logo

Хабарҳо

МАСТЧОҲ. Рӯ ба рушд

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияи Мастчоҳ сохтмони даҳҳо иншооти соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тавре Аҳмад Ҳасанов, роҳбари ёрии аввалияи тиббиву санитарии ноҳия, иттилоъ дод, ба истиқболи ин ҷашни пуршукӯҳ дар доираи лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ бо харҷи зиёда аз 2 миллион сомонӣ дар деҳаи Зарафшони Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ маркази саломатӣ бунёд ва муҷаҳҳаз гардонда шуд.
Ҳамзамон, дар деҳот сохтмони бинои иловагии маркази ташхисӣ-табобатии «Сино» босуръат ҷараён дорад. Ниёзмаҳмад Султонов, директори марказ, иброз дошт, ки марказ сеошёна буда, дар он таҳлилгоҳ, ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ ва ёрирасон бо 34 ҷойи истироҳативу табобатӣ ташкил хоҳанд шуд.
Дар Ҷамоати деҳоти Палдорак бошад, барои гузарондани бозии футболи хурд ва волейбол майдончаи варзиш ифтитоҳ ёфт.
Ба гуфтаи Саидҷаъфар Азизов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, майдонча бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш, бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Устосафар Олимов сохта шуд, ки дорои шароитҳои муосир мебошад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 737

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед