logo

сиёсат

РАМЗИ ҚУДРАТУ ТАВОНОӢ

Ҳанӯз аз давраҳои бостон парчам рамзи давлат ва ифтихори ватандорӣ шинохта шудааст. Парчам дар раванди таърихи давлатдории тоҷикон мавқеи намоён дошта, ифодагари ҳадафу ҳиссиёти ифтихормандии миллат мебошад. Аз таърих маълум аст, ки рангҳои Парчами миллии тоҷикон чун дигар қавмҳои ориёинажод сурху сафеду сабз буд.
Дар  асоси муқаррароти моддаи 3  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар  баробари Нишон ва Суруди  миллӣ аз рамзҳои давлатӣ маҳсуб мешавад. Дар ҳамин асос эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ қарзи виҷдонии ҳар соҳибватан аст.
Қобили зикр аст, ки ҳанӯз 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ҳамчун рамзи Истиқлолияти давлатӣ шинохта шуд.
Бояд гуфт, ки  рамзҳо муқаддас мешаванд ва дар баробари ин, аломату рангҳое, ки дар Парчами давлатии Тоҷикистон интихоб шудаанд, ҳар кадоме мазмуну муҳтавои амиқ дорад, ки дар онҳо агар аз як тараф гузаштаи кишвари мо, яъне принсипи таърихият ба эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар меросбарии арзишҳои фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмӣ ифода ёфтаанд. Мо роҳи тӯлонии таърихро тавассути ҷоннисориҳои фарзандони  арҷманди диёр  тай кардем, ки ин маънӣ аз ранги сурхаш бармеояд. Ҷавҳари миллати  куҳанбунёди моро озодагӣ, маънавият ташкил медиҳад, ки  ин ишора ба ранги  сафеди парчам аст. Заҳмати созандаву ободкорӣ беҳтарин фазилати мардуми мост, ки ин ишора ба ранги сабзаш мебошад.
Ҳар як кишвар аз қадим нишонаҳои давлатдории худро дошту дорад, ки ин ҳамчун муқаддасот дар сохтори давлатдорӣ ба шумор меравад. Парчами миллӣ низ яке аз муқаддасотест, ки симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ ин пос доштан ва ҳимояи Ватан, хонаводаву фарзандон ва таъриху суннатҳои халқу кишвари худ аст.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2009 инҷониб 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон шуд. Минбаъд ҳамасола дар кишвар 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ таҷлил мегардад, ки нишона аз арҷгузорӣ ба гузаштаи хеш ва дар рӯҳияи  худшиносӣ тарбия кардани насли наврас аст.
Сокинони мамлакат ҳамасола Рӯзи Парчами давлатиро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ, шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил менамоянд ва ин ҷашни пурифтихорро сол ба сол шукӯҳи нав мебахшанд.
Хусрав ДАВЛАТЗОДА, муовини раиси суди ҳарбии
гарнизони Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2018    №: 228    Мутолиа карданд: 406
23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед