logo

иқтисод

НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ МЕСОЗЕМ!

Ноҳияи Носири Хусрав аз зумраи он ноҳияҳоест, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ёфт ва бо обу ҳавои тоза, даштҳои васеъ, боғҳои хурраму пурсамар ва Чилучорчашмаи худ ба зудӣ шинохта шуд. Аз таҳлили нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар нуҳмоҳаи соли равон бармеояд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулони ташкилоту муассисаҳо фаъолияти худро босамарона идома медиҳанд. Дар робита ба ин, суҳбате доштем бо раиси ноҳия Нуриддин Садриддинзода.

АВЛАВИЯТ БА КИШОВАРЗӢ
- Мо тамоми ҳидояту раҳнамоиҳои Сарвари давлатро сармашқи кори хеш қарор дода, кӯшиш дорем, ки дар некуаҳволии зиндагии халқ саҳмгузор бошем. Дар ин росто, кишоварзӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти сокинони ноҳия буда, давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулот 214 миллион сомониро ташкил дод. Ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта, 6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин 145 миллион ба рустанипарварӣ  ва 69 миллион сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ рост меояд, -  изҳор дошт Нуриддин Садриддинзода.
Ӯ афзуд, ки аз рӯи ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ кишоварзони ноҳия аз аввали баҳори соли 2018 то давраи ҳисоботӣ дар майдони 8359 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузарондаанд. Дар давоми соли ҷорӣ, 29 гектар боғи меваҳои содиротӣ бунёд гардид. Айни замон, заминдорони ноҳия бо мақсади иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта аз тамоми захираю имкониятҳо ва боду ҳавои мувофиқ истифода бурда истодаанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ба ҳолати имрӯза дар майдони 3221 гектар кишти такрорӣ гузаронда шудааст. Паёми хуш ин аст, ки соли равон 2 000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷа содир гардид. 
Ба масъалаи замбӯриасалпарварӣ дар ноҳия диққати зарурӣ дода, аз 275 оилаи замбӯр 7,5 тонна асал истеҳсол шуд. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калони шохдор 17949 сар, чорвои майдаи шохдор 40118, паранда 26434 ва асп 445 сарро ташкил медиҳад. Чорводорони ноҳия дар ин муддат 636 тонна гӯшт, 1875 тонна шир, 242,8 ҳазор дона тухм, 40 тонна пашм ва 6,4 тонна пилла истеҳсол намуданд, ки боиси қаноатмандист.

ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО КОР
Бино ба иттилои раиси ноҳия, баҳри таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор дар давраи ҳисоботӣ 10 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронда шудааст, ки дар он зиёда аз 30 ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд. Дар натиҷа, 104 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуд. Тариқи квота 17 кас бо кор таъмин гардид.
Инчунин, 156 нафар ба курсҳои бозомӯзӣ, аз ҷумла дӯзандагӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ, қаннодӣ ва асосҳои компютер  ҷалб гардида, аз инҳо 45 нафарашон соҳиби шаҳодатномаи касбӣ шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ масъулон ба 57 нафар аскар ва 3 нафари аз маҳбас озодшуда  25 500 сомонӣ кумакпулӣ пардохт карданд.       

ОБЁРӢ ВА ЗАМИНДОРӢ
Кормандони идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ҷиҳати обёрии заминҳои нав беҳтар гардондани ҳолати мелиоративӣ кӯшиш карда, мушкилоти мавҷудаи соҳаи кишоварзиро бартараф ва дар зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин намудани аҳолӣ мусоидат менамоянд. То имрӯз 16 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шудаанд.
- Дар ҳудуди ноҳия 15 иншооти гидротехникӣ, 12 обченкунак, 12 истгоҳи обкашӣ мунтазам фаъолият намуда истодааст. Идораи мазкур дар асоси шартнома ба 5 ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об - АИО “Бешкент”, “Сайҳун”, “Корвон”, “Чашма” ва “Водии Бешкент” хизмат мерасонад. Он бо фарогирии зиёда аз 1125 хоҷагии деҳқонӣ ва аҳолии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар самти таъминоти оби полизӣ, таъмири иншоот, заҳбуру заҳкашҳо ва шабакаҳои обёрӣ нақши муҳим дорад, - зикр кард Н. Садриддинзода.

САБЗУ ХУРРАМГАРДОНӢ
Иқлими ноҳия барои зиёд кардани майдони боғ мусоид аст. Шинондани дарахтони серҳосил барои таъмини талаботи пурраи аҳолии ноҳия бо мева ва зиёд намудани ҳаҷми интиқол ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва содирот ба кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии Ӯзбекистон замина мегузорад.
Тибқи иттилои хоҷагии ҷангали ноҳия, дар давраи ҳисоботӣ 10 гектар хати муҳофизатии ҷангал ва 10 гектар боғи мевадиҳандаи он барқарор гардид. Ҳамзамон, соли ҷорӣ дар майдони 0,60 гектар ниҳолхонаи хурд бунёд ёфт. Дар он 3400 бех ниҳоли ҳамешасабз, 1000 бех шафтолу, 1000 бех зардолу ва 500 бех гули садбарг парвариш меёбад.
- Солимгардонии муҳити зист зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта, давоми солҳои 2017 - 2018 ҷиҳати сарсабзу хуррам гардондани кӯчаю маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли гуногуни ороишӣ ва сояафкан шинонда шуд, - иброз дошт Н. Садриддинзода.
Инчунин, дар хоҷагии ҷангали ноҳия 65 гектар боғи мевадиҳанда мавҷуд буда, аз он дар нуҳмоҳа 12 тонна зардолу, 2 тонна меваи хушк, 400 кило бодом, 1200 кило писта ҷамъоварӣ карданд. Барои гузарондани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018 - 2019 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, боғчаҳои бачагона ва беморхонаҳо 330 метри мукааб ҳезум захира карда шудааст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2018    №: 226    Мутолиа карданд: 281
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед