logo

иҷтимоиёт

ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – БОХТАР. ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА

Бо иқдом ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат  - раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ марҳила ба марҳила дар сатҳи баланд амалӣ гардида истодааст. Дар радифи сохтмону таҷдид ҳазорҳо километр роҳҳои дохилию байналмилалӣ азнавсозии  роҳи магистралии Душанбе – Бохтар низ бо сифати баланд ва тибқи стандартӣ байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Ин ҷода яке аз саҳифаҳои таърихи кишвари навбунёди мо мебошад, ки барои рушди иқтисоди миллӣ ва рафтуомади мардуми гӯшаю канори мамлакат муҳим арзёбӣ мешавад.
Соли 1927 аз тариқи ағбаи Фахробод дар баландии қариб 1300 метр аз сатҳи баҳр роҳи хокии Сталинобод – Қӯрғонтеппа сохта шуд. Ҳарчанд ба ин васила ҷойи аспу аробаро шумораи мошинҳо гирифтанд, аммо роҳ душвориҳои зиёд дошту баъзе қисматҳои он зуд – зуд  фурӯ мерафт. Аз ин сабаб садамаи нақлиётӣ зиёд рӯх медод ва ба як ҳодисаи муқаррарӣ табдил ёфта буд. Дар бисёри ҳолат лозим меомад, ки одамон бо қувваи бозуи худ мошинро аз ҷойи садама берун кунанд. Роҳ қариб ҳамеша дар ҳолати таъмир қарор дошт ва ҳар замон ҳаракати мошинҳо баста мешуд.
Дараи Даҳанакиик аз ҳама бештар душворгузар буд. Дар ҳолати боронгарӣ дар ин ҷо сел ба амал меомад, ки баъзан бо баландии се метр ин қисмати роҳро шуста мебурд. Бо ин сабабҳо ҳаракати нақлиёт фасли зимистон пурра қатъ мегашт.
Ниҳоят моҳи майи соли 1930 ба сохтмони роҳи дараҷаи баланд шурӯъ карданд. Ин дар ҷумҳурӣ нахустин роҳе буд, ки бо санг рӯйкаш мешуд. Қисми аз ҳама зиёди ҳаракати нақлиёт дар масофаи 19 километр аз Сталинобод то Кӯктош сангфарш ва давоми он бо сангреза пӯшонда шуд.
Сохтмони роҳ хеле душвор идома дошт. Бахусус, норасоии об, ки аз масофаи 40 километр оварда мешуд, бештар ба назар мерасид. Ҳамин тариқ бори нахуст дар сохтмони роҳи Тоҷикистон воситаҳои техникӣ, аз ҷумлаи сангмайдакунӣ, таҷҳизоти қирхобонии амрикоӣ истифода гардиданд. 16 декабри соли 1932 сохтмони роҳ анҷом ёфта, ҳаракати доимии нақлиёт дар ин ҷодаи хеле муҳим таъмин гашт.
Набудани кӯпрук аз болои дарёи Вахш дар ин масир  мушкилии дигаре пеш мегузошт. Убури дарёи Вахш дар маҳали Қизилқалъа танҳо тавассути паром сурат мегирифт. Суръати баландии ҷараёни дарё  6 метри мукааб дар як сония гоҳо  паромро аз кор мебаровард. Ин ҳолат баъзан ба ғарқ шудани чорво, мошинҳо, аспу арроба ва ҳалокати одамон анҷом меёфт. То барқарор кардани паром ҳаракати нақлиёт чанд рӯз қатъ мегашт.
Аз ибтидои соли 1934 сохтмони кӯпруки дарёи Вахш дар деҳаи Қизилқалъа оғоз ёфт. Кӯпрук дар болои пояҳои оҳану бетонӣ, ки байни ҳамдигар 12 метр масофа доранд (дар маҷмӯъ 36 равоқ) сохта мешуд. Кӯпрук 440 метрро дарбар мегирифт ва рӯйи  он бо болори металлӣ ва оҳану бетонии серавоқа васл гардида буд. Корҳои асосии сохтмони кӯпрук то 1 майи соли 1935 ба анҷом расиданд. Комиссияи давлатӣ аз 29 май то 3 июни соли 1935 ҳолат ва сифати сохтмони кӯпрукро санҷида, барои истифода хулосаи худро пешниҳод намуд. Шурӯъ аз моҳи июни соли 1935 кӯпрук барои ҳаракати мунтазами нақлиёт кушода шуд ва дар як соат то 2000 автомобил аз ду ҷониб имкони рафтуомадро пайдо кард. Ба ин муносибат қарори Комитети Иҷроияи Марказии Советҳои РСС Тоҷикистон аз 28 апрели соли 1935 дар бораи мукофотонидани коргарони сохтмони кӯпруки дарёи Вахш қабул шуд.
Давоми солҳои 60 - ум кӯпруки номбурда аз нав вобаста ба сатҳи роҳ баландтар сохта шуд. Бо сабаби хеле зиёд гаштани шумораи нақлиёт зарурати васеъ кардани он пеш омад. Дар паҳлуи он пули роҳи оҳани камбар (истифодаи ин намуди поездҳо умуман қатъ гардидааст) воқеъ буд. Аз ҳисоби якҷоя кардани ду кӯпрук андозаи паҳноии он зиёд гардид. Ҳоло кӯпрук мавриди истифода қарор дорад, вале иқтидори борбардории он ҳанӯз мувофиқи талабот нест.  
Хушбахтона, масъалаи азнавсозии ин масири муҳими кишвар аз назари неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намонд. 26 октябри соли 2017  Сарвари давлат бо лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии роҳи мошингарди «Душанбе – Қӯрғонтеппа» шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд. Лоиҳаи роҳ ду марҳиларо дарбар мегирад.
Дар марҳилаи аввал 33,2 километр бо паҳноии аз 16 то 25 метр дар марҳилаи дигари лоиҳа тақрибан 50 километри он сохта мешавад. Бо татбиқи марҳилаи дуюм як пули нави пуриқтидор аз болои дарёи Вахш дар ҳамшафати пули мавҷуда сохта мешавад. Муҳлати иҷрои лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа се сол буда, то моҳи октябри соли 2020 мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ анҷом хоҳад ёфт. 
Аъзам МӮСОЕВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2018    №: 225    Мутолиа карданд: 299
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед