logo

Хабарҳо

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

Дар меҳмонхонаи «Шератон» бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, иштироки роҳбари ҳайати корӣ доир ба дастгирии занони соҳибкор Пратибҳа Меҳта, намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, мақомоти дахлдори соҳа ва занони фаъоли соҳибкори кишвар бахшида ба Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор Форуми занони соҳибкори Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар намоиши «Дастони пурҳунар», ки дар доираи форум доир гардид, офаридаҳои гуногуни дастии бонувони кишвар ва маҷмӯи аксҳои рассоми ҷавону умедбахш Умеда Кучкалиева ба тамошо гузошта шуданд.
Зикр шуд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои рушди фаъолияти соҳибкории занон такони тоза бахшид.
- То ба имрӯз занони соҳибкор бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба таъсиси корхонаҳои хурди ҳунармандӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар ноил гаштанд. Рушду нумӯъ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар деҳот ба таъмин намудани занону духтарон бо ҷойҳои нави кор мусоидат намуд. Бо мақсади вусъат бахшидани фаъолияти занони соҳибкор ва муаррифии дастовардҳои онҳо минбаъд ҳар сол дар доираи Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор (19 ноябр) намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ низ ташкил карда мешаванд, - изҳор дошт Нигина Анварӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ.
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 82

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед