logo

иҷтимоиёт

КОХИ ОЯНДААФРӮЗИ ВАТАН

Ҳар гаҳ ба НБО "Роғун" омада, аз нақбҳои сершумори зери замин гузашта, ҷумла иншооти бунёдшаванда, ҷӯшу хурӯши меҳнати фидокоронаи шабонарӯзиро мебинӣ, бо коргарону мутахассисони тоҷик, ки ин муъҷизаи техникии асри ХХI - ро меофаранд, суҳбат мекунӣ, саропои вуҷудатро эҳсоси гуворое фаро мегирад: ифтихор аз Меҳани хеш, ки чунин Кохи беназири нур бунёд мекунад, ифтихор аз муҳандисони ватанӣ, ки дар умқи кӯҳ қалби санг шикофта, дар таърихи энергетикаи ҷаҳонӣ мураккабтарин ва муосиртарин неругоҳи барқӣ месозанд.
Замоне НБО Норак, ки дар даврони шӯравӣ аз тамоми ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ коргарону мутахассисон чун узви як оилаи аҳл омада, бунёдаш карданд, мактаби воқеии дӯстии халқҳо гашта буд. Дар ин манзар НБО "Роғун" - ро танҳо як ном метавон гузошт: мактаби ору номуси миллию меҳанпарастӣ. Ва чун ин фикрро аз дил мегузаронӣ, беихтиёр пеши назар симои нуронии Пешвои муаззам меояд ва ифтихору шукргузорӣ мекунӣ, ки халқи моро, давлати моро Парвардигор чунин Раҳнамое ато кардааст.
Дар аҳди шӯравӣ барои давлати абарқудрат дар як ҷумҳурии хурдаш сохтани азамати барқие чун "Роғун" мушкиле надошт. Ва онро анҷом ҳам медод, агар баъдан худ шикаст хӯрда фано намеёфт. Аммо, барои давлати нав мустақилгаштаи Тоҷикистон идома додани ин иншооти нодири бар асари ҷанги таҳмилӣ талаву тороҷ ва валангоргашта кори миёншикан буд. Ёд доред, нахустин суханҳои Сарвари навинтихоби давлатро дар иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоб – “Ман ба шумо сулҳ меорам” Ва шукри беҳад, ки беш аз чоряк аср инҷониб ба шарофати ин фарзонафарзанди Тоҷикистон мову шумо дар фазои сулҳу оромӣ зиндагию диёр обод мекунем. Ва тасмими ғайричашмдошту ҷасуронаи Пешвои муаззами миллат дар бораи идома додани сохтмони неругоҳи "Роғун" ба маънои “Ман ба шумо нур меорам” буд.
Ростӣ, ҳатто на ҳар давлати мутараққӣ ҷуръати сохтани чунин иншооти ниҳоят мураккаб ва ҳамчунин, гаронарзишро таҳаммул карда метавонад. Боз аз он сабаб, ки онҳо дар ҳоли мо нестанд. Пеши назари ман оғози ҳар мавсими зимистон чеҳраи гирифтаю ғаму ғуссаи Сарвари давлат меояд, ки боз раияташон дар сармо аз маҳдудияти барқ дар азоб мемонад. Дилтанг мебинамашон, ки барои рушди иқтисоди миллӣ ва беҳбудии рӯзгори мардум, пеш аз ҳама, корхонаҳои истеҳсолӣ бояд сохт, ба одамон ҷои кор дод, аммо барқ ку? Норасоии барқ маҷбур сохт, ки корхонаҳои калон, аз ҷумла азамати металлургии мамлакат – корхонаи арзизи Турсунзода, аввал ба газ ва баъд ба ангишти маҳаллӣ гузаронда шаванд.
Ҳамчунин, дар фикри он бояд шуд, ки ба насли минбаъда чӣ мегузорем? Яъне илоҷ чист дар ин вазъият, чӣ бояд кард? Имрӯз тасмими даҳ сол пеш гирифтаи Сарвари давлатро ба мизони ақл гузошта, бори дигар ба хирадмандӣ, устуворӣ ва иродаю заковаташон қоил мешавӣ. Ва бо ифтихор дармеёбӣ, ки Пешвои муаззам тимсоли олии ору номуси миллӣ, ватандорию ватандӯстианд. Зеро ин хислатҳои азалӣ маҳз дар мушкилтарин лаҳзаю давраҳо зуҳур мекунанд.
Аммо, аз ният то амалӣ кардани он фосила басо дароз аст ва иқдоми соли 2008 пешгирифта басо мушкили дандоншикан дар дохилу хориҷ дошт.  Дар бораи онҳо сухан ба дарозо накашида, ҳамин қадар мегӯям, ки бо вуҷуди ин, кор дар сохтмони неругоҳ сол аз сол авҷ мегирифт, барои иншооти гуногуни он муосиртарин техникаю таҷҳизот ва дастгоҳу асбобҳо харид мешуданд. Шояд дар ҷои дигар “маблағ нест” гуфта, арзонтаринро меоварданд, то ки илоҷе карда, сохтмонро ба охир расонанд. Вале, бо супориши Сарвари давлат ба хотири беҳтарину амнтарин шудани неругоҳи "Роғун" ин ҳама баргузида мешуданд. Номдортарин ширкатҳои ҷаҳонӣ хостори дар сохтмони ин иншооти воқеан нодир фаъолият кардан буданд. Яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол имкони интихоб дошт, аз миёни онҳо беҳтаринҳоро ҷалб намояд, ки ин на ба ҳар давлат даст медиҳад. Айни замон даҳҳо ширкати баргузида, аз ҷумла “Салини Импреҷило”-и Италия ба бунёди неругоҳ машғуланд. Таҳти назорати мутахассисони тоҷик, ки алъон дараҷаи тахассусашон ба сатҳи ҷаҳонӣ расидааст. Ба ибораи дигар, НБО "Роғун" ба аҳли ҷаҳон муаррифгари неруи тавонои афкори муҳандисии мутахассисони ватанӣ гаштааст. Борҳо шудааст, ки мушкилоти дар сохтмон бамиёномадаро навоварона, ғайристандартӣ ҳал кардани энергетикҳои тоҷик ҳамтоёни хориҷияшонро ба ваҷд овардааст. Магар ин боиси ифтихори мову шумо нест?
Бешак, дар ин корзор афсона ба ҳақиқат табдил меёбад. Бо ақлу заковати беҳтарин фарзандони халқи тоҷик, ки чун пайравони содиқи Пешвои худ аз роҳи ору номуси ватандорӣ воқеан ҳам корнамоӣ мекунанд, офарин мехонӣ. То ки Кохи ояндаафрӯзи Ватан ҳарчи тезтар бунёд гардад. Имрӯзҳо, ки чархаи аввали НБО "Роғун" ба кор андохта, неруи барқ ҳосил мешавад ва Тоҷикистони биҳиштии мо дар роҳи махзани нури қитъаи Осиё гаштан қадами нахустин мегузорад, дар манзари авҷи нишоту ифтихори умумихалқӣ аз ин дастоварди беназири таърихӣ маро бо қаноатмандӣ ин фикр аз дил мегузарад: мангар, ки чунин иншоот чӣ давлате месозад, бингар, ки кадом халқ месозаду Раҳбараш кист?                                                                       
Хуршеди ҶОВИД,  “Ҷумҳурият


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2018    №: 223 - 224    Мутолиа карданд: 326
29.09.2020


ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН: ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

РАШТ. ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ САМАР МЕДИҲАНД

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ТАРАБХОНАИ «ФОРЕЛ»

ТОҶИКИСТОН. 87,4 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед