logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол
бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

БА ИФТИХОРИ ИФТИТОҲИ АГРЕГАТИ ЯКУМИ НБО РОҒУН
1. НБО дар Чин
2. НБО дар Судан
3. НБО дар Туркия
4. НБО дар Колумбия
5. НБО дар ИМА
6. НБО дар Ҳиндустон
7. НБО дар Тоҷикистон
8. НБО дар Малайзия
9. НБО дар Бразилия
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА

93-547-00-05 Вайбер, Bzm_701@mail.ru
(Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 – 40


МОДАРИ МАРО БАРГАРДОНЕД!
Роҳгузаре кӯдакеро болои санг гирён дид. Наздик омаду пурсид:
- Писарҷон, чаро гиря мекунӣ?
Кӯдак ҷавоб  надод.
- Магар бозичаатро гум кардӣ?- боз пурсид мард.
Писарак бо ишораи сар инкор кард.
- Пас, чизи қиматтаре гум кардаӣ...
Кӯдак бо чашмони маъсумаш ба мард назар карду гуфт:
- Бале!
Мард гуфт:
- Бигӯ, бидонам, чист он, ки гумаш кардаӣ, то дубора бароят баргардонам?
Писарак гуфт:
- Яқинан, мутмаинӣ, ки чизи гумкардаамро ёфта, бармегардонӣ?
Гуфт:
- Оре, чун хеле сарвати зиёд дорам!
Писарак дар ҳолате, ки  ашки чашмонаш аз нав  шашқатор шуданд, хеле бо алам нидо кард:
- Эҳ амак, қиматтарин шахсамро,  модарамро гум кардаам. Агар сарвати зиёд дорӣ, бидеҳу ӯро ба ман баргардон!
Мард, ки гумони шунидани чунин суханро надошт, аз ноилоҷӣ гирист. Ва ҳангоме ки  ашк гулугираш карда буд, сари писаракро болои синааш гирифту гуфт:
- Писарҷонам, ман 40 сол пеш ин сарватро аз даст додаам ва то имрӯз ҳарчанд меҷӯям, дигар  намеёбам.
Ҳикмат: пеш аз он ки молеро аз даст медиҳем, кӯшиш намоем, то ба қадри он аз сидқ бирасем.
Таҳияи Нигинаи РАҲМОН


СУД. ДАЪВОҲОИ ҒАЙРИОДИИ ИНСОНҲОИ ОДӢ
Одамон, аслан, барои он ба суд муроҷиат мекунанд, ки ҳақиқат ва адолат тантана кунад. Ва ин як кори маъмулист. Аммо, вақте одамони одӣ ба суд муроҷиатҳои ғайриодӣ мекунанд, ин воқеан, аҷиб аст.

ШИКОЯТ АЗ ХУДО
Судяҳо ба муроҷиати ғайриодӣ ва баъзан хандаовари одамон одат кардаанд. Муроҷиатҳо гуногунанд: муроҷиат барои ҳимояи ҳуқуқи муаллиф, ҳалли масъалаҳои оилавӣ ва шахсӣ, норизоӣ аз барномаи коиноти НАСА ва ҳатто шикоят аз Худованд.
Ба суд муроҷиат кардани сенатори штати Небраска Эрин Чемберс ҳамаро ба ҳайрат гузошт. Вай ба суд аз болои Худованд шикоят кард, ки гӯё ӯ вақтҳои охир ба одамон офатҳои табиӣ ва ҳар гуна фалокатҳоро бисёр мефиристад. Ин ҳодиса дар ҳафтаномаи «Times» ба таври муфассал дарҷ шудааст ва муаллиф нишон медиҳад, ки шӯхӣ ҳатто ба ин гуна одамони ҷиддӣ, яъне сенаторон низ хос аст.
Шикояти сенатор ниҳоят бекор гардид, зеро барои ирсол намудани даъватномаи ҳозиршавӣ ба суд, суроғаи зисти Парвардигорро наёфтанд.
Таҳияи О. ВАФОБЕК


Инсон се роҳи ба камол расидан дорад: якум, наҷибтарини аз роҳҳо –  андешидан; дуюм, аз ҳама осон – тақлид; сеюм ва аз ҳама талх – таҷриба андӯхтан.
*************************************************
Метавонӣ тамоми умр торикиро нафрин хонда, зиндагӣ кунӣ, вале, ҳамзамон, мешавад, ки шаъмеро барои худ фурӯзон намоӣ.
*************************************************
Ҳеҷ вақт дар бораи худ на хуб бигӯеду на бад. Дар ҳолати аввал бовар намекунанд, дар ҳолати дуюм, ҳатман, аз паша фил месозанд.
Конфутсий
Таҳияи М. ОДИНАЕВА


КӮДАКОНЕ, КИ ҶАҲОНРО БА ҲАЙРАТ ОВАРДААНД
ҲАЙДИ ХАНКИНС
Ҳанӯз 4 - сола буд, ки ба ташкилоти «МЕНСА» пазируфтандаш. Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки сатҳи зеҳнии ӯ баробар ба 159 IQ мебошад. Ин нишондод барои  ҳамагон ҳайратовар буд, зеро аз он гувоҳӣ медод, ки сатҳи зеҳнии Ҳайди наздик ба сатҳи зеҳнии Алберт Эйнштейн аст. Барои  аз санҷиш гузаштан ва муайян кардани сатҳи зеҳниаш мураббии духтарак ба волидонаш муроҷиат намуд. Гуфт, ки Ҳайди  қобилияти фавқулода дорад, барои ҳамин, ӯ  ҳар дафъа барояш бозиҳои махсус фикр мекунад.
Воқеан, қобилияти ӯ аз хурдӣ ҳамагонро ба ҳайрат оварда буд. Атрофиён вақте фаҳмиданд, ки Ҳайдии 14 - моҳа аллакай расм мекашад, ба ваҷд омаданд. Дар якунимсолагиаш хондан ва кор бо компютерро аз худ кард. Дар 2 - солагӣ то  40    ва баръакс мешуморид. Аллакай дар ҳамин син ба китобҳое, ки барои  калонсолон пешбинӣ шуда буданд, таваҷҷуҳ менамуд. Арифметика ва  кашидани фигураҳои геометриро, ки мактаббачагон аслан дар синфи  7 - ум меомӯзанд дар 4 - солагӣ аз худ кард. Ҳоло низ дар фикрронӣ ва аз худ намудани дарсҳо  аз ҳамсолонаш хеле пеш аст.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


АНТОША ЧЕХОНТЕ
Чехов нисбат ба тамоми шахсиятҳои дигари адабиёт зиёдтар имзои мустаор доштааст. Ӯ дар ҳикояҳояш, ҳатто, имзоҳое чун «Дьяденка» ва «Шампанский»-ро низ истифода бурдааст. Ба гуфтаи худаш, миёни дастикам панҷоҳ имзои мустаор «Антоша Чехонте» - ро бештар аз ҳама дӯст медоштааст.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА


COMMON SWIFT BIRD
Аҷобати як паранда
Дар Аврупо ва Осиё парандае ба номи «common swift bird» вуҷуд дорад, ки қодир аст 12 моҳ (як соли комил) парвоз кунад. Ин паранда метавонад дар ҳаво ғизояшро пайдо намояду ҳамон ҷо хоб равад. Ҳаҷми ин паранда миёна (аз фароштурук андак бузургтар) буда, суръати ҳаракаташ ба 110 километр дар 1  соат мерасад. Он дорои болҳои нисбатан дароз буда, пойҳояш кӯтоҳ ва заиф мебошанд. Парандаи мазкур ҳамеша лонаи худро барои тухмгузорӣ дар маконҳои баланд ва дастнорас бунёд мекунад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


ҚОБИЛИЯТҲОИ ҒАЙРИОДИИ ОДАМОНИ ОДӢ
“ОДАМИ БАРҚӢ”
Раҷ Моҳан вақте модарашро аз даст медиҳад, ҳафтсола буд. Шояд аз ҳамин сабаб инро таҳаммул карда натавониста, ба худкушӣ даст мезанад. Ӯ бо ин мақсад ба симчӯб баромада, сими лучи барқро меқапад, аммо тааҷҷубовар ин аст, ки ҷон ба саломат мебарад. Баъдан мефаҳманд, ки ҷисми ӯ қобилияти тоб овардан ба қувваи барқро дорад. Тавассути бадани ӯ метавон то 10 ампер қувваи барқро гузаронд. Пас аз анҷоми ин кор ҷисми ӯ як лаҳзае суст мешаваду халос. Аз ин рӯ, “одами барқӣ” – аш ном ниҳодаанд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


ГАНҶИ  ШОЙГОНИ КИШТИҲОИ  ҒАРҚШУДА
Садамаи SS Republic
Соли 1865 киштии SS Republic ба маблағи $40 ҳазор танга мекашонд, ки дар наздикии соҳили иёлати Ҷорҷия тӯфон ғарқ кунондаш.  Дар куҷо зери об хобидани онро пас аз 130 сол ширкати “Odyssey» муайян кард. То ба имрӯз аз киштии шикаста зиёда аз 51 ҳазор тангаи тиллою нуқраи ИМА, ҳамчунин, қариб 14 ҳазор артефакт, ки дар миёнаш ҳазорҳо адад шишаю истакон ва зарфи сафолӣ буд, бароварда шуд. Дороии он ба $180 миллион баробар аст.
Тарҷумаи Хуршеди ҶОВИД


10. ҶОНВАРИ ОБИЕ,  КИ НОТАКРОРАНД
2. МОҲИИ ХУШКИГАРД
Дар гӯшаҳои хилвати баҳру уқёнусҳо ва кӯҳу ҷангалзорҳо бо ҷонвароне дучор мешавем, ки рафтору тарзи зисташон моро дар ҳайрат мегузоранд. Масалан, дар Сейлон моҳиҳое ҳастанд, ки дар ду шароит – обу замин озодона ба сар мебаранд. Ин моҳиҳо ҳангоми хушк шудани оби кӯлу дарёҳо ба соҳил баромада, то кӯлҳои наздиктарин бемалол хазида мераванд. Одамони зиёд аз гӯшаву канори дунё маҳз барои тамошои хазидани моҳиҳо ҷамъ мешаванд.
Аҷибии ин ҷонварон боз дар он аст, ки роҳҳоро ба самти кӯлу дарёҳои атроф бехато муайян карда, ба он ҷо хазида мераванд. Онҳо дар хушкӣ зиёда аз як ҳафта зиста, аз 1 то 2 километр масофаро ба осонӣ тай мекунанд.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ДОРОТАРИН БОНУВОНИ ҶАҲОН
АЙРИС ФОНТБОНА
Ин бонуи 74 - солаи чилигӣ 13, 7 миллиард доллари амрикоӣ дорад. Ӯ аз ҷумлаи занҳоест, ки  бо даргузашти шавҳар умедашро аз зиндагӣ наканд. Аз ҳисоби миллиардҳои шавҳар фарзандонро хуб ба воя расонд. Тиҷорати оилавиашонро рушд дод.
Эътимоду боварӣ ва нотарсона ба сӯйи пеш  рафтан Айрисро дар қатори занони сарватманди дунё  соҳибмартаба намуд.
Таҳияи  Иронбӣ МӮСОЗОДА


МАҲРУМИЯТИ АБАДӢ АЗ БОЗИИ ФУТБОЛ КӢ ВА БАРОИ ЧӢ МУҶОЗОТ ШУД?
5. Георгис Катидис
Футболбози юнонӣ дар бозӣ бо клуби «Верия» ҳаракати имову ишораи натсистиро нишон дод ва Федератсияи футболи Юнон Георгисро абадан аз бозии футбол маҳрум кард. Катидис пас аз задани гол ба самти сектори фанатҳои клуби АЕК давид ва бо имову ишораи даст ба минбари мухлисон муроҷиат намуд. Футболбози юнониро ҳамоно аз майдон хориҷ намуданд ва ҳафтаи дигар ӯ маҳрумияти абадиро аз иштирок дар чемпионати кишвар дарёфт кард. Пас аз ду сол дар нимҷазираи зодгоҳаш ҷазои Георгис бекор карда шуд, зеро худи сектори фанатии АЕК рӯҳияи неонатсистӣ нишон медод. Ба ин хотир, ҷурми асосӣ ба намояндагони миллатгароҳои ашаддии юнонӣ вогузор шуд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ҚАҲРАМОНҲОИ ВОҚЕИИ СИНАМО
Мо андеша дорем, ки ситораҳои синамо танҳо рӯи парда қаҳрамонӣ мекунанд. Аммо аксари онҳо дар зиндагӣ низ қаҳрамон буданашонро борҳо собит намудаанд.
Ҳунарманди бритонӣ Бенедикт Камбербэтч моҳи июни соли ҷорӣ хизматгори ғизорасонро аз гурӯҳи ғоратгарон наҷот дод. Вақте иҷрокунандаи нақши Шерлок Ҳолмс ба хонааш бармегашт, дид, ки 4 нафар ба хизматгор дарафтода, ғизоҳояшро рабуданианд. Ӯ зуд аз мошин пиёда шуда, ба кумаки ҷавон шитофт.
Ситораи Ҳолливуд  Кейт Уинслет дар зиндагӣ низ қаҳрамон буданашро ҳанӯз соли 2011 собит намуда буд. Ӯ ҳамон сол дар ҷазираи хусусии продюссер Ричард Брэнсон, воқеъ дар баҳри Кариб, дам мегирифт. Шаб раъду барқ шуда, оташаки он ба боми онҳо афтиду хона оташ гирифт. Кейт зуд ба сӯйи модари 90 – солаи Брэнсон шитофт. Аҳли оилаи  Брэнсонҳо танҳо вақте мадарашонро ба ёд оварданд, ки ӯро дар оғӯши Уинслет диданд.
Дар соли 1997 ҳунарманди шотландӣ Ҷерард Батлер ҳангоми аз об баровардани писарбачаи хурдсол худаш низ қариб буд, ки ғарқ шавад. Вақте як илоҷ карда аз об баромад, бо тамоми қуввааш ба сӯи табибон шитофт. Ӯ аз он сахт тарсида буд, ки писарро дар вақташ ба табибон расонда наметавонад.
Таҳияи М. ТАБАРӢ


ПАНД
Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд:
- Кадом талхӣ бошад, ки оқибат ширин шавад.
Гуфт: - Сабр.
Боз гуфтанд:
- Кадом шириние бошад, ки охир талх гардад?
Гуфт: - Шитоб.
Ва боз гуфтанд:
Кадом пироҳанест, ки ҳаргиз куҳна нагардад?
Гуфт: - Номи нек.
Зебунисо ҲАМИДЗОДА,
донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон
ба номи С. Улуғзода


САХОВАТМАНДТАРИН ШАХСИЯТҲОИ ОЛАМ
ЧАРЛЗ ФРЭНСИС ФИНИ
Маблағи умумии хайрияи ин ҷавонмард - 6,3 миллиард доллар, сармояи худӣ - 1,5 миллион, индекси  саховатмандиаш бошад, ба 420  баробар аст. Фини, ки бо тахаллуси «Ҷеймс Бонди накукор» маъруф аст, ният дорад тамоми дороияшро хайр намояд.
Ҳоло дороияш то 1,5 миллион доллар кам шуда бошад ҳам, саховату эҳсонкориро қатъ накардааст. «Atlantic Philanthropies” - фонди аз ҷониби Фини таъсисёфта соҳаҳои тандурустӣ, маориф, илм ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонро дар якчанд кишвар, аз ҷумла ИМА, Ветнам ва ҷазираҳои Бермуд дастгирӣ мекунад.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


1000. ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
ТАРАБХОНАИ АРЗОН
Соҳиби тарабхонаи «Ҷеймс Кук» дар Зеландияи Нав барои ҷалби мизоҷон аҷаб ҳилае ба кор бурд: вай ба меҳмонон пешниҳод намуд, ки касе зарфҳои таоми хӯрдаашро ҷамъ карда шӯяд, 5 марка камтар пардохт менамояд; касе фарши ошхонаро покиза намояд, 10 марка имтиёз мегирад. Барои тамйизи мабраз хӯҷаини тарабхона мукофот таъсис дод: мизоҷ ҳуқуқ пайдо мекард, ки ду маротиба: рӯз ва шаб дар тарабхона бо ҳамроҳии аҳли оилааш аз рӯи хости худ бепул ғизо фармоиш диҳад, ҳатто нӯшокиҳо низ.
Қурбон МАДАЛИЕВ,  тарҷума аз русӣ


СЕ НАБАРДИ РЕКОРДӢ
Бокси касбӣ ҳама вақт бизнес буду мемонад. Дар набардҳо байни ситораҳои ринг маблағҳои калон - даҳҳо ва ҳатто садҳо миллион доллар фоида ба даст меояд. Аҷобаташ дар он аст, ки ҳамаи набардҳои рекордӣ (се набард) бо иштироки Флойд Мейвезери афсонавӣ сурат гирифтаанд. Ин муштзан ҳамаи рекордҳоро ноил гаштаву тӯли фаъолияти касбии хеш зиёда аз як миллиард доллар даромад кардааст.
1. ФЛОЙД МЕЙВЕЗЕР - САУЛ АЛВАРЕС 150 МИЛЛИОН ДОЛЛАР
Моҳи сентябри соли 2013 дар MGM Grand Las Vegas ду муштзани мағлубнопазир дар вазни миёна бо ҳам вохӯрданд. Тамоми чиптаҳо барои тамошои набард дар давоми камтар аз як шабонарӯз ба фурӯш рафтанд. Нархи миёнаи ҳар як чипта то ба 1200 доллари амрикоӣ дакка зад.
Даромади умумӣ, якҷоя бо фоида аз гузоришҳои телевизионӣ – зиёда аз 180 миллион долларро ташкил дод.
Флойд бештар аз 75 миллион ва ҳарифаш 15 миллион доллар музди заҳмат гирифтанд. Алварес тамоми 12 раунд тоб овард ва бо қарори доварон мағлуб шуд.
Таҳияи Умар АЛӢ

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2018    №: 223 -224    Мутолиа карданд: 427
27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед