logo

сиёсат

НБО "РОҒУН" - ШОҲКОРИИ АСР

Мавриди истифода қарор гирифтани чархаи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар таърихи 16 ноябри соли 2018 на танҳо барои сокинони кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки барои аксари мардумони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон рӯйдоди муҳиму таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Ин дастоварди муҳими даврони Истиқлолияти давлатиро, ки бевосита бо ташаббус, матонат, боварию эътимод ва хиради ояндабинии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста мебошад, дар он рӯзи таърихӣ мардуми олам аз шабакаҳои гуногуни телевизионӣ тамошо карда, ба неруи созандагии халқи тоҷик, аҳсант хонданд.
Ман аз забони Пешвои муаззами миллат ибораҳои «халқи бузургвори ман» ва «Тоҷикистони азизи ман» - ро шунида, вуҷудамро эҳсоси аҷибе фаро гирифт, зеро ин суханон, ки аз забони шахсияти аввали кишвар садо медоданд, нишони муҳаббат, самимияти саршор аз эътимоду боварӣ буд ва ҳаққо, ки ҳамин тавр низ ҳаст: имрӯз халқ ба Пешвои муаззами миллат ва Пешво ба халқи кишвар эътимод дорад. Ҳамин  боварию эътимод Тоҷикистони соҳибистиқлолро сол ба сол зеботару ободтар мегардонад. Гузашта аз ин, суханронии  самимии ноиби президенти  Бонки ҷаҳонӣ Мюллер ва намояндаи Ҳукумати Италия баёнгари ризоият ва қаноатманд гардидани онҳо аз ҳамкорӣ  дар заминаи бунёди ин неругоҳи муқтадиру беназир буд.
Тамоми расонаҳои хабарии ҷаҳон, коршиносону мутахассисони соҳавии кишварҳои дигар ин рӯйдоди муҳим ва санаи барои миллати тоҷик фаромӯшнопазирро дар сархати барнома ва андешаҳои хеш гузошта, ба ибораи нависанда ва публитсисти рус Александр Проханов бунёди ин тамаддунро «иншооти президентӣ» унвон карданд, ки комилан ҳақиқат дорад.
Мардуми сарбаланди тоҷик, ки бо азму иродаи қавию бемисли Пешвои муаззами худ ин "Кохи нур" - ро бунёд кард, бори дигар ба ҷаҳониён аз ҳувияти созандагии хеш паём дода, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари рӯ ба рушд муаррифӣ намуд. Ҳоло шодиву нишоти мардуми шарифи кишвар ҳадду канор надорад, чунки орзуи чандинсолаи хурду бузурги он дар симои иншооти аср – «Роғун» амалӣ гардид.
Тоҷибой СУЛТОНӢ, мудири шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2018    №: 227    Мутолиа карданд: 374
27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед