logo

сиёсат

НАМОДИ АСЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Пешвои воқеии миллат шинохта шудан дар масири таърих ба кам шахсиятҳо муяссар гаштааст. Президенти мо Эмомалӣ Раҳмон  ба шарофати фаъолияти созандаву бунёдкорона ва муҳаббате, ки байни  мардуми кишвар ва тоҷикони дунё доранд, ҳамчун Пешвои миллат шинохтаву пазируфта шудаанд.
Асл ва асоси пирӯзиҳои таърихии Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои олии миллӣ ва барномарезиҳои дақиқу созандаи ӯст, ки бо неруву иродаи бузурги ватанхоҳию ватандорӣ дар сатҳи сиёсати давлатӣ барои эҳёи иқтидори маънавии тоҷикон ҳама восита ва заминаҳоро муҳайё сохт. Ҳамин сиёсати хирадмандона буд, ки ҷомеаро аз буҳрони амиқи сиёсӣ берун овард. Дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърих бори дигар собит сохт, ки наҷоти ҳар давлату миллат дар лаҳзаҳои ҳассосу фоҷиабор ба зуҳури шахсияти бузург вобастагии зич дорад. Падид омадани  чунин шахсияти  барҷаставу нотакрор  бахти тоҷикон буд, зеро миллатро сарҷамъ намуд ва ба кишвар истиқлоли воқеӣ овард.
Маҷрои зиндагӣ ҳамвора равон аст, вале осоре аз худ мемонад. Бани одам борҳо яқин карда, ки соҳибистеъдодони бузург ҳамеша дар он ҷое зуҳур мекунанд, ки барои пайдоиш ва нумӯи онҳо заминаи мусоиди иҷтимоӣ вуҷуд дошта бошад. Баъд аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон дар ҷодаи  тараққиёти мустақил қадам ниҳод, вале, дафъатан гирифтори тӯфони  фалокатбор гардид. Ва ин айёми пурпечутоб ба арсаи сиёсат Эмомалӣ Раҳмонро овард ва намоди асли Истиқлолияти Тоҷикистон гардид.
Шахсияти Президент Эмомалӣ Раҳмон, қисмати  ӯ аз  бисёр ҷиҳат беҳамто ва нотакрор аст, вале айёме, ки мо ба сар мебарем, низ ба худ назир надорад ва пур аз ҳаводиси ногаҳонист. Андешаҳои халқпарваронаи Президент дар лаҳзаҳои ҳассостарини ҳаёташон низ эшонро тарк намекунанд. Шоҳидони  ҳол гувоҳанд, ки ҳангоми суиқасди ноҷавонмардона ба ҷони Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд аввалин ҳарфи Президент аснои захмӣ шудан ин буд: «Халқ гуноҳ надорад. Ин кори қотилони зархарид аст».
Тавассути ранҷи чорякасраи Пешвои муаззам моро зиёда аз 150 давлат шинохт, миллат сарҷамъ шуд ва аз ҳама муҳимаш зиндагии шоиста насибамон гардид. Ҳар як муроҷиати Сарвари давлат аз ҷониби халқ бо ҳамовозии гарму  ҷӯшон баҳри он дастгирӣ меёбад, ки Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи сарвароне ҳастанд, ки ба шодиву ғами мардум доим шарик буда,  маҳбубияти хоссаеро соҳиб шудаанд.
Аз ин лиҳоз, агар бигӯем, ки Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллат, раҳнамо, ҳидоятгари мо ва сиёсатмадори шинохта дар ақсои оламанд, саҳве нахоҳад шуд. Ғояи сулҳу оштӣ ҳамдигарбахшию ҳамдигарфаҳмии тоҷиконро ба миён овард. Боиси фахр аст, ки имрӯз таҷрибаи сулҳофарии миллати моро ҷаҳониён меомӯзанд. Равобити иқтисодиву дӯстона бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон сол ба сол густариш меёбад. Ин ҳама беҳтарин марҳилаҳо аз сиёсати оқилона ва дурбинонаи бунёдгузори давлати навини тоҷикон - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Ба мисли  президент Авраам Линколн, ки дар замони худ барои ягонагии ҷомеаи амрикоӣ талошҳо  варзида буд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки суннатҳои давлатдорӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистонро маҳфуз доранд. Ин бузургтарин хизмат дар назди халқи хеш ва наслҳои оянда мебошад.  
Рустамҷон ОДИЗОДА, мудири бахши фарҳанги
мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳияи Ашт


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2018    №: 223 - 224    Мутолиа карданд: 213

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед