logo

иқтисод

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР АВҶ

Мӯйсафедони деҳа нақл мекарданд, ки номи деҳаи Авҷ аз мақому шифобахшии чашмаи Авҷ гирифта шудааст. Дар гузашта раҳгузарон бо сад розу ниёз ба сари чашма омада, аввал дар оби дарё, ки аз паҳлуяш мегузарад, дасту рӯ шуста, пас, бо кафи ду даст оби чашмаро нӯши ҷон мекарданду ба рӯй мемолиданд. Шустушӯйи баданро дар оби чашма ба ҳурмати он айб мефаҳмиданд. Ба ҳурмати ин ҷои муқаддас аз ҳар ду ҷониб, аз болою поёни роҳ аспсаворон мефуромаданд ва чун аз ин макон дуртар мешуданд, боз по ба рикоб мемонданд. Овозаи ин чашма ба гӯши одамони маҳалҳои дур расида, бо мурури замон омадурафти мардум ба ин ҷо зиёд мегардид.
Дар ҳақиқати ҳол, ин макон обу ҳавои хосса дорад. Дар феҳристи обҳои шифобахши кишвар номи Гармчашма, Сист, Баршор, Авҷ, Удит, Даршай, Бибӣ Фотимаи Заҳро, Вранг, Ширгин ва Зонг сабт аст. Ҳар яки инҳо аз рӯйи хусусиятҳои физикиву химиявӣ ва шифобахшию ҳарорат аз ҳам фарқ мекунанд. Аммо, чашмаи Авҷ дар байни чашмаҳои шифобахши вилоят ҷиҳати ҳарорату шифобахшиаш мақоми хоссаро касб кардааст.
- Муъҷиза аст чашмаи Авҷ, - нақл кард бобои Ҷумъа, сокини  ноҳияи   Шуғнон. Ҳар сол бо чанд тан ёрон ба ин ҷо барои табобат меоям. Дар муддати як ҳафта танам неру мегираду чашмонам равшан мешаванд. Сардухтури шифохона Сомон Назиров - табиби ҳозиқу сабукдаст, барои обгирӣ реҷа ва тавсияи махсусро муқаррар кардааст, ки риояи он хеле манфиат меоварад. Фикру зикраш пайи ободии шифохона буда, дар назди шифохона иншооти зарурӣ бунёд кардаанд. Ҳоло бунёди кӯли нави обгирӣ, ҷои оббозӣ, сохтмони бинои маҳскунӣ ва дигар хизматҳои тиббӣ давом дорад. Ҳамаи кор тариқи ҳашар сомон дода мешавад.
Дар китоби «Чашмаҳои дармонбахши Бадахшон» - и табиби варзидаи кишвар Ширинбек Давлатмамадов омадааст, ки ҳарорати оби маъдании чашмаи Авҷ 34 - 38 дараҷаро ташкил медиҳад. Таркиби оби он кислотаи силитсий, гази карбон ва маъданҳои «ангезандаи ҳаёт» мисли литий, оҳан, никел, фтор, руҳ ва бром бой аст. Се тан аз олимони соҳаи тиб, ки тобистони соли ҷорӣ дар шифохона тадқиқот гузаронданд, шифобахшии оби Авҷ ва аҳамияти ҳарорати оби мусовӣ бо ҳарорати бадани инсонро махсус зикр намуданд.
Сомон Назиров чанд айнакро ба ман нишон дод, ки соҳибонашон баъди муолиҷа ва пайдо кардани нури чашм барои хотира ба сардухтур туҳфа кардаанд. Ба  гуфтаи  сардухтур, аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба афзоиши шумораи баҳрабардорони чашмаи Авҷ хеле   мусоидат кард. Имсол зиёда аз 600 бемор ва сайёҳ аз ин оби ҳаёт баҳра бурда, бештари онҳо дар «Китоби хотира» арзи сипосашонро ба сардухтур, хидматгорон ва арҷгузории хешро ба ин муъҷизаи табиат баён доштанд.    
Соли ҷорӣ барои ободонӣ ва навсозии шифохонаи Авҷ аз ҳамаи  сарчашмаҳо зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ сарф шуда, корҳои созандагиву  бунёдкорӣ идома доранд. Ба қавли сардухтур, бо мурури замон дар назди шифохона гиёҳдармонӣ, табобат аз тариқи лой, обзании ҷузъӣ, шустани меъдаву рӯда, микроҳуқнаҳо, офтобзанӣ ва ғайра низ ба роҳ монда хоҳанд шуд.
Раҳмони  ГУЛЗОР,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2018    №: 226    Мутолиа карданд: 256