logo

иқтисод

ОБ. ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН АҲАМИЯТИ БЕШТАР КАСБ МЕКУНАД!

21 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бар асоси пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон  Қатъномаи A/RES/71/222 - ро зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” бо ҳамовозии  177 кишвари узви созмон қабул намуда, барои ҳамкории устувори давлатҳо, ҷиҳати рафъи мушкилоти вобаста ба об, заминаи воқеӣ гузошт. Имрӯзҳо фаъолияти муштараки созмону давлатҳои ҷаҳон барои ҳалли масоили марбут ба норасоии об дар асоси ин иқдом сурат гирифта истодааст, ки аз андешаи созанда ва дили башардӯсти Пешвои миллат шаҳодат медиҳад.
Натиҷаҳои татбиқи қатъномаи мазкур дар муддати кӯтоҳ номи Тоҷикистонро зимни конфронсу ҷаласаҳои байналмилалӣ ҳамвора дар сархати гуфтугузорҳо қарор дод. Ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалисозии ҳадафҳои даҳсола талош намуда, пеш аз ҳама, дар кишвар нақшаи чорабиниҳои мукаммалро таҳия намуданд. Аз ин бармеояд, ки  ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ  дар такя ба маълумоти дақиқу пурмуҳтаво ва пешниҳодҳои асоснок сурат гирифта, бар нафъи аҳли башар мебошад.
Беҳбудӣ ёфтани вазъи дастрасӣ ба об дар сайёраи Замин дар доираи даҳсолаи номбурда  саҳми бузурги  Тоҷикистонро дар раванди ҳалли мушкилоти марбут ба об дар ҷаҳон нишон медиҳад. Мусоидат ба рушди инсоният, татбиқи идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об, пешгирӣ аз таъсири манфии тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ, истифодаи судманди захираҳои гидроэнергетикӣ, такмили заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва механизмҳои институтсионалӣ, таҳияи инфрасохтор ва бунёди заминаи дахлдори воситаҳои амалисозӣ, аз ҷумла системаҳои иттилоотӣ, корҳои илмию тадқиқотӣ, рушди тавонмандӣ ва дигар воситаҳои идоракунии об, беҳтар кардани дастрасӣ ба санитария аз масъалаҳои муҳиме мебошанд, ки дар муқаррароти даҳсола дарҷ ёфтанд.
Дар шароити муосири бошиддат зиёд шудани шумораи аҳолӣ, рушди иқтисодиёт ва таъсири дигар хатарҳо, ки боиси сарбориҳои иловагӣ болои захираҳои табиӣ шудаанд, арзиш ва қимати об боз ҳам  боло меравад. Об ҳамчун омили муҳими рушди устувор, дар бештари санадҳои сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ, инчунин, стратегияҳои рушд нишон дода шудааст. Ҳамчун вазифаи муҳим ворид намудани ҳалли паҳлуҳои гуногуни мушкилоти об дар барномаи Ҳадафҳои Рушди Устувор шаҳодати бештар шудани таваҷҷуҳ ба рафъи мушкилоти об мебошад. Аз ин ҷиҳат, ташаббуси умумибашарии Тоҷикистон то рафт аҳамияти бештар касб намуда, он аз ҷониби кулли сокинони сайёра бо хушнуди ҷонибдорӣ ва дастгирӣ ёфта истодааст.
Ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ  истифода аз даҳсолаи байналмилалиро роҳи наҷот аз мушкилоти рӯзафзуни норасоии об арзёбӣ намуда, талош дорад, ки имконияту афзалиятҳои он ҷиҳати ҳалли масъалаҳои об дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҷумла барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки ба об алоқаманданд, ба таври зарурӣ истифода шаванд.
Зумрад БАРОТЗОДА,
судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2018    №: 225    Мутолиа карданд: 359
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед