logo

ҳуқуқ

ИФТИХОРИ МАНУ МО

Парчами давлатӣ барои тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеа, бахусус насли ояндасози миллат бояд аз Парчами давлатии худ ифтихор намояд ва эҳтироми онро ҳамчун рамзи пойдории давлату миллат ба ҷо оварад. Зеро, ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эҳтирому арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа ва сарчашмаи ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ мебошад.
Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои давлат ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Дар таърихи тамаддун ва фарҳанги ғанию қадима, бунёди давлат ва давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле ҷолиб, рангин ва тӯлонӣ дошта, он дар асотир, бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори хаттии қадима, маъхазҳои таърихию адабӣ инъикос ёфтааст.
Парчам аз аҳди қадим барои тоҷикон рамзи иттиҳоду пирӯзӣ, ваҳдату ягонагӣ ва шуҷоату далерӣ будааст. Халқи тоҷик, ки дар замони Куруши Кабир соҳиби Эъломияи ҳуқуқи башар гашта буд, аввалин шуда дирафшро ба миён овард. Дар асри V то милод ба вожаи сермаънову тоҷикиасли дирафш куҳантарин муродиф парчам буд. Пас аз инқилоби октябр ба силсилаи муродифҳои парчам вожаи туркии байрақ ворид гашт. Дирафш ва парчам вожаҳои ноби тоҷикӣ буда, аз вожаҳои байрақ, алам, ливо бартарӣ доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон 20 ноябри соли 2009 бо тасвиби фармон рӯзи 24 - уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд. Баъдан, ба хотири мақому манзалати парчам дар рукни давлатдорӣ Сарвари давлат идеяи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Натиҷаи ҳамин буд, ки 30 - юми августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр  парафшон гардид.
Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихор дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории милливу истиқлолияти Ватан ва сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.
Раҳмиддин РАҲИМЗОДА,
Хуршед МАҲМАДЗОДА,
судяҳои суди ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2018    №: 228    Мутолиа карданд: 244

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед