logo

иҷтимоиёт

САРФАҶӮӢ БА МУНОСИБАТИ МАХСУС НИЁЗ ДОРАД

“Ташаккул додани маданияти сарфакорӣ дар байни аҳолӣ ва ҳамзамон, бо ин, истифодаи васеи таҷҳизоту технологияҳои каммасраф яке аз омилҳои муҳими рушди босуботи иқтисодии кишвар ва хизмати дарозмуддати иншооти бунёдгардидаи энергетикӣ мебошад”. Чунин ҳидоят намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 ноябри соли 2018 дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии “Роғун”.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини аҳолӣ бо барқи доимӣ тамоми чораҳои заруриро андешида, аз ҳисоби сарчашмаҳои молиявии Буҷети давлатӣ маблағҳои зиёд ҷудо менамояд.
 Мо – сокинони мамлакатро зарур аст, ки ғамхориҳои шабонарӯзии Сарвари давлатро бо мағзи ҷону устухони худ дарк кунем ва ҷавобан ба он сарҷамъу аҳлона заҳмат кашем, инчунин, ҳамчун миллати фарҳангиву соҳибтамаддун, сарфаю сариштакориро ба меъёри зиндагии ҳаррӯзаи худ табдил диҳем.
Фаромӯш набояд кард, ки имрӯз дар Тоҷикистон нархи як киловатт - соат барқ барои аҳолӣ 19, 37 дирам мебошад. Ҳол он ки тарифи миёнаи як киловатт - соат неруи барқ ба аҳолӣ мутаносибан ба пули мо дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба мисли Қазоқистон 30 дирам, Россия 38 - 40 дирам, Беларус 44 - 45 дирам, Ӯзбекистон 53-55 дирам, Арманистон 80 дирам буда, дар Аврупо, аз ҷумла Дания, Олмон, Белгия, ҳатто 2,8 - 3 сомониро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки ҳар сол истеъмоли энергия дар асбобҳои маишӣ 1 фоиз кам мегардад. Ба қавли олимони соҳа, агар халтачаи чангкашакро тоза накарда, чангкашакро истифода намоем, харҷи қувваи барқ 40 % меафзояд, тозакории саривақтии яхдон имкон медиҳад, ки то 30 % қувваи барқ сарфа карда шавад, хомӯш намудани асбобҳои муосири  маишии дистансионӣ (телевизор, маркази мусиқӣ, тафдон ва ғайра) на бо тугмачаи идораи фосилавӣ (дистансионӣ), балки аз васлак (розетка) истеъмоли қувваи барқро то 5 % кам менамояд.
Сарвари давлат ба падару модарон ва омӯзгорони мактабҳо ин маълумотро хотиррасон карда, ба ин васила таъкид медоранд, ки насли наврасро  ҳамчун шаҳрванди ғамхору сарфакор ба воя расонанд, то ки манфиати ҷамъиятӣ манфиати асосии шахсии онҳо шавад.
Дар ҳақиқат, мероси фарҳангии миллати тоҷик пур аз андарзу ҳикматҳои зидди исрофкорист. Дину расму оини бостонии аҷдодиамон ҳам фарҳанги сарфакориро таблиғ мекунанд.
Вобаста ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ (20 январи соли 2016)  таъкид кардаанд: «Мову шумо ба хотири боз ҳам беҳтар гардондани шароити рӯзгори мардумамон бояд дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ сарфаю сариштакор бошем, зиёдаравӣ накунем ва фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем».
Мо - омӯзгорон, роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар кору фаъолияти ҳамешагӣ сармашқи кори худ карда, талош меварзем, ки насли ояндаро дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва фарҳанги сарфакорӣ тарбия намоем.
Одинашоҳ ВАЛИЗОДА, номзади илмҳои педагогӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2018    №: 227    Мутолиа карданд: 281
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед