logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи корхонаи ресандагии «Спитамен-текстайлз», 29 ноябри соли 2009

Дӯстони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар ин лаҳзаҳо, ки мову шумо ба муносибати ифтитоҳи боз як натиҷаи раванди созандагиву бунёдкории Ватани азизамон – корхонаи муосири ресандагӣ ҷамъ омадаем, сокинони заҳматпешаи ноҳияи Спитаменро ба ифтихори ин рӯйдоди муҳим, инчунин бори дигар ба муносибати яке аз суннатҳои мубораки мардуми мусулмони мо – иди Қурбон табрику таҳният мегӯям.
Чунон ки шумо медонед, мо дар назди худ вазифа гузоштаем, ки дар солҳои наздик Тоҷикистонро аз кишвари содиркунандаи ашёи хом ба кишвари содиркунандаи молу маҳсулоти тайёр табдил диҳем. Бо ин мақсад рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати сабук ва коркарди маҳсулоти кишоварзиро самти афзалиятноки сиёсати давлат қарор дода, солҳои охир бунёди корхонаҳои нав ва барқарорсозии корхонаҳоеро, ки бо сабабҳои гуногун аз фаъолият бозмондаанд, суръат бахшида истодаем. Дар ин раванд коркарди пурраи нахи пахта ва аз он истеҳсол намудани маҳсулоти ниҳоӣ тадриҷан густариш ёфта истодааст.
Бо ин мақсад Ҳукумати мамлакат доир ба рушди саноати сабук барои солҳои 2006-2015 ва коркарди пурраи нахи пахтаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда дар давраи то соли 2015 ду барнома қабул карда, дар доираи онҳо амалӣ гардонидани як қатор тадбирҳои мушаххасро пешбинӣ намудааст, ки бунёди корхонаҳои ресандагиву бофандагӣ ва дӯзандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Мастчоҳ, Зафаробод, Спитамен, Фархор ва Ёвон аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Бунёди чунин корхонаҳои саноатӣ ба мо имкон медиҳад, ки дар баробари афзун гардонидани иқтидори истеҳсоливу содиротии кишвар барои аҳолии қобили меҳнат ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё созем. Зеро ин масъала, яъне бо шуғл фаро гирифтани теъдоди ҳарчи бештари одамон ҳоло яке аз мушкилоти ҷиддии Тоҷикистон мебошад. Илова ба ду барномаи зикршуда, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон то ба имрӯз доир ба густариши ислоҳоти соҳаи саноат як силсила тадбирҳо амалӣ гардида, дар самти рушди бахшҳои алоҳида, аз ҷумла истихроҷ ва коркарди сангу металлҳои қиматбаҳо, коркарди пурраи алюминийи аввалия низ қарору барномаҳои дахлдор қабул карда шуданд.  Дар натиҷа, танҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бо дарназардошти корхонаҳои фаъолияташон барқароршуда беш аз 90 корхонаи нав ба кор андохта шуд, ки ин барои бо ҷойи кор таъмин кардани даҳҳо ҳазор одамон имкон медиҳад.
Баробари ба фаъолият шурӯъ намудани навбати аввали корхонаи ресандагии имрӯза, ки бо технологияи муосир муҷаҳҳаз буда, дорои  иқтидори коркарди солонаи 3 ҳазор тонна нахи пахта мебошад, дар ноҳияи Спитамен 600 нафар мутахассис ва коргари маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Дар ояндаи наздик дар сурати пурра ба истифода додани он, яъне ба кор оғоз кардани сехҳои коркарди пахта, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ шумораи мутахассисону коргарони он ба 1400 нафар расонида хоҳад шуд.
Аз фурсат истифода бурда, ба муассисон ва мутахассисону сохтмончиён, инчунин ба ҳамаи онҳое, ки дар ташкил ва бунёди ин корхонаи нави замонавӣ саҳм гузоштаанд, арзи сипосу миннатдорӣ карда, ташаббусу иқдом ва заҳмати онҳоро дар шароити имрӯза амали воқеан ватандӯстона меҳисобам.
Таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳарчи бештар бо шуғл таъмин кардани шахсони бекор, хусусан дар шароити бӯҳрони шадиди молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон мебошад.  Маҳз бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин масъала дар Паёми имсолаи Президент ба Маҷлиси Олии кишвар Ҳукумат ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки худи ҳамин сол 180 ҳазор ва минбаъд ҳар сол сад ҳазорӣ ҷойҳои нави корӣ ташкил намоянд. Бинобар ин, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки корро ба хотири иҷрои ин супориш  пурзӯр намоянд. Итминон дорам, ки дар ин кори хайр соҳибкорони бонангу номус низ мисли ҳамеша фаъолона саҳм мегузоранд. 
Ҳозирини мӯҳтарам!
Таъкид бояд кард, ки бо вуҷуди тадбирҳои то имрӯз андешидашуда дар кишварамон коркарди пурраи нахи пахта ва аз он истеҳсол кардани маҳсулоти ниҳоӣ то ба ҳол дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Аз ин рӯ, қисми зиёди нахи пахтаи истеҳсолшаванда аз кишвар дар шакли ашёи хоми саноатӣ берун бурда мешавад, ки ин ба манфиати иқтисодии мо нест.
Ҳарчанд солҳои охир дар кишвар миқдори корхонаҳои саноати сабук зиёд гардида, шумораи умумии онҳо то имрӯз ба 165 адад расидааст, ҳиссаи соҳаи мазкур дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол ба сол кам шуда истодааст.
Масалан, нишондиҳандаи мазкур бо дарназардошти фаъолияти корхонаҳои пахтатозакунӣ дар панҷ соли охир якуним баробар кам гардида, аз 18 фоизи соли 2004 то ба 12 фоиз дар соли 2008 коҳиш ёфтааст. Ин нишондиҳанда дар соли 1991-ум ба 49 фоиз баробар буд. Бояд гуфт, ки соли 1991 дар кишвар танҳо се корхонаи истеҳсолӣ бо иқтидори умумии 28 ҳазор тонна калобаи пахтагин мавҷуд буд.
Дар давраи соҳибистиқлолии мамлакатамон корхонаҳои нави коркарди нахи пахта бунёд гардида, миқдори умумиашон ба 20 адад расонида шуд ва иқтидори истеҳсолии онҳо ба коркарди 59 ҳазор тонна нахи пахта баробар гардид. Яъне ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли 1991 беш аз ду маротиба зиёд шудааст. Аммо иқтидори истеҳсолии корхонаҳои мавҷуда ба таври кофӣ ва самаранок истифода бурда намешавад. Масалан, агар соли 1991-ум иқтидори солонаи истеҳсолии корхонаҳои мавҷуда 76 фоиз истифода шуда бошад, пас ин рақам соли гузашта ҳамагӣ 24 фоизро ташкил кардааст.
Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ бошад, иқтидори истеҳсолии солонаи корхонаҳои пахтатозакунӣ 22 фоиз, коркарди нахи пахта 11 фоиз ва имкониятҳои истеҳсоли матоъ ва бофандагӣ 23 фоиз истифода шудаанд, ки ин бисёр паст мебошад.
Чунин раванд дар дигар бахшҳои саноати сабук, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсоли шоҳиворӣ, пойафзолбарорӣ ва қолинҳо низ ба назар мерасад. Ҳарчанд дар зарфи панҷ соли охир дар кишвар истеҳсоли матои пахтагин 1,6 маротиба афзоиш ёфта, ҳаҷми умумии он ба 30 миллиону 700 ҳазор метри мураббаъ расидааст, ин рақам ҳамагӣ ба 31 фоизи нишондиҳандаи соли 1991-ум баробар мебошад. Чунин вазъ дар истеҳсоли дигар намудҳои маҳсулоти саноати сабук низ дида мешавад. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кешбофӣ ва пойафзол соли гузашта ним фоиз, қолинҳо ва маҳсулоти он 12 фоиз, маснуоти ҷӯроббофӣ 11 фоизи нишондиҳандаи соли 1991-ро ташкил кардааст. Бинобар ин, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе супориш дода мешавад, ки масъалаи самаранок истифода бурдани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои мавҷудаи соҳаро баррасӣ намуда, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои амалӣ андешанд. Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд ҳамагӣ 1800 тонна ва дар мамлакат шашуним ҳазор тонна нахи пахта коркард шудааст, ки ин нишондиҳандаҳо мутаносибан ба 6 ва 11 фоизи иқтидори солонаи истеҳсолии корхонаҳои мавҷуда баробар мебошанд.
Дар ин давра дар корхонаҳои вилоят ва мамлакат истеҳсоли матоъ мутаносибан 4 ва 22 миллион метри мураббаъро ташкил карда, нишондодҳои Барномаи давлатии коркарди пурраи нахи пахта оид ба истеҳсоли газворҳои пахтагӣ дар соли 2008-ум ба андозаи 78 фоиз ва дар 8 моҳи соли ҷорӣ дар ҳаҷми ҳамагӣ 40 фоиз таъмин гардидааст.
Мувофиқи барномаҳои зикршудаи давлатӣ солҳои охир мебоист дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод, Спитамен, Ёвон, Фархор, Кӯлоб, Ҷалолиддини Румӣ ва шаҳри Душанбе бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ  7 корхона бо иқтидори умумии солонаи коркарди 45 ҳазор тонна нахи пахта ба фаъолият шурӯъ мекард ва азнавсозии 3 корхонаи дигар бояд ба анҷом расонида мешуд. Вале то имрӯз се корхона, яъне корхонаҳои ресандагии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Фархор ва Спитамен ба истифода дода шуда, васл намудани таҷҳизоти ду корхона, сохтмони панҷ корхонаи нав ва барқарорсозии ду корхонаи мавҷуда идома дорад.
Дар робита ба ин, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои дахлдори онҳо вазифадоранд, ки бо мақсади татбиқи саривақтии барномаҳои рушди саноати сабук барои солҳои 2006-2015 ва коркарди пурраи нахи пахта дар давраи то соли 2015 дар хусуси бунёд кардан ва ба истифода супурдани корхонаҳои ресандагии ба нақша гирифташуда тадбирҳои иловагӣ андешанд. Ҳамзамон бо ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Хатлон якҷо бо дигар сохторҳои марбута зарур аст, ки масъалаи ба истифода додани корхонаҳои мазкурро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода, мӯҳлатҳои воқеии онҳоро аниқ муайян намоянд. Инчунин, ба Вазорати энергетика ва саноат супориш дода мешавад, ки ҷараёни корҳои сохтмони корхонаҳои навтаъсиси вилоятҳои Суғд ва Хатлонро мунтазам таҳлил намуда, аз натиҷаи онҳо ҳар семоҳа ба Ҳукумати Тоҷикистон ахбори муфассал манзур созад. 
Ҳукумат аз ҷониби худ бо мақсади ҳавасманд намудани сармоягузорон ва суръат бахшидан ба раванди сохтмони корхонаҳои нави коркарди нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ доир ба пардохтҳои гумрукӣ ва андоз ба муддати 12 сол имтиёзҳо муқаррар кардааст.
Илова бар ин, ба хотири боз ҳам беҳтар сохтани муҳити инвеститсионии кишвар ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ Барномаи беҳбудии фазои соҳибкорӣ, яъне 200 рӯзи ислоҳот қабул шудааст.
Ҳадафи асосии мо аз татбиқи ин барнома, пеш аз ҳама, ба манфиати иқтисоди кишвар равона намудани захираҳои мавҷуда, ҳарчи бештар истифода бурдани ашёи хоми маҳаллӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ мебошад.  Ҳамаи ин тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ба рушди устувори иқтисоди воқеии Тоҷикистон ва татбиқи самарабахши Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 нигаронида шудаанд. Ва ният дорем, ки бо амалӣ гаштани онҳо ва дигар барномаҳои давлатӣ солҳои наздик ба хеле беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон, ки яке аз ҳадафҳои муҳимтарини мо мебошад, муваффақ шавем.  Вале дар назар бояд дошт, ки дар шароити бӯҳрони фарогири молиявию иқтисодӣ, ки таъсири манфии он ба иқтисоди аксари кишварҳои олам, аз ҷумла иқтисоди миллии мо низ идома дорад, иҷрои ҳар гуна нақшаву барнома ба осонӣ муяссар намегардад. 
Аз ин лиҳоз, барои расидан ба ҳадафҳои неки муқаррарнамудаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон зарур аст, ки ҳар як роҳбар ва шахси масъул, ҳар як фарди худогоҳу бедордил ва ватандӯст, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номус манфиати халқу Ватани азизи худро аз дигар масъалаву манфиатҳо боло гузошта, ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ содиқонаву софдилона кору фаъолият намоянд ва дар раванди созандагиву бунёдкории Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд такроран хотиррасон месозам, ки назорат аз болои иҷрои саривақтӣ ва сифатноки нишондоду муқаррароти амру фармонҳои Президент, қарору фармоишҳои Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин барномаҳои давлатии қабулшуда вазифаи ҷонӣ ва ҳаррӯзаи онҳо мебошад. Зеро то кадом сатҳу андоза тараққӣ кардани давлат ва беҳтар шудани зиндагии мардум бевосита аз сатҳу сифати иҷрои санадҳои зикршуда вобастагӣ дорад.
Дар охир бори дигар ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ ва мардуми заҳматдӯсту меҳмоннавози Спитаменро ба муносибати ифтитоҳи корхонаи нав самимона табрик гуфта, ба муассисон ва кормандони муҳандисиву техникии коргоҳ барои дар мӯҳлати муқарраршуда омода кардани навбати дуюми он ғайрату ҳиммат ва барори кор орзумандам.
Саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 654

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед