logo

ҳуқуқ

ТТЭ ҲНИ. ПАЙМОНИ ЗИДДИМИЛЛӢ

Моҳи сентябри соли равон дар ҳошияи нишасти САҲА дар Варшава аз ҷониби роҳбарони ҷиноятпешаи Ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ва баъзе афроду созмонҳои дигари зиддимиллӣ гӯё дар алоқамандӣ ба 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътилофи ба ном “Паймони миллии Тоҷикистон” созмон дода шуд. Бояд гуфт, ки ТТЭ ҲНИ бо назардошти заъфи неруи худ таъсиси эътилофи нави тамоми гурӯҳҳои мухолифонро, аллакай, аз ибтидои соли 2016 ба нақша гирифта буду дар ин росто, бо истифода аз тамоми иқтидор ва имконоти худ пайваста талош меварзид. Аммо, бинобар сабаби паймоншиканиҳои хеш дар мавриди фаъолияти ИНОТ, яъне эътилофи қаблан таъсисдодаи худ, дигар натавониста буд, ки тамоми неруҳоро зери чатри ягона ҷамъ оварад.
Чанд моҳ пеш ТТЭ ҲНИ ва бавижа роҳбари он М. Кабирӣ дар арафаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Дортмунди Олмон ҳамчун ташаббускори аслии таъсиси чунин эътилоф бо ирсоли даъватномаҳои бешумор хеле талош карда буд, ки дар нишасти банақшагирифтаи хеш теъдоди ҳар чи бештари тоҷикистониёни бурунмарзиро ҷамъ оварад ва дар ин замина, эътилофи худро созмон диҳад. Вале бархилофи интизориҳо ва саъю талошҳои чандмоҳаи Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ бархе аз афроду ниҳодҳои мухолиф на фақат дар ин ҳамоиш иштирок накарданд, балки расман мухолифати худро нисбат ба баргузории он нишаст ва, ҳамчунин, таъсиси дигарбораи ИНОТ изҳор доштанд. Анҷумани нируҳои созандаи Додоҷони Атовуллоҳ, "Гурӯҳи – 24”, “Ватандор” ва теъдоди зиёди зиёиёни тоҷикистонии бурунмарзӣ, даъватҳои такрор ба такрори ТТЭ ҲНИ ва раҳбари он - Кабириро ҷиҳати таъсиси эътилофи нави гурӯҳҳои мухолифони тоҷик куллан ба эътибор нагирифтанд. Маҳз ҳамин мавқеъгирии устувору мушаххаси онҳо ба “ташаббускорон”- у “бунёдгузорон”- и эътилоф имкон надод, ки ҳадафҳои аз қабл матраҳкардаи худро дар кӯтоҳмуддат ба осонӣ амалӣ намоянд. Аммо, М. Кабирӣ бо вуҷуди дарки ин вазъият ва донистани чунин нуқтазаъфи худ даст аз таъсиси эътилоф накашид. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро ТТЭ ҲНИ бо вуҷуди иддаоҳои мутантану баландпарвозонаи хеш дар хусуси он ки гӯё аксарияти афроди ҷомеаи Тоҷикистон аслан аз мавқеи ҳизби онҳо ҷонибдорӣ мекунанд, боз ҳам ба дастгирии дигар гурӯҳҳои мухолиф ниёзманд будани худро ошкоро ба намоиш гузошт?
Сараввал бояд ба эътибор гирифт, ки ТТЭ ҲНИ ба хубӣ дарк мекунад, ки бо вуҷуди ҳама иддаоҳои мағруронаи хеш аслан ҳеҷ ҷойгоҳ ва пуштвонаи иҷтимоии дигар дар Тоҷикистон надорад, яъне дигар ҳеҷ қишре аз мардуми кишвар ба ин ҳизби ифротгаро ва шиорҳои фиребои он бовар надорад. Аз ин рӯ, раҳбарияти ТТЭ ҲНИ барои ислоҳи ин нуқтазаъфи худ ночор ба ниҳодҳо ва афроди дигарандеши тоҷик рӯй овардааст, то сафи парешони худро мукаммал кунад, аммо афроду ниҳодҳои дигар низ дар заминаи таҷрибаи талхи пешини ҳамкорӣ бо ин ҳизби худхоҳи террористӣ дигар намехоҳанд дубора моргазида шаванд.
Маҳз бо дарки ин вазъият ва афзудани таҷрибаву баланд шудани сатҳи фаҳми сиёсии афроду ниҳодҳои дигарандеш ва бавижа бо назардошти вокуниши онҳо дар баробари паймоншиканиҳои пайдарпайи ТТЭ ҲНИ ҳини фаъолияти эътилофи қаблии неруҳои мухолифони тоҷик, яъне ИНОТ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони вай пай бурда буданд, ки ҳангоми таъсиси эътилофи нави неруҳои оппозитсионӣ ҳатман ба мушкилӣ дучор хоҳанд шуд. ТТЭ ҲНИ барои аз ин вазъият аққалан ба таври зоҳирӣ раҳоӣ ёфтан ва дар назди хоҷагони хориҷии худ ҳанӯз масрафношуда нишон додани энерҷӣ ва зарфияти хеш даст ба найранг заданд. Ин найранг таъсиси созмонҳои худсохта ва рамзие чун “Анҷумани озодандешони тоҷик” (роҳбараш Алим Шерзамонов), “Ҷунбиши ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон” (роҳбараш Шарофиддин Гадоев) ва “Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” (роҳбараш Илҳомҷон Ёқубов) буд, ки маҳз ба хотири созмон додани эътилофи нав ва пур кардани ҷои неруҳои оппозитсионии қаблии аз ТТЭ ҲНИ канор гирифта тӯли ҳамин чанд соли охир бо ташаббусу таҳрики худи онҳо таъсис дода шуда буданд. Бубинед, ки эътилофи кунунии ба ном “Паймони миллии Тоҷикистон” маҳз дар заминаи ҳамоҳангии ҳамин се гурӯҳи ношинохтаву камнуфусу камнуфуз ва ТТЭ ҲНИ ба вуҷуд оварда шудааст. Оё ин гурӯҳҳои худхондаву худсохта ҳаққи аз номи мардуми Тоҷикистон таъсис додани “Паймони миллии Тоҷикистон” - ро доранд? Албатта не! Зеро ҳеҷ кадоме аз онҳо созмони дар Тоҷикистон аз тарафи мардум эътирофшуда нестанд ва ҳатто қишри андаке аз ҷомеаи кишвари моро ҳам фаро намегиранд. Гузашта аз ин, мардум ҳатто дар бораи мавҷудияти аксарияти ин созмонҳо низ ҳеҷ иттилое надоранд. Пас чӣ тавр бо нишасти чанд нафар афроди худхоҳ ва ҳамоишу рақси дастобадасти аҷибу ғариби онҳо мешавад “Паймони миллӣ” - е таъсис дод, ки он машрӯияти тасмимгирӣ ба ҷои давлати расмӣ, Парлумони мардумӣ ва 9 миллион нафарро дошта бошад?
Маълум аст, ки роҳбарияти ТТЭ ҲНИ бо чунин амали ҳангомаҷӯёнаи худ, яъне созмон додани чунин эътилофи бебунёд чи ҳадафи муғризонаеро пайгирӣ кардан мехоҳанд. Бидуни шак, онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто, аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд. Роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслакони онҳо бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд. Бубинед, ин муддаиёнро, ки агарчи зоҳиран лофи ватандорию миллатдӯстӣ мезананд, аммо амалан алайҳи миллат ва Ватани худ талош меварзанд. Оё ҳамин аст оини ватандорӣ ва рисолати шаҳрвандии онҳо? Магар фаромӯш кардаанд, ки маҳз онҳо бо чунин амалҳои номатлуб ду даҳсола пеш боиси шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ гардида, Ватанро ба ҷои обод кардан ба вайрона табдил доданд ва боиси марги ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ шуданд. Магар тақозои дини мубини ислом ҳамин аст? Не, албатта не! Ин тақозои дили чанд муддаии фазлфурӯшу иззатталаб ва ҷоҳпараст асту бас! Аммо, намояндагони ин гурӯҳи тафриқаангез бояд ба эътибор гиранд ва нек донанд, ки дигар мардуми Тоҷикистон аз пайи чунин муддаиёни гумроҳе, ки ҷомеаро ба вартаи ҷангу ҷидолу хунрезӣ ва вайронкорӣ даъват мекунанд, нахоҳад рафт. Воқеияти ин масъаларо ҳатто дар робита ба сатҳи баргузории нишасти доиркардаи ТТЭ ҲНИ ва афроди ҳангомаҷӯи онҳо низ метавон пай бурд. Ин воқеият бори дигар исбот кард, ки ТТЭ ҲНИ як ташкилоти ҳангомаҷӯёну муддаиёни ҷоҳпараст ва террористон асту бас!
Баъзан, мешунавем, ки масъулони ТТЭ ҲНИ зимни мусоҳибаву нишастҳо дар хориҷи кишвар гурӯҳи сиёсии худро яке аз ду қутби тавозуни истиқрори сулҳ ва кафили ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд ва ба ин васила, ҳушдор додан мехоҳанд, ки дар сурати ба эътибор нагирифтани мавқеи онҳо чанбараки амну субот дар ҷомеаи мо мувозинати худро гум хоҳад кард. Ин ғайр аз бузургтарошӣ чизи дигаре нест, зеро ТТЭ ҲНИ на фақат акнун, балки ҳатто дар даврони ҳассосияти вазъи сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта низ натавониста буд, ҳадди ақал шинохтатарин рӯҳониёни кишварро дар сафи худ ба ҳам оварад. Гузашта аз ин, ТТЭ ҲНИ натавониста буд сабаби сарҷамъии ҳатто рӯҳониёни ИНОТ гардад.
ТТЭ ҲНИ ният дорад, ки дар заминаи ташкили эътилофи дигарбораи гурӯҳҳои мухолифони тоҷик, яъне “Паймони миллии Тоҷикистон” сояи худро аз буда бузургтар ҷилва диҳад ва дар баробари зери бол гирифтани ин неруҳо баландпарвозӣ кунад, аммо воқеият куллан чизи дигареро ба намоиш мегузорад. Наомадани афроду ниҳодҳои аслии мухолифандеши тоҷик, аз ҷумла “Анҷумани нируҳои созанда”- и Додоҷони Атовуллоҳ , "Гурӯҳи – 24”, “Ватандор” ва теъдоди зиёди зиёиёни тоҷикистонии бурунмарзӣ ба нишасти мазкур бо вуҷуди даъватҳои такрор ба такрори наҳзатиҳо далели рӯшани ин ҳақиқат аст, ки ТТЭ ҲНИ ҳатто дар байни афроду ниҳодҳои мухолифандеши тоҷик низ ҳеҷ гуна обрӯву эътибор ва ҷойгоҳе надорад.
Чаро феълан ҳайати раҳбарӣ ва намояндагони ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар дар такя ба сарпарастони манфиатҷӯи бурунмарзиашон, ки аз рӯи таоруф худро бо мардуми тоҷик бародар мехонанд, моҷароҷӯӣ карда, такрори ҳодисаҳои солҳои 90 - уми асри гузаштаро дар Тоҷикистон талабгор ва умедворанд? Оё ин гуна пиндор ва рафтори бадхоҳонаи онҳоро нисбат ба Ватану ҳамватанон метавон мувофиқ ва мутобиқ ба ахлоқи исломӣ донист? Албатта не! Ҳақиқати ин масъала ошкор аст. Ин ҳақиқат, яъне номутобиқатии аъмоли ифротгароёнаву тундравонаи намояндагони ТТЭ ҲНИ ба меъёрҳои ахлоқи инсониву исломӣ, аз ҷумла барои худи муддаиёни наҳзатӣ ва хоҷагони хориҷиашон низ аён аст. Аммо барои ин муддаиён ҳақиқат муҳим нест, зеро онҳо аслан на дар паи ҳақиқат, балки дар паи манфиат мебошанд. Зеро онҳо худ абзори сиёсии дигаронанд ва дину мазҳаби худро низ сиёсӣ кардаанду ба абзори сиёсии дигарон табдил додаанд.
Хусрави ШЕРЗОД, таҳлилгари сиёсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2018    №: 227    Мутолиа карданд: 441
26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед