logo

сиёсат

РОҒУН ДАР СИМОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва шукуфоии кишвари азизамон ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Маҳз ҷаҳду талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат ва ҳадафҳои стратегии ба миён гузоштаи он кас буд, ки имрӯз Тоҷикистони азиз давра ба давра ба  дастовардҳои таърихӣ ноил гардида истодааст. Таърих ва тамаддуни халқияту миллатҳои гуногун кору пайкор ва заҳмату талошҳои шахсиятҳои сарсупурдаи худро дар назди мардум ба таври равшан ва чун чеҳраи мондагору воқеан ҷонфидо нишон медиҳанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии Ватан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 боздидҳо ба ноҳияи Айнӣ шаш сафари корӣ анҷом доданд, ки зимни ин боздидҳо навгониҳои зиёде ба амал омадаанд.
Сарваре, ки суханашон бо амалашон якест, барои мардуми замоне дар азоби ағбаҳои душворгузар монда, нақбу роҳҳои ҳамвор бунёд карданд. Рӯйдодҳои таърихии кушодашавии нақби “Истиқлол” ва баъдтар нақби “Шаҳристон”, азнавсозии роҳи Айнӣ - Панҷакент бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Ормону орзуҳои чандинсолаи мардуми Тоҷикистон ва, бахусус, мардуми ноҳияи Айнӣ ҷомаи амал пӯшиданд.
Бо бунёди хати интиқоли барқи 500 - киловолтаи “Ҷануб - Шимол” ва зеристгоҳи барқии 220 - киловолтаи Айнӣ - Панҷакент мушкилоти таъминоти аҳолии вилояти Суғд ва ноҳия бо неруи барқ пурра ҳал гардид.
18 октябри соли 2015 ба номусоидии боду ҳаво нигоҳ накарда Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия ташриф оварда, маҷмааи таърихию фарҳангии шоири ширинкалом Нақибхон Туғрал ва қасри фарҳанги ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Соли равон Сарвари давлат ба мавзеи Канчочи ноҳия ташриф оварда, барои сохтмони заводи коркарди тилло санги асос гузоштанд. Хизматҳои беандоза, дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ноҳия аз ноҳияи аграрӣ - саноатӣ пурра ба ноҳияи саноатӣ табдил ёфт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ин нуктаи муҳим ҳангоми ба истифода додани бинои  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и деҳаи Сангистон чунин зикр намуда буданд: “Дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон ноҳияи Айнӣ дар натиҷаи заҳмати пайвастаи мардум аз ҳолати субвенсияи давлатӣ баромада, айни замон соҳаи иҷтимоии худро аз ҳисоби даромади буҷети маҳаллӣ таъмин менамояд”.
Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои мушаххасро таҳия намуда, барои амалӣ гаштани онҳо пайваста чораҷӯӣ карда истодааст.
Вобаста ба ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - истиқлолияти энер-гетикӣ ва, бахусус, сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун гуфтаниям, ки тайи чанд соли фаъолият дар Вазорати энергетика ва захираҳои об ва ширкати “Барқи тоҷик” бо рафти корҳои сохтмони Роғун аз наздик шинос шуда будам. Аз лиҳози он, ки  ин неругоҳи Роғун яке аз иншооти бузурги энергетикӣ маҳсуб ёфта, ояндаи наздик истиқлолияти энергетикиро таъмин менамояд. Пешвои муаззами миллат заҳматҳои шабонарӯзӣ намуда, ба ҳамаи сахтиҳо ва монеаҳо тоб оварда, баҳри шаффофият ва гузарондани ташхиси байналмилалии лоиҳа соли 2007 Бонки ҷаҳонӣ ва ташкилоту ширкатҳои бонуфузи энергетикии ҷаҳониро ҷалб намуданд, то  ки бехатарии ояндаи неругоҳи азим ва аз нигоҳи техникӣ-иқтисодӣ ҷавобгӯ будани он мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ тасдиқ карда шавад. Дар ин давра чандин гуфтушунид ва музокираҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Алмаато, Москва доир шуданд. Ҳамин тавр, марҳалаи арзёбии асосноккунии техникиву иқтисодӣ ва таъсири иҷтимоиву экологии лоиҳа, гуфтушунид ва омӯзишу таҳқиқоти лоиҳа соли 2014 бомуваффақият ба анҷом расид, ки ин раванд 7 сол идома ёфт. Натиҷаҳо муайян намуд, ки сохтмони неругоҳи Роғун на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кишварҳои ҳамсоя ва минтақа манфиатовар аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисту нуҳуми октябри соли 2016 ҳангоми суханронӣ дар маросими бастани пеши маҷрои дарёи Вахш, ки бевосита дар сари чамбараки трактори пуриқтидор маҷрои дарёи Вахшро дигар карданд, чунин таъкид намуда буданд: “Расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан - мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд.
Яъне, имрӯз рӯзи равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад”. 
Инак, ин рӯзи таърихӣ, яъне ба кор андохтани чархаи аввали неругоҳи Роғун дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16 ноябр басо рамзӣ буда, бори дигар аз қавлу амали ягона, ҷасорату матонат ва созандагиву бунёдкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Ба назар мерасад, ки ин рӯйдоди таърихӣ, яъне расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро комилу пурра мегардонад. Зеро, тавлиди нуру рӯшноӣ нишонаи ободиву сарсабзӣ, пешрафту тараққӣ ва шукуфоии кишвар аст. Роғун иншооти тақдирсоз ва рамзи нангу номуси миллии халқи тоҷик, нишони ормонҳои чандинсолаи халқи заҳматқарини тоҷик, шаҳодати ҷаҳду талошҳои пайвастаи ин мардуми сарбаланд аст.
Мардуми ноҳияи Айнӣ аз ҳаррӯза дида зиёдтар ба ин Ватану сарзамини биҳиштосои худ дилбастагӣ доранд ва дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида, мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муттаҳидиву якдилӣ даъват менамоянд. Ваҳдат, якпорчагӣ ва сулҳу суботи миллати худро дар қалбҳои оташин,  дар рӯи дастони меҳнатқарин ва дар шонаҳои Рустамона ҳифзу нигаҳдорӣ менамоянд, зеро Ватан, ин ман, Ватан, ин ту, Ватан, ин мо ва Тоҷикистони азиз аст. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи нури Раҳмонӣ, рӯзи Роғун муборак ҳамдиёрони азиз.
Неъматулло РАҲМАТУЛЛОЗОДА,
раиси ноҳияи Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2018    №: 223 - 224    Мутолиа карданд: 282
27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед