logo

иқтисод

ШАРАФ. ҶОЕ, КИ МЕҲНАТ АСТ, ОБОДИСТ

Меҳнати софдилонаю созанда ҳамеша ба марди заҳматкаш рӯи сурху сари баланд меоварду аз обилаи кафи дастони ӯ водиҳо ободу гулпӯш ва зиндагии сокинон таровати дигар мегирифт. Имрӯз ҳам меҳнат шаъну шараф, осоиши рӯзгору сарсабзии диёр ва табъи болидаи тифлону модарон аст.
Мардуми сарбаланду заҳматкаши ноҳияи Ҷайҳун  ҳам бо азми дурусту саъйи комил ҳамарӯза бо сарварони чораандеши худ дар талоши онанд, ки мас-канашон ҳар чи бештар ободу зебо ва ҳаёташон рангинтару гуворотар бошад.
Тавре Фотеҳ Аминзода, раиси ноҳия, иброз намуд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳияи  Ҷайҳун фаъ-олияти худро  баҳри  пешрафти ҳаёти  иҷтимоию иқтисодӣ, баланд  бардоштани  ҳосилнокии  меҳнат,  таъмини  ҳимояи  ҳуқуқи  шаҳрвандон хуб ба роҳ монда, баҳри иҷрои нақшаҳои пешбинишуда кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Амалӣ гардондани вазифаҳои муайяннамудаи стратегияи сиёсати давлатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшидан ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ чун самтҳои афзалиятноки фаъ-олияти мақомоти маҳаллӣ қарор гирифта, оид ба амалисозии онҳо корҳои назаррас анҷом ёфта истодаанд.
Дар ноҳия 7 лоиҳаи самоягузории давлатӣ - «Барномаи фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ  ва инфрасохтори ҷамоавӣ марҳилаи 3», «Лоиҳаи минтақавии хатҳои интиқоли барқ», «Лоиҳаи таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим», «Лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот»,  “Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ”, “Барномаи мутобиқгардонӣ ва кам кардани оқибатҳои  тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал”, “Лоиҳаи тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ” амалӣ мешаванд, ки маблағи умумии онҳо 10,9 миллион долларро дар бар мегирад.
Корхонаҳои  саноатӣ  аз  рӯи  дурнамо ба  маблағи  75 миллиону 393,7 ҳазор сомонӣ  маҳсулот  истеҳсол  намуданд,  ки  он  назар  ба  ҳамин  давраи   соли гузашта 2  миллиону 593,5  ҳазор сомонӣ  зиёд  аст. 
Дар робита ба таъмини амнияти озуқаворӣ ба рушди соҳаи  кишоварзӣ диққати зарурӣ дода шуда, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ оид ба самаранок ва оқилона истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини корам корҳои муайян анҷом дода шуданд. Ҳоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар  майдони  7000 гектар  кишти  чигит  гузаронданд, ки 100 дарсади  нақшаро  ташкил  медиҳад. Ҳаҷми  маҳсулоти  истеҳсолкардаи   соҳаи  кишоварзии  ноҳия  ба 500 миллиону 482,2 ҳазор  сомонӣ  расонда  шуд,  ки  нисбат  ба  ҳамин  давраи   соли  пешина  31 миллиону 815,4 ҳазор   сомонӣ  зиёд  мебошад.  Дар  майдони 20  гектар  заминҳои    партов  ва  бекорхобида  боғҳои  нав  бунёд       гаштанд. 
Ташкили  ҷойҳои  нави корӣ, дастгирии бозори меҳнат ва ба он ҷалб намудани шумораи ҳар чи бештари бекорон дар маркази диққати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳия  қарор дорад. Аз  ҳисоби ба кор даровардани заминҳои бекорхобидаю  боир барои  бунёди боғҳои нав, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва рушди соҳибкорӣ 2328 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шуд.
Барои соҳаи маориф 22 миллиону 83,7 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар ин давра сохтмон, таъмир ва азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ба анҷом расида, дар 3 мактаб корҳои таъмирӣ идома доранд. Дар ноҳия 45  муассисаи таълимӣ мавҷуд аст, аз  он  42 - тоаш муассисаи таҳсилоти  миёнаи  умумӣ мебошад. Дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ хонандагони муассисаҳои таълимии мо соҳиби 3 медали тилло, 2 нуқра ва  2 биринҷӣ гаштанд.
Ба рушди соҳаи  нақлиёт  ва коммуникатсия диққати зарурӣ дода шуда, аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ ба маблағи 228 ҳазор сомонӣ 19 километр роҳ, 3 пул ба дарозии  36 метр аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда шуданд.
Соли 2018 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Теъдоди муайяни мардуми ноҳияи Ҷайҳун ба дӯхтани либосҳои миллии занона, аз ҷумла аз матои адрасу атлас, ҷомаҳои мардона, қолинбофӣ, тоқидӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, сабадбофӣ, кулолгарӣ, пухтани нон ва маҳсулоти нонӣ,  кандакорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ машғуланд ва ба ин васила, рӯзгори оилаи худро обод менамоянд.
Бо мақсади татбиқи самарабахши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, баҳри сазовор истиқбол намудани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия нақшаи чорабиниҳо тасдиқ шуда, корҳои созандагӣ дар авҷанд. Тибқи нақша дар маркази ноҳия ва миқёси 51 деҳа   сохтмони майдончаҳои варзиш бо майдонча барои бозии кӯдакон, кошонаи ҳусн, сартарошхона, ҳаммом,  бунгоҳи тиббӣ,  маркази саломатӣ оғоз гардида, бунёди онҳо идома дорад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми имкониятҳои мавҷударо барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардондани қисми даромади буҷет ва дар ин замина, сари вақт иҷро намудани уҳдадориҳои иҷтимоию вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ равона менамояд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Убайдулло МУРОД,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2018    №: 227    Мутолиа карданд: 3610
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед