logo

иҷтимоиёт

ХУШҚАДАМ ХУСРАВОВ: "МЕХОҲАМ ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ ШАРАФИ ВАРЗИШИ ТОҶИКРО ҲИФЗ НАМОЯМ"

Пас аз қаҳрамонии таърихии Саидмуъмин Раҳимов соли 1975 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Мински Беларус баъзеҳо бо мазаммат мегуфтанд, ки самбои тоҷик дар рукуд аст, вагарна чаро чил сол инҷониб дар ин ришта дастоварди назаррасе надорем. Соли гузашта баъди ғалабаи  Беҳрӯз Хоҷазода ин гилаҳо як андоза кам шуданд. Имсол бошад, ба шарофати ҳунарнамоии олиҷаноб ва унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст овардани  Хушқадам Хусравов дар Бухарест (Руминия) бо боварӣ метавон гуфт, ки дудилагиҳо пурра аз байн рафтанд.
Дар лаҳзаи ҳалкунанда, вохӯрии финалӣ, мураббии Хушқадам Носир Бозоров дар паҳлуяш набуд. Чунин ҳам мешавад? Ӯ куҷо рафта буд?
Пеш аз оғози зӯрозмоии финалӣ, ки паҳлавони тоҷик бояд ба муқобили яке аз гӯштигирони машҳур Руслан Багдасарян, ки чор соли охир, дар Русия ва ҷаҳон номаш вирди забон аст, мебаромад, ба варзишгарон истироҳат доданд. Хушқадам аз сармураббии дастаи мунтахаб Носир Бозоров ва раиси Федератсияи самбо Давлат Наҳтуллозода хоҳиш намуд, ки дилаш мева мехоҳад. Онҳо аз ин хоҳиши ғайричашмдошти шогирди худ ба ҳайрат афтоданд: баъди чанд лаҳза қувваозмоии ҳалкунанда оғоз мешавад ва  ба ҷои тамоми фикрро ба он равона кардан, мева хостан магар тааҷҷубовар нест?! Ё шояд барои таскини ҳаяҷон бошад? Ба ҳар ҳол, хоҳишашро рад накарданду Носир Бозоров аз пайи иҷрои он шуд.
Ҳамин вақт, ногаҳон, дар толор эълони оғози вохӯрии финалӣ ва ба рӯи гилем ҷиҳати қувваозмоӣ даъват шудани паҳлавонҳо садо дод. Хушқадам ҳайрон шуд. Чӣ хел?  Охир, набард бояд баъди як соат барпо мешуд. Вале, дигар роҳе набуд, ӯ ба майдон баромад. Ба ҷои сармураббӣ дар курсии канори майдон Акмалиддин Каримов (варзишгари дигари дастаи мунтахаб) нишаст.
Аз лаҳзаҳои аввал ба чашм мезад, ки самбочии номдори рус заррае аз ҳарифи худ бим надорад. Гузашта аз ин, ҳавобаландона рафтор мекард. Яъне, дилпур буд, ки бидуни заҳмати зиёд бар ҳарифаш пирӯз мегардад. Чун ҳарб оғоз шуд, паҳлавонҳо қариб як дақиқа ҳамдигарро омӯхтанд. Баъдан, бо як партофт  Руслан холи нахустинро гирифт.  Ҳарчанд Хушқадам ҳам, кӯшиши партофт мекард, аммо гӯштигири рус аксуламал нишон медод. Бо вуҷуди ин, Хушқадам аз фурсати муносиб истифода бурда, аз китфи чап партофти зебоеро иҷро  кард, аммо довар онро «берун аз майдон» гуфта, ба инобат нагирифт. Ҳол он ки усул дар доираи майдон сурат гирифта буд. Ба ҳар ҳол, ин ноадолатии довар тоҷикбачаро дилшикаста накард. Дафъатан, ӯ партофтро аз китфи рост анҷом дод ва соҳиби ду хол гардид. Воқеан, метавонист дар ҳамон маврид бо нигоҳ доштани ҳариф дар замин ба қувваозмоӣ нуқта гузорад, аммо довар ба ин фурсат надода, ҳардуро ба пой хезонд. Гӯштигири рус чун фаҳмид, ки рақибаш осоншикан нест, тамоми ҳунарашро ба кор мебурд. Вале, Хушқадам моҳирона, ҳамлаҳои рақибашро ботил менамуд. Ҳатто, дар дақиқаи охирин самбочии тоҷик тавонист партофти хубе анҷом диҳад. Ҳарчанд ин партофтро низ довар нодида гирифт, натиҷа чунин шуд, ки паҳлавони тоҷик бо ҳисоби 2 бар 1 бар ҳарифаш ғолиб омада, унвони қаҳрамонии ҷаҳонро соҳиб гардад.
Пас аз чанде Носир Бозоров дар даст мева, шитобон ба толор ворид шуд. Мураббии варзишгарони гурҷӣ аз пешаш баромада мегӯяд:
- Чаро ин қадар саросемаед?
- Бояд то оғози финал ба шогирдам мева барам.
- Саросема нашавед, шогирдатон чемпиони ҷаҳон шуд!
- Чӣ хел? Ҳоло то оғози қувваозмоӣ вақт ҳаст- ку!
- Барвақт сар карданд.
Аз ғояти шодию ҳаяҷон мураббӣ ба сӯи ҳуҷраи либосивазкунӣ медавад, меваҳо аз дасташ меафтанд...
Воқеан, чемпиони нави ҷаҳон Хушқадам Хусравов ҳанӯз аз синни шашсолагӣ таҳти роҳбарии падараш Носир Хусравов дар мактаби варзишии ноҳияи Ванҷ тамринро оғоз намуда, соли 2007 чемпиони Тоҷикистон ва шомили дастаи мунтахаби кишвар мешавад. Аз ҳамон вақт то соли 2015 зери роҳбарии Мураббии шоистаи Тоҷикистон Маҳмадшариф Сулаймонов машқ кардааст. Баъди ба нафақа баромадани вай ба ӯ Давлатхӯҷа Раҳимов нозукиҳои гӯштии самборо меомӯзонад. Ба мусобиқаҳои байналмилалӣ бошад, Хушқадамро сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо Носир Бозоров омода мекунад.
Ҳоло Хушқадам нақша дорад, ба гӯштии дзю-до, ки намуди олимпист, гузарад ва шарафи варзиши тоҷикро дар Бозиҳои олимпии Токио – 2020 ҳифз намояд.
- Аввалан, мехоҳам миннатдориямро ба  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои ғамхориҳояшон нисбат ба варзишгарон  баён  намоям. Зеро маҳз ба шарофати  дастгириҳои  пайвастаи  Пешвои муаззами миллат варзишгарони мо дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ  ба комёбиҳо  ноил мегарданд. Итминони комил  дорам, ки  ин  анъанаи нек дар оянда  низ идома хоҳад ёфт ва варзишгарони кишвар бо  музаффариятҳои  нав  ба  нави  худ обрӯву нуфузи Ватани маҳбубамонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар мебардоранд,- иброз дошт Хушқадам Хусравов.
Боиси тазаккур аст, ки Хушқадам Хусравов то ин ғалабаи беназир дастовардҳои назаррас дошт, ки шоистаи таҳсин аст. Ӯ соли 2013 дар Чемпионати  ҷаҳон (Юнон) миёни ҷавонон медали тилло, соли 2014 дар Чемпионати  ҷаҳон (Ҷопон) медали биринҷӣ, дар зӯрозмоӣ барои гирифтани Ҷоми ҷаҳон (Москва) медали нуқра ба даст оварда, соли  2015 дар мусобиқа ҷиҳати дарёфти Ҷоми ҷаҳон (Москва) пирӯз омада буд. 
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2018    №: 226    Мутолиа карданд: 286
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед