиҳоди Шӯравӣ И. Конев мепурсанд, ки шоҳмот чист, ӯ мегӯяд:
- Ба назари ман, агар шоҳмотро бозӣ пиндорем, пас, ягон бозӣ бо он дар сайқал бахшидани хотира ва андешаронии мантиқӣ, тарбияи худдорӣ, неруи ирода ва дигар сифатҳои мусбати одам баробар намеояд.
Чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмот Тигран Петросян доир ба аҳамияти шатранҷ иброз доштааст, ки шоҳмот аз рӯи шакл бозӣ, аз рӯи мундариҷа санъат, аммо вобаста ба беҳад бо душворӣ аз худ шуданаш, илм аст.
Нобиға Александр Сергеевич Пушкин, асосгузори адабиёти классикии рус, чун мебинад, ки яке аз аҳли хонаводааш ба омӯхтани шатранҷ машғул аст, мефармояд: «Сарфарозам аз он ки, эй фариштаи ман, бозии шоҳмот меомӯзӣ. Ин кори хайру ҳатмист барои ҳар як оилаи бофарҳанг». 
Дар хусуси аҳамияти шатранҷ адибон, донишмандон, сиёсатмадорон, шоҳмотбозони сатҳи ҷаҳонӣ андешаҳои ҷолиб иброз доштаанд. Аз ҷумла, Макс Вайс гуфтааст:  «Шоҳмот доруи ҳазорҳо мушкилоти зиндагист». Фридрихи Кабир, шоҳи Олмон, аҳамияти шатранҷро чунин шарҳ додааст:  «Шоҳмот дар ниҳоди шахс мустақилона фикр карданро тарбия менамояд». Блез Паскал низ дар ҳамин ақидааст:  «Шоҳмот ин гимнастика барои мағзи сар аст». 
Бернар Вербер ба бозии шоҳмот чунин ҷомаи фалсафӣ пӯшондааст: «Шоҳмот ба порсоӣ мебарад, зеро вай моро маҷбур месозад, ки ба фаҳми муборизаи байни ду неру – сафед ва сиёҳ бирасем, ки рамзи некӣ ва бадӣ, мусбат ва манфӣ мебошанд. Онҳо имкони дарк кардан медиҳанд, ки дар ҳаёт ҳар нафар нақши муайяне, вале истеъдоди гуногун дорад: пиёда, савора ва ё фарзин, аммо вобаста ба қобилияти худ пиёдаи одӣ ҳам метавонад ба шоҳ мот эълон намояд».
Яъне, насли наврасе, ки имрӯз дар мактабҳо дарси шоҳмот меомӯзад, истеъдоди фитрии худро сайқал бахшида, фардо ба мутахассиси болаёқату соҳибистеъдод табдил хоҳад ёфт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли ҷорӣ дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил чунин тазаккур доданд: «Сатҳи маърифат, одобу ахлоқ ва саъю талоши насли имрӯза, яъне фарзандони замони истиқлолият, моро ба ояндаи неки онҳо эътимод мебахшад».
Қурбон МАДАЛИЕВ,
«Ҷумҳурият»


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2018    №: 222    Мутолиа карданд: 338
23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед