logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Ҳаким Қурбонов умри бобаракати хешро сарфи рушди илми кристаллография намудааст. Дар таҳқиқоти ӯ ташхиси сохтори рентгении ҷисмҳои сахт, ҳосил намудани кристаллҳо дар шароити лабораторӣ ва кашфи кристаллҳои нав аз минерал ва оксидҳо мавқеи муҳим дорад.
Меҳри илм ӯро соли 1959 ба шуъбаи физикаю математикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон овард. Аз сабаби он ки дар ҷумҳурӣ мутахассисони кристаллография хеле кам буданд, ӯро барои идома додани корҳои илмӣ ба Институти кристаллографияи Академияи илмҳои СССР ба номи А. Н. Шубнови шаҳри Москва фиристоданд. Он ҷо таҳти роҳбарии  академик Н. В. Белов дар соҳаи кристаллофизика корҳои таҳқиқотӣ мегузаронад.
Пас аз бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ ба ҷумҳурӣ баргашта, ҷиҳати идома додани таҳқиқот гурӯҳи корӣ ташкил мекунад. Ба гурӯҳи мазкур муяссар мегардад, ки дар муддати кӯтоҳ ба ҳосил намудани кристаллҳои нав тариқи ташхиси сохтори рентгении моддаҳои ғайриорганикӣ ва пайвастагиҳои нимноқилӣ ноил гардад.
Соли 1968 дар назди Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои ҷумҳурӣ озмоишгоҳи ташхиси сохтори рентгенӣ дар заминаи гурӯҳи физикаи кристаллҳо ташкил карда шуд. Роҳбарӣ ба фаъолияти озмоишгоҳ ба зимаи  ходими калони илмӣ, номзади илмҳои физика ва математика Ҳаким Қурбонов гузошта шуд.
Ӯ дар баробари корҳои илмӣ бо мақсади тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар соҳаи илми кристаллография дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) аз фанҳои кристаллография, ташхиси сохтори рентгенӣ, кристаллофизика ва кристаллохимия дарс мегуфт. Дар ин муддат шогирдони зиёдеро тарбия намуда, ба ҷодаи илм раҳнамоӣ кардааст.
Натиҷаи корҳои илмии Ҳ. Қурбонов дар конгрессҳои байналмилалӣ дар соҳаи кристаллографияи Рими Италия ва  истифодабарии нурҳои рентгении ташхиси материалҳои дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия баргузоргардида муаррифӣ шудаанд.
Ӯ муаллифи се монография, 11 шаҳодатнома дар бораи ихтироот ва зиёда аз 100 мақолаи илмӣ мебошад. Гузоришҳои илмиаш дар маҷмӯаҳои конфронсҳои байналмилалӣ ба чоп расидаанд. Ин аст, ки Ҳ. Қурбоновро дар ҷумҳурӣ ҳамчун асосгузори илми кристаллография мешиносанд. 
Фатҳулло ОДИНАЕВ, муовини директори Институти физикаю техникаи
ба номи С. Умарови Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2018    №: 227    Мутолиа карданд: 760
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед