logo

иҷтимоиёт

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАР ДОИРАИ ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ БУЗУРГ

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани  Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳри Турсунзода, вусъати тоза касб намудаанд. Дар муддати начандон тӯлонӣ бахшҳои муҳими хоҷагии халқ бо амалӣ намудани барномаҳои мушаххаси давлатӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда, симои шаҳр низ куллан дигаргун гардид.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ  бо ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ ва ҳавасманд намудани соҳибкорону сокинони маҳаллӣ, роҳандозии тадбирҳои бунёдкорию  созандагӣ авҷ гирифта, як зумра иншооти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. 
Айни ҳол сокинони шаҳр барои ободу зебо гардондани маҳали зисташон кӯшишу талоши зиёд доранд.  Дар доираи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ  дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот таҳияи барномаҳои мушаххас анҷом дода шуда, дар раванди корҳои ободонӣ бунёди чандин иншооти муҳими  дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ  ба нақша гирифта шудааст.
Нуриддин Бозоров, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Турсунзода, гуфт, ки дар доираи иқдомҳои  ободкорӣ то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр сохтмони зиёда аз 250  иншооти таъйиноташон гуногун, аз қабили корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ, биноҳои истиқоматӣ, марказҳои табобатӣ, фарҳангӣ, хизматрасонӣ, варзишгоҳҳо, қасрҳои фарҳанг ва майдону толорҳои варзишӣ ба истифода дода мешаванд.  Ин нақшаҳо тавассути сарчашмаҳои гуногун  маблағгузорӣ  ва татбиқ мегарданд. Мардуми бофарҳангу меҳнатқарини шаҳр ҷиҳати пазироии  сазовори  ин ҷашн  корҳои ободонию созандагиро вусъат медиҳанд. Имрӯзҳо онҳо гурӯҳ – гурӯҳ ба ҳашар баромада, саҳми худро дар ободии диёри хеш мегузоранд.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ  40 иншоот, аз ҷумла 2 бинои истиқоматии бисёрошёна, 4  майдончаи варзишӣ, нуқтаи фурӯши  ангишт, мағозаҳои хӯрокворӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, сохтмони 28 иншооти  дигар идома дорад ва онҳо  то фарорасии ҷашн мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2018    №: 225    Мутолиа карданд: 307
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед