logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими хатнасури фарзандони оилаҳои камбизоати ноҳияи Спитамен, 29 ноябри соли 2009

Падарону модарон ва
фарзандони азиз!
Дӯстони арҷманд!

Имрӯз, яъне дар айёми иди мубораки Қурбон, мову шумо дар маросими хатнасури 22 нафар фарзанди мардуми ноҳияи Спитамен ширкат дорем, ки онро шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланд ва бонангу номуси ноҳия оростаанд.
Бо изҳори хушҳолӣ, ҳамаи шумо - фарзандони азиз ва падарону модарони гиромиро ба муносибати иди саиди Қурбон, ҳамчунин ин маъракаи пурнишот ва дар ҳаёти ҳар як фарди мӯъмину мусулмон хотирмон, яъне маросими хатнасур табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, саодати зиндагӣ ва бахту иқболи нек орзу менамоям.   
Шумо – ҳозирини мӯҳтарам ва тамоми ҳамватанони азизи мо хуб медонед, ки мо бо мақсади сабук гардонидани бори гарони оилаҳо ва мусоидат кардан дар масъалаи беҳбудии вазъи иқтисодии мардум, пеш аз ҳама гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ моҳи июни соли 2007 доир ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо қонуни махсус қабул кардем, ки ин иқдом дар ҳаёти иҷтимоии мардуми мо, инчунин кишварҳои минтақа собиқа надошт.
Чунон ки маълум аст, дар зарфи дуюним соли амали қонуни  мазкур дар натиҷаи кам шудани хароҷоти беҳуда ва аз байн рафтани як қатор маъракаву маросимҳои барзиёдӣ вазъи молиявии шаҳрвандон хеле беҳтар гардид.
Масалан, ҳаҷми пасандози аҳолии кишвар дар бонкҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 фоиз афзудааст. Ин дар ҳоле, ки айнан дар давоми беш аз як соли охир дар ҷаҳон бӯҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ идома дорад ва ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз муҳоҷирони меҳнатии мо, ки дар хориҷи кишвар кор мекунанд, нисбатан кам шудааст.
Манфиати дигари ин иқдом аз он иборат аст, ки камхарҷу сарфаҷӯёна гузаронидани маросиму маъракаҳо ба афзоиши маъракаҳо ва нисбат ба давраҳои гузашта осонтар хонадор шудани ҷавонон, хусусан аз оилаҳои камбизоат шароити мусоид фароҳам овард.
Тибқи маълумоти оморӣ дар нӯҳ моҳи соли равон дар қаламрави мамлакат беш аз 95 ҳазор маърака баргузор гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳазор зиёд мебошад.
То қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои гузаронидани 95 ҳазор маърака ба ҳисоби миёна қариб 900 миллион сомонӣ сарф мегардид. Вале барои ҳамин миқдор маъракаи имсол доиршуда ҳамагӣ 260 миллион сомонӣ харҷ шудааст, яъне 640 миллион сомонӣ ба манфиати шаҳрвандони мамлакат сарфа гардидааст. Илова бар ин, солҳои охир забҳи чорвои калон барои баргузории маъракаҳо низ чандин баробар кам шудааст.
Мувофиқи маълумоти мавҷуда баъди қабули қонуни мазкур шаҳрвандони мо 3 миллиарду 370 миллион сомонӣ, яъне қариб як миллиард доллар сарфа кардаанд. Беҳуда нест, ки таҷрибаи бо роҳи қабули қонун танзим кардани ҷашну маросимҳо ва сарфакорона баргузор намудани маъракаҳои суннативу маросимҳои хурсандии моро кишварҳои дуру наздик омӯхта, дар амал истифода карда истодаанд.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки бо вуҷуди дастовардҳо дар риояи талаботи қонун дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд ҳанӯз ҳам як қатор хилофкориву зиёдаравиҳо ба назар мерасанд. Масалан, баъзе соҳибони маъракаҳо меъёри муқарраршудаи вақтро риоя намекунанд, иддае аз онҳо ду маърака меороянд, яъне аввал дар манзили зисташон ва сипас дар тарабхонаҳо, инчунин дар маҳалҳои алоҳида маъракаҳои домодталабон ҳанӯз ҳам бо иштироки теъдоди зиёди меҳмонон бо хароҷоти зиёди беҳуда гузаронида мешаванд, ки ин хилофи қонун буда, ба ҷуз худнамоӣ чизи дигаре нест.
Илова бар ин, аз ҷониби баъзе занҳо ҳангоми баргузории маъракаҳо намоиши либосу ҷиҳози арӯс ва амсоли онҳо ҷой дорад, ки ин фарҳанг ё маърифат нест, балки худнамоӣ, тақлидкорӣ ва зоҳирпарастии маҳз аст. Аз ин рӯ, барои бартараф намудани онҳо мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва сохторҳои дахлдор бо ҷалби шахсони обрӯманду рӯзгордида бояд тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар ҷараёни ташкили маросиму маъракаҳо фаромӯш набояд кард, ки Худованд дар Қуръони карим фармудааст: «… Ҳамоно исрофкорон бародарони шайтон ҳастанд». Яъне исрофкорӣ аз нигоҳи дини мубини ислом гуноҳ буда, ҳамчун амали носипосиву ношукрӣ ба Парвардигор маҳсуб меёбад.
Ба ҷои ин гуна маъракаҳои сермасраф баргузор намудани хатнасур ва ҷашнҳои арӯсиву домодии дастаҷамъӣ, ки иқдоми наҷиб буда, ба кам шудани хароҷоти маъракаҳои хурсандӣ мусоидат мекунад, кори бисёр савоб мебошад. Ин гуна маъракаҳо бо зебоӣ ва таровати хос баргузор шуда, мусобиқаҳои бемаънӣ ва худнамоиҳои беҳударо аз байн мебаранд.
Тибқи маълумот танҳо дар нӯҳ моҳи соли равон дар ҳудуди кишвар бо ташаббус ва дастгирии шахсони саховатпешаву хайрхоҳ зиёда аз 600 маъракаи хурсандии дастҷамъона барпо шудааст. Дар ин кори хайру амали савоб саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва як қатор шаҳру ноҳияҳои он, инчунин шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ҳисор назаррас аст.
Агар ин иқдом дар миёни мардум бештар ривоҷ ёбад ва онҳо минбаъд низ тӯйҳои дастҷамъиро бо маслиҳати ҳамдигар барпо кунанд, маблағҳои сарфашударо метавонанд барои боз ҳам беҳтар кардани шароити зиндагии оилаҳо ё навхонадорон, инчунин гузоштани пасандоз ба номи кӯдакон истифода намоянд, ки ин, бешубҳа, ба пойдории оила, ислоҳи камбудиву норасоиҳои рӯзгор, беҳбудии шароити зиндагӣ ва тарбияи фарзандони солиму бомаърифат мусоидат мекунад. 
Дигар ин ки дастаҷамъона ҳал кардани мушкилоти зиндагӣ одамонро ба якдигар наздику ҳамтақдир месозад. Шахсони бонангу номус ва ҳимматбаланду дилсӯзи ҷомеа маҳз бо амали хайр ва дастгирии ниёзмандон барои рушду камолоти моддӣ ва маънавии дигарон саҳм гузошта, бо ин кори худ дар пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд. Баръакс, агар шахс ба исрофу хароҷоти беҳуда машғул гардад, аввалан ба буҷети оилаи худ касодиву бебаракатӣ ворид месозад ва тадриҷан ҷомеаро низ ба касодӣ мекашад.
Дар ин замина бори дигар таъкид месозам, ки мову шумо бояд ҳамеша кӯшиш кунем, ки ба исрофкорӣ роҳ надиҳем, дар истифодаи нону обу таом ва дигар неъматҳои иллоҳӣ аз ҳад нагузарем, то ҳаққи дигаронро талаф насозем.
Дар ояти 31 сураи Аърофи Қуръони маҷид омадааст: «…Бихӯред ва биёшомед ва исроф накунед, ки Худованд исрофкоронро дӯст намедорад».
Аз ин оят маълум мегардад, ки шариат ба истифодаи неъматҳо зид нест, вале исрофро манъ мекунад ва дар ҳар кор риояи андозаро зарур мешуморад.
Дар айёми иди мубораки Қурбон мехоҳам махсус зикр намоям, ки дар шариати ислом низ дар бобати танзими рӯзгори инсон, анҷом додани амалҳои хайри созандагӣ ва ободкорӣ, ҳамчунин пуштибонии ятимону бенавоён фармудаҳои зиёд мавҷуданд.
Дар Қуръони карим дастгирии ятимону мӯҳтоҷон ва кӯмак ба пирону ниёзмандон борҳо таъкид гардида, ин амали хайр вазифаи ҳар мусулмон ҳисобида шудааст.
Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди мӯъмину мусулмон бояд нисбат ба ятимон ва ниёзмандони ҷомеа бетараф набошад ва барои беҳбудии вазъи иқтисодиву иҷтимоии онҳо кӯмак намояд.
Дар қатори он ки мо намозу рӯзаву ҳаҷро ба субут мерасонем ва уммати мусулмонем ба ӯҳдаи мову шумо кӯмак ва таваҷҷӯҳ ба ҳоли ятимону ниёзмандон низ гузошта шудааст.
Мазҳаби пешвои рӯҳонии мо Имоми Аъзам – ҳанафия бо такя ба Қуръони маҷид ва ҳадисҳои набавӣ мафҳумҳои хайру садақот, ҳамдигарфаҳмӣ, баробариву бародарӣ ва таҳаммулпазириро аз амалҳои волои исломиву инсонӣ мешуморад.
Дар хайру саховат худи Имоми Аъзам ҳамто надошт. Беҳуда хонаи ӯро «Байт –ул-барака» нагуфтаанд. ӯ пеш аз ҳама, ба фақирону барҷомондагон ва ятимону мӯҳтоҷон хайру саховат мекард.
Тайи ҳазорсолаҳо амали хайру саховат ба қисми таркибии ҳаёти мардуми тоҷик мубаддал гардидааст. Имрӯз, дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, қисме аз мардуми мо зарари ҷиддии моддӣ дида, ба кӯмаку дастгирӣ ниёз доранд.
Дар ҳадиси набавӣ омадааст: чизи аввале, ки Худованди мутаол дар тарозуи амал мегузорад, ахлоқи нек ва саховат аст. Бовар дорам, ки шахсони саховатпешаи мо, ки шумораи онҳо дар мамлакатамон кам нест, бо эҳсону накӯкории худ ба ятимону бепарасторон ва ниёзмандон ҳамеша дасти мадад дароз мекунанд.
Чанд сол пеш мо ба хотири пешгирии ҳама гуна нобасомонӣ ва суиистифода аз маблағҳои хайрия ва расонидани кӯмаки бевосита ба ниёзмандон, ятимону маъюбон ва аҳолии камбизоат Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистонро таъсис додем. Фонди мазкур дар кори расонидани ёрӣ ба гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодааст. Дар шароити имрӯзаи бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ки таъсири манфии худро бештар ба мардуми камбизоат мерасонад, мо бояд фаъолияти Фонди мазкурро ҷоннок намоем. Дар ин кори хайр пеш аз ҳама вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони саховатпеша ва уламо метавонанд саҳмгузор бошанд.
Дар шароити бӯҳронии имрӯза, ки нархи сӯзишворӣ ва маводи хӯрока торафт боло меравад, мову шумо ғайр аз сариштакорӣ дар маросиму маъракаҳо дар истифодаи сарватҳои умумимиллӣ, аз ҷумла нерӯи барқ ва обу газ низ бояд ҳамеша сарфакорона рафтор намоем. Аз ҳадди зарурӣ бештар истифода бурдани ин сарватҳо низ исрофкорӣ маҳсуб ёфта, боиси маҳрум шудани дигарон аз ин неъматҳо мегардад.
Шумо – ҳозирини мӯҳтарам, хусусан ҷавонони баору номус фаромӯш накунед, ки тақдири давлату миллат ва фардои неки Ватани азизамон аз ҷаҳду талош ва кору пайкорҳои фидокоронаи ҳар фарди миллатдӯсту ватанпараст вобаста аст.
Насли калонсол заҳматҳои фидокорона, азму иродаи қавӣ ва кору фаъолияти созандаи фарзандони маъруфи ин диёри пурфайз - Турсун ӯлҷабоев, Саидхоҷа ӯрунхоҷаев, Абдуғаффор Самадов ва даҳҳо нафари дигарро хуб дар ёд доранд.
Маҳз онҳо ва ҳамсафони фидокорашон буданд, ки деҳқонони вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳияи Спитамен бо маданияти баланди кишоварзӣ, таҷрибаи бойи боғдориву зироатпарварӣ, пахтакориву чорводорӣ ва истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин дар саросари кишвар шӯҳрат пайдо кардаанд.
Шумо хуб медонед, ки расидан ба истиқлолияти энергетикии давлат, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва таъмини амнияти озуқавории кишварро мо ҳадафҳои стратегии Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон кардаем.
Дар татбиқи ин ҳадафҳои нек аз ҳар фарди бонангу номус ва ватанхоҳу ватандор тақозо мегардад, ки нерӯву ғайрати худро барои пешрафту шукуфоии кишвари азизамон дареғ надорад.
Масъалаи бунёдии имрӯз, ки рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсии ҷомеа аз он вобаста аст, ба истифода додани Нерӯгоҳи барқи обии Роғун мебошад. Ин нерӯгоҳ на танҳо манбаи рӯшноию гармӣ аст, балки он ба рушди бемайлони саноат, хоҷагии қишлоқ ва дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Имрӯз ҳаёту мамоти мо аз сохтмони ин нерӯгоҳ вобаста аст.
Яъне сохтмони ин нерӯгоҳ талаботи давру замон буда, барои мамлакати мо тақдирсоз мебошад. Дар суханрониҳоям ба мардуми шарифи Тоҷикистон зарурату моҳият ва иштироки шаҳрвандонро дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба таври муфассал баён намудам. Имрӯз бори дигар аз фурсати муносиб истифода бурда, аз ҳама сокинони кишвар даъват менамоям, ки ба воситаи хариди саҳмияҳои нерӯгоҳ дар сохтмони он фаъолона ширкат варзанд.  
Бо камоли итминон изҳор медорам, ки шумо – сокинони заҳматдӯсти ноҳияи Спитамен ҳам мисли падарони шӯҳратманди худ бо меҳнати созанда ва азму иродаи меҳанпарастона минбаъд низ натанҳо шӯҳрати ноҳияву вилоят, балки обрӯву эътибори кишвари азизамонро баланд мебардоред.
Дар айни ҳол бо истифода аз ин фурсати муносиби вохӯриву дидорбинӣ таъкид месозам, ки ба қадри Ватани озоду мустақил, давлати соҳибистиқлол, зиндагии осуда ва тинҷиву амонии кишвар расед, зираку бедордилу ҳушёр бошед,
Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати иди мубораки Қурбон ва ҷашни хатнасури фарзандон муборакбод намуда, дуо мекунам, ки Худованд барои мо дар ин сарзамини муқаддас ҳамеша зиндагии осуда, рӯзгори пурбаракат, тансиҳатӣ ва бахту саодати пояндаро насиб гардонад.
Хонаободу сарбаланд бошед!
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 653

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед