logo

иҷтимоиёт

НУРБОРОН БОД ЗИНДАГИИ ХАЛҚ!

Роғун башорат аст.
Роғун, Роғун. Эй сафои орзу, эй ҷилои армони миллати соҳибтамаддун.
Роғуно, Роғун.  Вожае дурахшон, вожае нусратбахш, вожае ҳумоюн.
Роғун, Роғун... Ҳамнавои гулгун, ҳамрадифи шогун.
Роғун, Роғун, Роғун. Чи вожаи зебо, чи вожаи ширин, чи вожаи серун, чи вожае, ҷилобахши садҳо мазмун.
Ҳанӯз истгоҳи барқии Роғун  дар оғози бунёд буд, ки ин вожа бо ҷилои дурахшонаш дилу ҷони мо, роҳи имони моро рӯшан мекард.
Ҳанӯз истгоҳи барқии Роғун ба кор оғоз накарда буд, ки ин вожа бо гармии умедбахши худ  хонаҳои моро дар сардиҳо гарм медошт, зеро дилу ҷони моро гарм карда буд.
Вожае, ки дар худ армони ҳазоронсолаи як халқи равшанравонро инъикос кард.
Вожае, ки дурахши меҳр, муҳаббат ва самимияти як миллат гардид.
Вожае, ки ба мо  бовар бахшид ва раҳнамоямон ба сӯи оянда шуд.
Роғун. Вожае, ки чун қасам дар забони халқи мо садо дод. Қасами муҳаббат, қасами садоқат, қасами ватандорӣ!
Роғун.  Ангезаи эҷод, заминаи бунёд, таровати имдод, чӣ маъниҳое, ки ин як вожа аз ниҳоди худ ба мо бикшод.
Дар ин вожа садоқат ба Ватан, муҳаббат ба озодӣ ва эътимод ба Истиқлолияти давлатӣ падидор гардид. Зеро дар бунёди Роғун халқи некманиш ва заҳматпарвари мо дурахши наҷоти худро дарёфта буд.
Роғун вожае гардид муқаддас, зеро халқи моро бори аввал дар таърих чунин бо эътимод ба ҳам овард, зеро бунёди он ҳадафи баланди миллии тоҷикон гардид. Водошт, ки тамоми мардуми тоҷик сарфи назар аз  маҳал ва мансубиятҳои дигар ба ҳам оянд, ба ваҳдат ва ягонагӣ бирасанд.
Роғун. Дар тӯли 70 километр нақбҳои боҳашамати зери кӯҳҳо, ки ҳосили кору пайкор, заҳмату шуҷоат ва ҷоннисориҳост. Дидани он, ки чӣ гуна инсон сангу  оҳанро дар ҳарорати  муҳаббату садоқат дар кафи худ об кардааст, дидани пирӯзии инсон бар аждари обҳову ғӯли кӯҳҳо, дидани Роғун аст.
Роғун майдон аст, корзор аст, мактаб аст: майдони ҷавонмардӣ, корзори ҷоннисорӣ ва мактаби худшиносии миллӣ.
Роғун - садоқат, Роғун - бовар, Роғун - таҳаммул,  Роғун - дониш, Роғун - ҳунар, Роғун - дӯстӣ, Роғун - бародарӣ ...
Аммо, Роғун, пеш аз ҳама, таҷассуми муҳаббати Ватан аст. Таҷассуми симои бешикасти халқи мост.
Оқибат Роғун имтиҳон аст, имтиҳони асолати инсонию миллии мо - тоҷикон. Имтиҳоне, ки миллати тоҷик дар он тамоми сифатҳои баланди инсонию башарию таърихии худро тавонист ҷамъ овардан.
Кас мехоҳад нидо кунад: Зиндаӣ ту, эй хуҷаста миллат. Зиндаӣ ту, эй сиришти нек. Инак, фаро расид он лаҳзаи муқаддас, лаҳзаи подошҳо, пирӯзиҳо. Подоши заҳматҳои ҷоннисорона, ҷавонмардиҳо, подоши садоқат ва муҳаббат. Инак, нахустин агрегати барқии Роғун ба кор андохта мешавад.
Бале, афсона ҳақиқат мешавад, пирӯзӣ мунаввар мегардад.  Равшанӣ ва гармии ин муҳаббат, ки ҷуз муҳаббати Ватан нест, бо суръати нур ҷаҳонро фаро мегирад, мерасад ба ҳар дил, ба ҳар хона.
Роғуно, Роғун! Чӣ неруе тавонистааст туро дар ин замони тӯфонзо ҷоннисорона алайҳи ҳама садҳои гарон  бунёд намояд? Муҳаббати Ватан? Садоқати диёр? Андешаи ояндаи зебо? Бале!  Боз шояд нанги ватандорӣ, армони миллӣ. Бале!
Лек  ҳадафи волотар - бунёди хештан, бунёди асли худ, эҳёи тоза ёфтан, аз нав, аз пайкари рехта сохтани сиришти тозаи худ ҳадафи муқаддасе буд, ки моро раҳнамо  буд. Ёфтани симои  аслии худ аз моварои обу оташу санги Ватан. Бунёди симои воқеӣ ва арзандаи хеш дар ҷаҳони мураккаби муосир. Симои шоистаи миллати нуровар.
Аммо навиштаи мо ҳанӯз ҷамъбаст нашудааст. Симои адолат, муҳаббат, садоқат...  Инҳо ҳама воқеан симои Роғунанд. Аммо, азизон! Оё метавон дар ин маврид унвонеро ёбем, ки ба ҷои ин вожаи дурахшон, яъне Роғун, монему маъно гум нашавад? Мантиқан ҳама маъниҳои асливу маҷозиву рамзии онро дар худ таҷассум созад?
Бале, метавонем ва бо камоли бовар ва дили пур мегӯям, ки ин унвон Пешвои миллат ва ин ном Эмомалӣ Раҳмон аст.
Оё метавон бунёди Роғунро, ки лаҳзаҳои мушкилтарин, шадидтарин, ноумедиҳову хатарҳои маҳв шудану ба коми адам рафтан, лаҳзаҳои дар номуайянӣ муаллақу бепаноҳ монданро пушти сар кардааст, бе муҳаббати баланди ватандӯстӣ, бе истодагарӣ, бе сабру таҳаммул, бе ҷоннисориҳои ҷавонмардона, бе хирад ва зиракӣ,  бе саҳми бузурги маънавию ҷисмонии шахсии ӯ тасаввур кунем?!
Ин, ки дар он рӯзгор ҳама олам муқобили бунёди Роғуни мо гардид, аммо ӯ сар нафаровард; ин, ки дар ин ҷабҳа як худаш монду ин борро ба тахтапушт бардошт, ин, ки сели даҳшатангези ҳодисот мерехту ӯ ба сина пеши роҳи онро  бубаст, аммо таслим нашуд, ин қадар хатарҳои таҳдидангезро қаҳрамонона таҳаммул ва пушти сар кард ва ҳатто худ дар сари фармони булдозер нишаста пеши роҳи дарёро  бубаст; инҳо оё ҳақиқате нестанд, ки мо ба чашми худ дидаему шоҳиди он будаем? Бале, номи дигар ва намои дигари Роғун Эмомалӣ Раҳмон аст.
Майдони набарди одаму дарё чун рӯи кафи Худованд намудор буд. Мо ба чашми худ дидем, ки ин иқдоми Пешво чӣ қадар хатар дошт, ҷоннисорона буд, аммо ӯ бо камоли ғайрату ҷасорату қатъият ин корномаро сарбаландона иҷро кард ва ягон ҷои баҳс нагузошт. Мо дидем ва ҳама диданд, ки Пешвои миллати мо на фақат зебандаи сари минбарҳои баланди сиёсӣ, балки зебандаи сари фармони булдозер ва ҷабҳаҳои бунёдкориву созандагӣ ҳам ҳаст.
 Мо ба чашми худ дидем, ки ин иқдомро чӣ хатарҳое дунболагиранд ва лаҳзаҳое буданд, ки ӯ ҷон ба каф рӯ ба рӯ бо марг даст ба гиребон бо хатарҳо шудаву ғолибу фирӯз аз ин набард баромад.
 Ва ҳассостарин лаҳза ҳамон лаҳзае буд, ки оқибат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба танҳо дар набарди дарёи асрҳо таслимнопазир бо булдозер пеши маҷрои якраву таслимнопазири дарёро бубаст ва аз соҳил ба соҳили дигар гузашт.
Ин гузаштан чӣ қадар рамзҳои бузург дошт. Яъне, гузаштан аз ноободӣ ба ободӣ, гузаштан аз торикӣ ба рӯшноӣ, гузаштан аз вартаҳои ҳалокат ба зиндагии созанда ва оқибат пирӯзӣ ба ҳама садҳои гароне, ки пешорӯи миллати моянд.
Ва боз миллати мо миллати пайвандгари соҳилҳои аз ҳам ҷудо гардид, миллати сулҳу оштӣ, миллати васлу дидори ҷонибҳои аз ҳам ҷудо. 
 Чунин ҷасорату қаҳрамонӣ ва пирӯзӣ набардҳои Рустами афсонавӣ бо девҳоро ба хотир меорад. Фарқ ин аст, ки набардҳои Рустами бостонро мо надидаем ва намедонем афсонаанд ё ҳақиқат, аммо набарди Эмомалӣ Раҳмонро бо ғӯли дарё ва пирӯз омаданашро ба чашми худ дидем.
 Вақте ӯ ғолиб ба соҳили дигар гузашт ва хатарҳо пушти сар шуданд, ғиреву фарёди пирӯзӣ акси садо дар кӯҳҳо доданд. Ҳаббазо, Пешвое чунин ҷоннисору шуҷоъ! Оё баъд аз ин  чӣ гуна метавон нисбат ба бунёди Роғун бетафриқа буд, ки ба рамзи пирӯзии миллати мо табдил ёфт? Он бинокороне, ки инро диданд, бо ғайрату неруи даҳчанд бештар ба бунёди НБО - и Роғун идома бахшиданд. Он халқе, ки инро дид, эътимоду эътиқоди бештаре ба Пешвои худ, ба фардои дурахшони Тоҷикистон пайдо намуд.
Роғуно, Роғун. Туро мо дар рӯи шонаҳои худ сохтаем, туро мо ба рӯи тахтапушти худ бардоштаем. Балки мо туро на, худро зара-зара, пора - пора, ваҷаб ба ваҷаб мисли сиришти худ бо ҳама таҳаммулу заҳматҳо, бо хишти тану соруҷи равон бунёд кардаем.
Аё Роғун! Аввалин нурҳои ту паёми нурҳои ниҳоди равшандилони миллати моянд. Нури башорати дурахшони ҳастии шуобахши дирӯз, имрӯз ва фардои миллати тоҷик.
Миллати ман! Дар умқи умқи ниҳоди ту чашмаест худододу нурафшон, ки ҳамеша дар алфози пок ва назари неку ниятҳои хайрхоҳонаи  ту ҷорӣ будаасту ҷорист. Аз ин чашма илму адаб, хираду фарҳанги ҷаҳонӣ он қадар оби рӯшноӣ гирифтаву нурборон гардидааст, ки шуои ин нур баъд аз гузашти замонаҳо боз ҳам дурахшон аст.
Ва ҳамин нур буд, ки моро аз ҳама торикиҳои зиндагиву рӯзгор, аз ҳама зулмоти таърих ва тақдир гузаронд. Диламонро дар ториктарин лаҳзаҳо мунаввар сохт, хотирамонро дар мудҳиштарин лаҳзаҳо фурӯзон дошт. Нуре, ки моро чун ҷон зинда доштаасту зинда медорад. Нури гузаштагони мо, нуре, ки раҳнамои мо гашт, нури бовар, нури маънавиёти миллати тоҷик. Ҳамин нур аст, ки мо имрӯз кохи пирӯзии онро бунёд кардем.
Миллати  нурофару нуровари ман. Ту сазоворӣ. Бо он сиришти неку хайрхоҳ, бо он дили пур аз меҳру шафқат, бо он синаи раҳм ва сари шӯрида, бо ҳама суннату оинҳои баланди инсонӣ, бо  ватандӯстии шераконаву ҷоннисории испитамона, бо он хиради авастоӣ, покизаравонии сиёвушона,  суханофаринии рӯдакиёна, бо ин ки ҳама умр ба рӯзгорон нуру сафо овардаӣ, бо ин ҳама содадиливу бовармандӣ, башардӯстиву меҳмоннавозӣ сазовори чунин  пирӯзӣ ва сарбаландии тақдир будаӣ ва ҳастӣ.
Муборак бод пирӯзии нур бар зулмот!
Муборак бод бунёди Роғун ба миллати нурофари тоҷик!
Муборак бод фараҳи нур ва сафои рӯшанӣ ба мардуми некманиши тоҷик!
Нурборон бод зиндагии халқи некуманиши мо!
Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2018    №: 223 - 224    Мутолиа карданд: 315
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед