logo

ҳуқуқ

ҲУШДОР. ҒУЛОМИ ҚОНУН БОШ!

Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Салоҳиддин Давлатов, сокини ноҳияи Шаҳринавро барои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, бо дастрасии моддаи 200 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор намуда, ба муҳлати 5 сол равонаи зиндон кард.
Тавре тафтишот маълум кард, Салоҳиддин Давлатов моҳи апрели соли 2017, дар замини наздиҳавлигиаш, миқдори тухми бангдонаро дар байни рустаниҳои ҷавҳарӣ кишт ва онро нигоҳубин карда, моҳи июни ҳамон сол онҳоро аз замин канда, бо тарзи ба тафтишот номаълум хушк карда, дар ҳезумхонаи ҷои истиқоматиаш ғайриқонунӣ нигоҳ доштааст.
Рӯзи 8 декабри соли гузашта, номбурда дар маркази шаҳри Ҳисор бо шиносаш бо номи “Сангалӣ”, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯӣ”, ҳамчун харидори шартии воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” шуда буд, вохӯрда се адад қуттии гӯгирди дорои воситаи нашъадори “бангдонаи хушконда”- ро ба ивази 150 сомонӣ мефурӯшад. Худи ҳамон рӯз “Сангалӣ” се адад қуттии мазкурро ба кормандони Раёсати фаврӣ - ҷустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёран месупорад. Мувофиқи хулосаи ташхиси кимиёвӣ маводи мазкур воситаи нашъадори навъи “бангдонаи хушконда” буда,  вазни  умумиаш 3,9 граммро ташкил додааст.
Зимни гузарондани чорабиниҳои иловагии ҷустуҷӯӣ Салоҳиддин Давлатов дастгир шуда, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ як адад пакети селофании дар дохилаш зарфи пластикии дорои маводи рустанигии сабзчатоби бӯйи махсусдошта ёфт шуд. Мувофиқи ташхиси кимиёвӣ маводи мазкур воситаи нашъадори навъи “бангдонаи хушконда” буда, вазнаш 270 граммро ташкил додааст. Ҳамчунин, худи ҳамон рӯз аз ҳезумхонаи судшаванда боз як адад зарфи пластикии дорои маводи рустанигии сабзчатоби бӯйи махсусдошта ва аз хонаи хобаш чор адад ниҳоли рустанигии хушки ба ҳамин монанд, ёфт шуд. Мувофиқи хулосаи ташхиси кимиёвӣ маводи дарёфтгардида воситаи нашъадори навъи “бангдонаи хушконда” буда, вазни умумии он 136,4 грамм ва чор адад воситаи нашъадори “бангдона”- ро ташкил дод.
Ҳамин тариқ, мувофиқи хулосаи ташхиси кимиёвӣ воситаи нашъадори навъи “бангдонаи хушконда”- и аз Салоҳиддин Давлатов мусодирашуда, дар маҷмӯъ, 410,3  граммро ташкил дод.
Судшаванда дар маҷлиси судӣ ба гуноҳаш иқрор шуда, гуфт, ки ӯ ниҳолҳои хушки бангдонаро барои истеъмоли шахсиаш нигоҳ дошта, пинҳонӣ аз аҳли оилааш истеъмол мекардааст.
Манучеҳр ТИЛЛОЗОД, судяи суди ноҳияи Фирдавсӣ,
Лашкар ШАРИФ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2018    №: 226    Мутолиа карданд: 356
26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед