logo

иҷтимоиёт

"ОБИ ШИФО" ШИФОИ ДАСТРАС

Таъмини зиндагии шоистаи мардум ва баҳрабардорӣ аз табиати зебову пурманфиати диёр дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар ин замина кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои далатӣ ва хизматрасонии ҷамъиятии кишвар дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик бо қарори худ 31 июли соли 2008 дар ҳудуди ноҳия, дар макони зебоманзар муассисаи солимгардонӣ ва профилактории «Оби шифо» - ро таъсис доданд. Осоишгоҳи «Оби шифо» дар қисмати ҷанубу ғарбии ноҳия, дар баландии 900 метр аз сатҳи баҳр, дар болооби дарёи Сурхоб, ки он аз қаторкӯҳҳои Сари Хосор сарчашма мегирад, ҷойгир буда, масоҳати он зиёда аз 2 гектарро ташкил медиҳад.
Олимони соҳа ба ин назаранд, ки чор омили асосӣ метавонад дар минтақа ба таъсиси осоишгоҳҳо сабаб гардад: табиати зебо, обҳои шифобахш, хок, лой, коэфитсенти фоиданоки офтоб ва обу ҳавои тоза.
Бино ба иттилои директори муассисаи солимгардонӣ ва профилактории «Оби шифо» Суҳроб Давронов, осоишгоҳ барои 60 нафар дар як вақт пешбинӣ шуда, дар он бемориҳои асаб, узвҳои такя ва ҳаракат, тарбод, амрози занона, урологӣ ва пӯст табобат мешаванд. Ба беморону фароғаткунандагон 19 корманди тиб хизмати шабонарӯзӣ расонда, се вақт бо хӯроки гарм таъмин мебошанд. Муҳлати табобату фароғат 12 рӯз буда, маблағи якрӯзаи он 70 сомониро ташкил медиҳад, ки ин назар ба дигар осоишгоҳҳои кишвар арзону дастрас аст.
Табиати хеле зебову дилкаш, дарахтони гуногуни мевадору сояафкан, гулҳои рангоранг, сабзазору нишастгоҳҳо, хониши парандагони гуногуни ин диёр ба кас нерую дармон мебахшад. Обу лойи шифобахши ноҳия дер боз дар ҳудуди кишвар ва берун аз он шуҳрат дорад. Он аз лиҳози сифати хизматрасонӣ яке аз беҳтарин муассисаҳои истироҳатию табобатӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, бояд гуфт, ки осоишгоҳ то соли 2016 аз ҳисоби маошу андоз ва барқу об қарздор буд. Бино ба маълумоти раиси ноҳия Эмомиддин Аслзода, баъди интихоб шудани роҳбари нав Суҳроб Давронов ин камбудиҳо пурра бартараф ва илова бар ин ба буҷети маҳаллӣ 52 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст.
Дар соли 2017 агар дар осоишгоҳ 465 нафар истироҳату табобат гирифта бошанд, пас, дар давоми 10 моҳи соли 2018 шумораи онҳо дар маҷмӯъ 730 нафарро ташкил дод. Имсол аз ҳисоби даромади муассиса роҳравҳои осоишгоҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Ҳамчунин, дар ҳудуди он дарахтони зиёди мевадиҳанда, ороишӣ, сояафкану ҳамешасабз шинонда шуд. Осоишгоҳ метавонад тамоми чор фасли сол мизоҷонро қабул кунад.
Холназар КАСИРОВ, ноҳияи Темурмалик


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2018    №: 227    Мутолиа карданд: 478
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед