logo

иҷтимоиёт

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯИ НАВ БА МАНФИАТИ КОР АСТ

Вобаста ба пешравии замон завқи мардум ҳам дигар мешавад. Аз ҷумла, шаклу намудҳои нав ба нави либос ва матоъҳо ба вуҷуд меоянд, то ба талаботи муштарӣ мувофиқ бошанд. Фестивали байналмилалии ҳунар ва муди «Диёри ҳусн - 2018», ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бори дигар бозгӯ намуд, ки имрӯз либос ва анвои он на танҳо рукни зебоипарастӣ, балки роҳи хуби ба даст овардани даромад ва ҷалби сайёҳон низ ҳаст.
Дар ин росто, дӯзандагӣ чун қисми таркибии саноати сабук соҳаи ҳаётан муҳим маҳсуб мешавад. Бисёр кишварҳои оламро ном бурдан мумкин аст, ки ҳамасола маҳз аз ҳисоби рушди соҳаи дӯзандагӣ фоидаи калон ба даст меоранд. Дӯзандагӣ барои миллати мо низ шуғли қадима ба ҳисоб меравад ва таърихи бой дорад.
Солҳои охир дар кишвар ба масъалаи рушди соҳаи дӯзандагӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ эътибори махсус зоҳир мегардад. Ҳоло дар аксари муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои маърифати рӯзгордорӣ, атласу адрасбофӣ, кашидаю сӯзанидӯзӣ амал менамоянд. Ҳамзамон, бо мақсади ҳунаромӯзии калонсолон дар шаҳру ноҳияҳо марказҳои таълимӣ - омӯзишӣ кушода шуда истодаанд. Ин гуна тадбирҳо шиддати бекориро дар байни аҳолӣ, пеш аз ҳама бонувон паст карда, ба рушди соҳаи дӯзандагӣ мусоидат менамояд.
Вақти он аст, ки навгониҳои илмию техникӣ ба соҳаи дӯзандагӣ роҳ ёбанд. Бо назардошти ин, мехоҳем оид ба таҳияи 3D моделсозӣ дар соҳаи дӯзандагӣ нуктаи назари худро иброз дорем. Сохтани тарҳи сеандозагии либос аз рӯи ченаки муштарӣ таҳияи 3D моделсозӣ ном дорад. Лозим ба ёдоварист, ки дар замони муосир ин усул дар соҳаи дӯзандагӣ аз ҳама навтарин ва пешқадам ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, усули мазкур ҳоло ба коргоҳҳои дӯзандагии диёри мо қариб, ки роҳ наёфтааст.
Тарроҳии либос бо усули маъмулӣ суръати дӯхта шудани либосро кашол медиҳад. Илова бар ин, баъди бо ин усул омода гардидани либос ба он ягон тағйирот дароварда намешавад.
Мо метавонем чандин одами баробарқад ё баробарвазнро пайдо кунем. Аммо онҳо бо харобию фарбеҳӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Як ҷиҳати муҳими 3D моделсозӣ ҳамин аст, ки ҳангоми тарроҳии либос ҳамин хусусиятҳо ба назар гирифта мешаванд.
Чуноне ки қаблан зикр шуд, моделсозии мазкур сеандозагӣ мебошад. Бо ибораи дигар, тарҳи либос на дар сатҳи ҳамвор, балки дар фазо ба вуҷуд меояд. Барои муайян намудани андозаи одам, аксбардорӣ аз се самт - пеш, пушт ва паҳлӯ сурат гирифта, дар барнома шакли ӯ пайдо мешавад. Албатта, маникенро ҳам дар ин маврид истифода бурдан мумкин аст. Бо усули  3D моделсозӣ андозаи ҳамаи қисмҳои бадан дақиқ муайян мегардад. Ҳамчунин,  навъи матоъ барои дӯхтани либоси фармоишӣ, буриши либос, нақшу нигор ва ороишот, намуди кӯк, васеиву тангии қисмҳои либос нишон дода мешавад. Дар ин маврид барои дигаргун намудани модел, ворид кардани тағйирот ё иловае ба тарҳи пироҳан имкониятҳои бисёр мавҷуд аст.  Либосро баъди пурра ба талаботи мизоҷ ва ё фармоишгар мувофиқ шуданаш, медӯзанд.
Агар мо бо усули маъмулӣ либос дӯзонем, баъди андозагирию буридани либос дар марҳилаи аввал корҳо дастӣ анҷом дода мешавад, зеро баъди бо мошинаи дӯзандагӣ дӯхтан, ҷудо кардани қисмҳо мушкил аст. Мизоҷ либоси фармудаашро пӯшида мебинад. Пас аз либосро ба тани ӯ мувофиқ сохтан, ҷойҳои нолозимро мебуранд ва сипас медӯзанд, ки ин раванд чанд рӯз вақт мегирад. 3D моделсозӣ бошад, тамоми пешниҳоду дархости мизоҷро ба инобат мегирад ва тарҳи офаридаю дӯхташуда ҳатман ба кас писанд меояд.
Дар хотима ҳамин нуктаи муҳимро таъкид карданиям: 3D моделсозии либос бе донистани донишҳои компютерӣ ва кор бо барномаҳои гуногун ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, тарроҳону дӯзандагонро лозим аст, ки техникаю технологияи компютериро бештар омӯзанд ва дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ тадбиқ намоянд.
Гулрухсор ИДИЗОДА, мудири бахши тарбия ва кор бо ҷавонони коллеҷи
техникӣ - омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2018    №: 225    Мутолиа карданд: 435
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед