logo

ҳуқуқ

БАДАХШОН. САФИ ИХТИЁРИЁН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕАФЗОЯД

Ҳар сол дар ҷумҳурӣ маъракаи даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ доир мегардад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ чун дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ вобаста ба ташкили маъракаи ботантанаи даъват ва ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Рафти маъракаи даъвати тирамоҳӣ дар соли ҷорӣ нишон дод, ки сафи ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ дар ВМКБ сол ба сол меафзояд. Ин раванд аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонони меҳанпарасти Бадахшон бо дарки баланди худшиносию худогоҳӣ барои дифои марзу буми Ватан ва ҳифзи сулҳу субот ҳамеша омодаанд. Ҳамин буд, ки дар ин маърака ВМКБ дар ҷумҳурӣ аввалин шуда пеш аз муҳлат нақшаро пурра иҷро намуд. Аз ҷумла, ҷавонони шаҳри Хоруғ кӯшиш намуданд, ки дар маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ пешсаф бошанд.
Бо дарки ҳамин масъулият ва иҷрои вазифаи муқаддаси хеш - ҳифзи Модар - Ватан ҷавонони шаҳри Хоруғ довталабона ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, омодагии хеш ба хизмати ҳарбиро нишон доданд. Нақшаи даъват дар шаҳр 127 дарсад иҷро гардид ва ба гуфтаи Абру Давлатбеков, муовини аввали комиссари ҳарбии ВМКБ, давоми чанд соли охир, бори нахуст шаҳри Хоруғ нақшаи даъватро пеш аз ҳама иҷро кард.
Дар ҷамъомади тантанавие, ки ба муносибати гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир гардид, Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ, иброз дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмард буда, он мактаби бузурги мардонагиву ватандӯстӣ маҳсуб  меёбад. Раиси вилоят изҳори бовар кард, ки наваскарон хизмати Модар - Ватанро содиқонаву сарбаландона адо намуда, ҳар ваҷаб хоки Тоҷикистонро бо матонату шуҷоат ҳифз хоҳанд кард.
Тамоми ҷавонони Бадахшон имрӯз дарк кардаанд, ки хизмати ҳарбӣ на танҳо вазифаи ҳуқуқию қонунӣ, балки қарзи ахлоқӣ ва ватандӯстии ҳар як шаҳрванд мебошад. Онҳо собит сохтанд, ки ҳамеша барои ҳифзи Меҳану миллат, таъмини сулҳу суботи кишвар омода ҳастанд. Ҷавонони худогоҳу масъулиятшинос ва ватандӯсти вилоят хуб медонанд, ки ин вазифаи муқаддасу пуршарафро барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ Конститутсия ба тариқи зайл муқаррар намудааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори ҳимоявии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст…».
Имрӯз, ки ҷавонони шаҳри Хоруғ ва ВМКБ идомадиҳандаи амалҳои неки бузургони гузаштаи хеш мебошанд, худро ба рушди ҳамаи соҳаҳои мухталиф масъул дониста, нахуст аз гузариши мактаби далерию шуҷоат ва ҷасурию мардонагӣ, хизмат дар сафи Артиши миллӣ оғоз намудаанд.
Номвар ҚУРБОНОВ,
устоди ДМТ

 

 

 

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2018    №: 225    Мутолиа карданд: 301
26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед