logo

ҳуқуқ

ВОЛИДАЙН АГАР МАСЪУЛИЯТШИНОС БОШАНД...

Оила барои ҳар як шахс муқаддасу шариф буда, мактабест, ки  муҳаббату адаб, ҳурмату эътимод, инсофу ҳақшиносӣ, садоқату    ғамхорӣ,  арҷгузорию  посдории арзишҳои волои инсониро  меомӯзад. Мусаллам аст, ки соири сифоти хуби инсонӣ  натиҷаи тарбият мебошад ва ин тарбия дар овони тифлию домони модар шурӯъ мешавад. Кӯдак дар ҳар амалу андеша  ба падару модари  худ тақлиду пайравӣ намуда, дунёро аз  равзаи нигоҳи волидону муҳити  хонавода  меомӯзад. Ҳакиме фармуда: «Кӯдакон масолеҳе ҳастанд, ки Худованд барои сохтани дунёи оянда ба ихтиёри мо мегузорад». Пас меъмори ояндаи дурахшону саодати ҳар фарзанд волидонанд. Тарбияи дурусти фарзанд яке аз рисолатҳои  муҳими инсон мебошад. Беҳуда нагуфтаанд, ки омили асосии ҷомеаи солим ин  оилаи солим маҳсуб мешавад.  Дар  раванди ташаккули   ҷисмонию  ақлонии ҳар шахс оила таъсири муҳим дорад. Муҳити меҳролудаву фазои созгор барои фаро гирифтани арзишҳои ахлоқию маънавӣ  ва  тарбияи  инсони комил нақши калидӣ дорад.
Маҳз муҳимияти ин масъала дар ҷомеа боис гардид, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул карда шавад. Қабули қонуни мазкур иқдоми саривақтӣ буда, аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле хуб пазироӣ гардид. Дар пайи татбиқи он мушоҳида мешавад, ки мушкилоти ҷойдошта, дар ин самт, аз қабили аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ нагузарондани  навзодон, номгузории нодуруст, фаро нагирифтани кӯдакон ба муассисаҳои таълимӣ, меҳнати иҷбории кӯдакон ва гаштугузори беҳудаву  ба марказҳои дилхушӣ ҷалб гардиданашон то андозае  коҳиш ёфта, ҳамкории волидайн бо муассисаҳои таълимӣ ҷоннок карда шудааст.     
Тибқи моддаи 6 - и ин қонун  падару модар новобаста  ба он, ки якҷоя  ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва уҳдадориҳои  баробар доранд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар моддаи 9 - и қонуни мазкур уҳдадориҳои падару модар дар таълими  фарзанд муайян  карда шуда,  тибқи талаботи ин модда  - падару модар уҳдадоранд, ки барои ба таълим фаро гирифтани фарзанд шароити мусоид фароҳам оварда,  ӯро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин намоянд.  Ин омил,  бешак, барои  инкишофи маънавии ҳар шахс  заминаи устувор  мебошад.  Инчунин, дар ҳамин модда омадааст, ки  риояи пӯшидани либоси мактабӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот аз ҷониби хонандагон  ҳатмист. Қабл аз қабули қонуни мазкур  дар муассисаҳои таълимӣ либоси ягонаи мактабӣ роиҷ набуд. Баъзе аз хонандагон,  махсусан толибаҳо,  ба  мактаб бо истифодаи ҷавоҳироту зару зевар ва либоси ғайримактабию ба фарҳанги мо бегона  ҳозир шуда,  байни ҳамсолони худ ин омилро то андозае ба шакли мӯд дароварда  буданд.  Ҳатто  волидайни худро  барои харидани либосҳои гаронарзиш  водор  мекарданд, ки ин боиси саргардонию мушкилоти оила мегардид. Бетарафӣ,  огаҳ набудани хонавода аз раванди хонишу вақтгузаронии фарзандон гоҳо онҳоро ба кӯи ҷиноят мебурд.  Боиси қаноатмандист, ки  бо  қабули ин қонун  масъулиятшиносии волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд   то ҳадде  боло рафт. Таваҷҷуҳи мунтазами хонавода ба ҷараёни  донишомӯзию таълими  хонандагон,  баргузории  ҷамъомадҳо бо иштироки падару модарон, таъсиси кумитаи волидон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз тадбирҳоест,  ки  барои татбиқи ҳадафи қонун мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, дар қонун моддаи алоҳидаест, ки уҳдадориҳои фарзанди  болиғу қобили меҳнатро дар нигоҳубин ва таъмини падару модар  муайян месозад.  Фарзанди ба камолрасида вазифадор аст, ки волидайни худро аз ҷиҳати  моддию маънавӣ  таъмин намуда, дар ҳар ҳолат дастгиру ғамхори онҳо бошад,  дар акси ҳол мутобиқи ин қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Эҳтирому гиромӣ доштани падару модар  яке аз рукнҳои асосии маърифати башарӣ ба ҳисоб рафта, бузургони тамоми қавму миллат  ин  нуктаро таъкид намудаанд:
Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз,
То азизи дигарон гардӣ ту низ.
Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» барои ҷомеаи кунунӣ  нақши басо муҳим дорад, махсусан имрӯз,  ки ҷомеаи ҷаҳониро  зуҳуроти номатлубе, чун ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ба ташвиш овардааст, тарбияи дурусти фарзанд ва масъулиятшиносии волидон дар таълиму тадриси онҳо  имкон медиҳад, ки фарзандонро аз гаравидан ба ҳар гуна ҳаракатҳои номатлуб пешгирӣ намоем. Зеро дар бештари маврид ба чунин ҳаракатҳо нафароне шомил мегарданд, ки аз таърих, тамаддуну фарҳанги худ бехабаранд, аркони динию мазҳабии худро намедонанд. Ҷавонони ноогоҳ ва дар   халои маънавӣ гирифтор ба зудӣ қурбони макру фиреби ин гуна равияҳои тундгаро мешаванд. Барои роҳ надодан ба ин падида мо – волидон мебояд фарзандони худро дар рӯҳияи одобу ахлоқ,  муҳаббату  дӯстдорӣ ва қадрдонию  арҷгузорӣ  ба арзишҳои муқаддас чун - Падару Модар, Миллату Меҳан ва дар маҷмӯъ,  Ҳаёт ва Инсон   тарбия намоем.
Ҳамчун як шаҳрванди ҷумҳурӣ бо шукргузорӣ аз фазои орому рушди рӯзафзуни кишвар итминон дорам, ки татбиқи ин қонун чун дигар ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ташаккули шахсияти комил, андӯхтани маърифати оиладорӣ ва бунёди ҷомеаи солиму созанда  мусоидат менамояд.
Иноят Саодат ИСМАТ, мутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана
ва ҷашну маросими  Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2018    №: 227    Мутолиа карданд: 437
26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед